Please update your Flash Player to view content.
Он чи муҳим аст бидонем, ки адолат ҳама ҷо ба маънои баробарӣ нест.
Муаллим одил касе нест, ки ба ҳамаи шогирдонаш баҳои яксон бидиҳад, балки муаллиме одил аст, ки ҳаққи ҳар шогирдро бидиҳад.
Пизишки одил касе нест, ки ба ҳамаи беморон як нусха ва дору бидиҳад, балки пизишке одил аст, ки ба ҳар бемор доруи муносиби ӯро бидиҳад.
Худованд одил ва ҳаким аст, яъне адолати ӯ бар асоси ҳикматаш аст.
Адолати Худо яъне Худованд ҳаққи ҳеҷ мавҷудеро поймол намекунад. Бигузарем, ки ҳеҷ мавҷуде аз оғоз ҳаққе бар Худо надорад то поймол шавад. Мо дар гузашта набудем ва аз худ чизе надоштем то агар аз мо гирифта шуд, ба мо зулм шуда бошад.
Ба ин мисол диққат кунед: Дар хатти форсӣ дар калимаи " ادب" (адаб) ҳарфи «алиф» истода «дол» хамида ва «б» хобидааст.
Оё агар ин ҳарфҳо ақлу шуъур доштанд, ҳаққи шикоят аз нависандаро доштанд?
Оё «алиф» ҳақ дошт бигӯяд, ки чаро маро истода нигаҳ доштӣ ё дол бигӯяд, ки чаро миёни маро хам кардӣ ё «б» бигӯяд, ки чаро маро хобондӣ. Ҳаргиз! Чун ин ҳарфҳо қаблан набудаанд ва аз мо чизе талаб надоштаанд.
Нависандаи оқил бо ҳадафи равшан, ин се ҳарфро дар канори ҳам гузоштааст ва бо диққат ба ин ки ҳар ҳарфе садои хоссе дорад, ки таркиби ин садоҳо адаб мешавад.
Дар офариниш ҳам яке ҷамод, яке набот, яке ҳайвон ва яке инсон аст ва ҳар чаҳор даста садҳо намуна ва шаклу рангу асари хоссе доранд. Худои ҳакиму доно ин офаридаҳоро офарид ва барои ҳадафи бузург дар канори ҳам гузошт (мисли ҳарфҳои калимаи «адаб») ва чун ҳеҷ кадом аз пеш вуҷуд надоштанд, ҳаққи эътироз ва шикоят надоранд.
Агар гилеми бузургеро бо қайчӣ тикка-тикка кунем ба гилем ва соҳиби он зулм шудааст, чун ин гилем аз худ бузургӣ дошт, вале агар гилембофӣ аз аввал гилеми майда бофт, зулме нашудааст, зеро ин гилемча аз худ бузургӣ надошта то бузургии ӯро гирифта бошем.
Ба илова зулм дар сурате аст, ки мо аз гилеми бузург ва кӯчак интизори яксон дошта бошем, вале агар аз ҳар чизе ба миқдори худаш умед доштем, зулме сурат нагирифтааст.
Масалан агар ба шахсе ҳазор сомонӣ ва ба дигаре даҳ ҳазор сомонӣ додем ва гуфтем, ки шикар бихаранд ва ин ду нафар ончи доштанд шакар хариданд. Дар ин ҷо подоши ҳар ду яксон аст, зеро ҳар ду ба вазифа яксон амал кардаанд. Агар касе нисбат ба дигаре шакари камтаре овард, кутоҳӣ ва гуноҳе надошта, чун пули ӯ камтар будааст.
Пас маънои адолати Худованд он нест, ки ҳамаи инсонҳо мисли донаи гугирд ё қолаби собун яксон бошанд, балки ҳамин ки Худованд чизҳои гуногун халқ кунад, вале аз ҳар кадом интизори муносибе дошта бошад, одил аст. Ҳамонгуна ки дар мисоли калимаи «адаб» ва хариди шакар ва гилем баён кардем.
Ҳар кас тавон ва баҳраи бештаре дорад, масъулияти бештаре низ дорад. Ҳамонгуна ки агар дар мошин бензини бештаре рехтем, аз ӯ паймудани роҳи бештар ё бурдани бори бештареро интизор дорем.
Худованд тамоми мавҷудотро бо фарқҳои ҳакимона офарида ва барои ҳар мавҷуде роҳи муносиб барои расидан ба камол қарор додааст. Ӯ барои ҳар фармон подош ё кайфаре, ки медиҳад, миёни нажоде бо нажоди дигар ё уммате бо уммати дигар ё фарде бо фарди дигар ҳеҷ табъизе қарор надодааст.
Ҳар муҳандисе дар сохтмон оҳани ошёнаҳои поинро ғафстару мустаҳкамтар мегузорад, вале ин зулм нест.
Ҳар муаллиме бар асоси маҳорат ва посухи шогирдон, баҳои гуногун медиҳад, вале ин зулм нест.
Дар корхонаи мошинсозӣ ҳам печу муҳраи кӯчак сохта мешавад ҳам чархи бузург ва аз ҳар кадом интизоре аст, вале ҳеҷ кас масъули корхонаро золим намедонад.
Фарқҳое, ки дар ҳастӣ мебинем, нишонаи қудрати Худост, чунонки Худованд дар Қуръони Карим мефармояд: وَ مِنْ آیاتِهِ خَلْقُ السَّماواتِ وَ الْأَرْضِ وَ اخْتِلافُ أَلْسِنَتِكُمْ وَ أَلْوانِكُم‏ Ва аз нишонаҳои ӯ офариниши осмонҳо ва замин ва фарқи забонҳо ва рангҳои шумост‏. Сураи Рум, ояти 22)

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти