Please update your Flash Player to view content.
Танҳо паёмбаронанд, ки ҳаргиз пушаймон намешаванд, чун сухани онон сухани Худост ва Худованд ҳаргиз пушаймон намешавад. Илми онон аз илми Худост ва илми Худо маҳдудият ва ниҳоят надорад.
Анбиё (а) аз мардум ва бо мардум ва дар хидмати мардум буданд ва мисли мардум зиндагӣ мекарданд.
Дар кӯча ва бозор роҳ мерафтанд (Сураи Фурқон, ояти 20) ва ҳар дастуре медоданд, аввал худашон ба он амал мекарданд.
Дар миёни мардум содиқ ва амин буданд ва барои ҳидояти мардум ҷонфишонӣ мекарданд. (Сураи Тавба, ояти 128; Сураи Шуаро, ояти 3)
Мардумро бародари худ медонистанд (Сураи Шуаро, ояти 124) ва иҷозат намедоданд, ки касе дар ситоиши онон чоплусӣ кунад.
Худашонро дар зиндагии рӯзмарра башаре мисли ҳамаи мардум медонистанд. (Сураи Каҳф, ояти 110)
Тамоми анбиё (а) як ҳадаф ва як маъмурият доштанд ва он даъвати мардум ба худопарастӣ ва дур кардани мардум аз итоати ситамгарон, хурофот ва бардоштан одобу русуме буд, ки бо ақл созгор нест. Худованд мефармояд: Мо дар ҳар уммате расуле барангехтем, ки «Худои якторо бипарастед ва аз тоғут парҳез кунед! » (Сураи Наҳл, ояти 36)
Тамоми анбиё (а) мардумро ба ибодат ва намоз супориш мекарданд. Қуръон аз қавли ҳазрати Иброҳим (а) мегӯяд: «Парвардигоро, ман фарзандонамро ба сарзамине, ки қобили кишт нест, дар канори хонаи муҳтарами ту (Каъба) овардаам, то намоз барпо доранд.» (Сураи Иброҳим, ояти 37)
Худованд ба ҳазрати Мӯсо (а) мефармояд: Намозро барои ёди ман барпо дор. (Сураи Тоҳо, ояти 14)
Ҳазрати Исо (а) мегӯяд: Худованд маро ба намоз супориш кардааст. (Сураи Марям, ояти 32)
Пас яке аз барномаҳои ҳамаи анбиё(а) даъвати мардум ба бандагии Худо аз роҳи намоз будааст.
Агар Худованд инсонро бе паёмбар ба ҳоли худ раҳо кунад, ҳар инсоне бо салиқа ва миқдори илми худ роҳеро интихоб мекунад. Дар он роҳ хаёлҳо, васвасаҳо ва фишорҳои ситамгарон ҳар рӯз ӯро ба сӯе мекашонад. Ҳар рӯз инсон роҳе меравад ва фардои он рӯз пушаймон мешавад. Имрӯз бо яке дӯст мешавад ва фардо бо ӯ қаҳр мекунад. Имрӯз як роҳро беҳтарин медонад ва фардо роҳи дигарро. Бинобар ин ҳаргиз Худованд инсонро ингуна ба ҳоли худ раҳо намекунад.
Худованд дар Қуръон мефармояд: Онон, ки гуфтанд Худо чизе нозил накарда ва паёмбаре нафиристодааст, дар ҳақиқат Худоро ончунон, ки бояд нашинохтаанд. (Сураи Анъом, ояти 91)
Магар мешавад Худованд инсонро, ки беҳтарин мавҷудоти ҳастӣ аст, ба ҳоли худ раҳо кунад ва барои ӯ роҳнамои маъсум ва пок аз гуноҳу хато нафиристад? Ҳаргиз чунин нест.
Худованд дар Қуръон мефармояд: Мо ҳидояти мардумро бар худ воҷиб кардаем. (Сураи Лайл, ояти 12)
Кӯтоҳ сухан он ки инсон барҷастатарин мавҷуди ҳастӣ аст; Яъне аз ҷимодот (мисли санг) ва наботот ( мисли дарахт) ва ҳайвонот (мисли гов) барҷастатар ва ҳама чиз барои истифодаи ӯ офарида шудааст.

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти