Ба худам нигоҳ мекунам. Мебинам, ки худам худамро наёфаридаам. Пас офаринанда ва холиқе дорам.
Офаринандаи ман бояд доно ва тавоно бошад. Маро дӯст дошта бошад. Ҳамаи ниёзҳои маро бидонад ва битавонад онро таъмин кунад.
Ӯ холиқу офаринандаи ман Худои меҳрубон аст.
Ҳар навзоде, ки ба дунё меояд аввалин чизе, ки ниёз дорад хӯрок аст, аммо касеро намешиносад ва ҳеҷ коре ҳам наметавонад бикунад.
Агар ҳамаи мутахассисҳо ҷамъ шаванд ва бихоҳанд роҳе барои хӯрок хӯрдани ӯ муайян кунанд, чӣ кор мекунанд? Хӯрок чӣ бошад? Чӣ маводеро дошта бошад? Кӣ онро омода кунад? Чигуна ба навзод дода шавад?
Навзод фақат як кор мекунад ва он макидан аст. На метавонад луқмаро бихояд ва на пуф кунад.
Чӣ касе меҳрубонтар аз модар ва чӣ хӯроке беҳтар аз шири модар?
Навзод зери назари модар хӯрок мехӯрад то модар аз ӯ муҳофизат кунад ва хӯрокаш бо шираи ҷон ва меҳру муҳаббат ва бо зарабони қалбаш бошад. Хӯроки ӯ пеш аз ин ки биёяд омода шудааст. Ҳамеша омода аст. Ниёзе ба сард ё гарм кардан надорад.
Агар ин ҳама неъмат набуд чӣ мешуд?
Агар модар шир надошт.
Агар ҳамаи ниёзи хӯрокии навзод дар шири модар намебуд.
Агар меҳри модар кам буд ва масъулияти нигаҳдории навзодро қабул намекард.
Агар навзод ба ҷои макидан пуф мекард.
Агар наметавонист гуруснагии худро бо гиря бифаҳмонад.
Кадом илму қудрат метавонист ин ниёзҳоро бишиносад ва дақиқ онҳоро таъмин кунад?
Худованд ба ҳазрати Мӯсо (а) фармуд: Коре кун, ки бандагони ман маро дӯст бидоранд.
Ҳазрати Мӯсо гуфт: Чигуна?
Худои меҳрубон фармуд: Неъматҳои маро ба онҳо бигӯ ва ба ёдашон биёр.
Худои меҳрубон дар бораи аҳамияти шири модар барои навзодон мефармояд: Модарон ду соли тамом ба фарзандони худ шир диҳанд. (Сураи Бақара, ояти 233)
Расули Худо ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) фармуд: Беҳтарин ғизо барои кӯдак шири модар аст. (Уюни ахбори Ризо, ҷ.2, саҳ.34)
Олимони динӣ мегӯянд: Агар рӯза гирифтани модар ба навзоди ширхор зиён расонад рӯза барои модар лозим нест, зер хӯрок додани тифл муҳимтар аз рӯзаи фарзи моҳи Рамазон аст.
Худоё, на ман медонистам, ки чӣ ниёз дорам ва на падару модарам аз хӯроки муфид ва лозими ман хабар доштанд.
Пеш аз ин ки ба дунё биёям пистони модарамро пур аз шир ва дилашро пур аз меҳр кардӣ ва харҷи зиндагияшро аз роҳи талош ва даромади падар таъмин намудӣ.
Беҳтарин ва муносибтарин хӯрокро ба ман додӣ то аз содатарин роҳ ниёзамро таъмин
Кунам ва дар макидан навъе варзиш қарор додӣ.
Худоё, туро ба хотири ин ҳама неъмат ва лутф сипос мегӯям.
Маро ёрӣ кун то аз неъматҳоят ба хубӣ баҳра барам ва туро фаромӯш накунам.
Маро ёрӣ кун то ба модару падарам некӣ кунам ва қадри ин неъматҳои гаронбаҳоятро бидонам ва ҳамонгуна ки ту бароям худои хубе будӣ ман ҳам бандаи хуби ту ва фарзанди хуби падару модарам бошам.
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст