Please update your Flash Player to view content.
Тамоми офаридаҳо нишонаи қудрати Худост.
Кӯҳу дашту дарё дар замин, хуршеду моҳу ситорагон дар осмон, аммо баъзе аз офаридаҳо сифатҳои хоссе доранд.
Худованд, ки инсонро офарид, чашми ӯро аз пиҳ ва гӯши ӯро аз устухони нарм ва забони ӯро аз гӯшт сохт.
Чӣ қудрате метавонад аз пиҳ биноӣ ва аз устухон шунавоӣ ва аз гӯшт сухан гуфтан биёфаринад?
Бисёре аз сохтаҳои башар, пас аз чанд сол аз кор меафтад, вале аъзои бадани инсон як умр кор мекунад.
То имрӯз миллиардҳо инсон ба дунё омадааст, вале чеҳра ва хатҳои сарангушти ҳатто ду нафар якхел нест, дар ҳоле ки ҳар ҳунарманде беш аз чанд намуна, қудрати ҳунарнамоиӣ надорад!
Инсон аз хок ҷуз хишти хому пухта ва кафел ва чанд намунаи дигар наметавонад бисозад, вале Худованд аз ҳамин хок дар як боғ, ҳам меваи ширин мисли хурмо ва тут, ҳам меваи турш мисл лимон ва ҳам туршу ширин мисли анор, ки аз назари рангу ҳаҷму шакл гуногун ва ҷаззоб ҳастанд ба вуҷуд меоварад.
Дар Қуръони Карим мехонем: «Дар замин қитъаҳое дар канори ҳам ҳастанд ва боғҳое аз анвои ангур ва киштзору дарахти хурмо (бо меваҳои) ҳамонанд ва ғайри ҳамонанд, ки ҳама бо як об обёрӣ мешаванд ва баъзе меваҳоро дар хӯрдан бар баъзе бартарӣ додем. Дар ҳақиқат дар ин (таъму рангу маззаи гуногуни меваҳо) нишонаҳое аз қудрати Худованд аст барои касоне, ки меандешанд.» (Раъд/4)
Оре, бархе афрод меваро барои пур кардани шикам мехоҳанд, вале хирадмандон бо дидан ин ҳама зебоӣ ва шигифтӣ, рӯҳи имони худро тақвият мекунанд ва қудрати Худоро дар он мебинанд, зеро аз як обу хок, наметавон беш аз як таъму рангу мазза интизор дошт, вале қудрати Худованд ба гунае аст, ки анвои маззаҳо, рангҳо, таъмҳо ва шаклҳоро аз он берун меоварад.
Худованд ҳаким аст, яъне ҳамаи корҳои ӯ ба ҷо, дуруст ва ҳадафдор аст ва кори беҳуда намекунад. Ҳатто дар мавориде, ки ба назари мо талху ногувор аст, далеле вуҷуд дорад. Масалан агар инсон дард ва бемориро эҳсос намекард, якбора ва якдафъа вуҷуди ӯ аз кор меафтод, вале дардҳо мисли чароғ ва садое аст, ки аломат ва нишонаи навъе хатар аст.
Дардҳо ва бемориҳо афродеро ба сӯроғи кашф доруҳо ва пешрафтҳои илмӣ пеш мабаранд ва бо дарду беморӣ инсон қадри саломатиро ҳис мекунад.
Дардҳо эҳсосоту меҳри хешу таборро нисбат ба инсон латиф мекунад.
Бемориҳо такаббур ва ғурури инсонро поин меорад ва робитаашро бо Худованд зиёд мекунад ва дигаронро ба фикри қадрдонӣ аз саломати худро мекашонад.
Як бори дигар диққат кунед, ки тамоми корҳои Худованд дар ҷои худ олимона ва ҳадафдор аст ва саломатӣ ва бемориро дар ҷиҳати рушди мо қарор додааст.
Агар саломатӣ кор ва маҳсулро бештар мекунад, беморӣ меҳру раҳмро.
Агар саломатӣ василаи рушд аст, бемори василаи наздикӣ ба Худост.
Оре, Худованд қудрат дорад, аммо маънои қудрати ӯ ин нест, ки ҳар чиро мо меписандем ва ё мехоҳем, анҷом диҳад, балки ӯ қудраташро дар ҷое ба кор мебарад, ки олимона ва ҳакимона бошад.
Шумо метавонед, ки пироҳани худро пора кунед, аммо ин корро намекунед. Худованд қудрат дорад, ки бе дарс хондан касеро донишманд кунад ва бе заҳмати кишоварзӣ, маҳсулотро ба вуҷуд оварад ва бе пизишку дору беморро шифо диҳад, аммо ин корро намекунад чун ҳакимона нест, чун сабаби рукуди фикрҳо, талошҳо ва равобит мешавад. Албатта намунаҳое анҷом дода мисли Худованд ба Паёмбари Ислом (с), ки дарс нахонда ва хат нанавишта буд, чунон илму ҳикмат омухт, ки масъалаомӯзи ҳамаи башар шуд ва ба Бани Исроил дар биёбони беобу алаф мурғи бирён ва асал ва 12 чашма об дод.

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти