Please update your Flash Player to view content.
Мумкин аст борҳо аз худ пурсидаем, ки касоне, ки аз дини Худо, ки ҳақ аст пайравӣ намекунанд чӣ дин доранд? Оё ба саодати ҳақиқӣ мерасанд? Медонанд ё намедонанд, ки дини Худо чист?
Биёед ҳарчанд гузаро ба ҷавоби ин саволҳо ошно шавем!
Касоне, ки аз дини Худо, ки ҳақ аст пайравӣ намекунанд ду роҳ бештар надоранд:
1. Ё бар асоси фаҳму салиқаи худ амал мекунанд ва дер ё зуд пушаймон мешаванд.
2. Ё ба қонунҳои инсонӣ такя мекунанд, ки аз фикри инсонҳои маҳдуд ё касоне аст, ки зери нуфузи ҳавасҳои худ ё ҳавасҳои ситамгарон ҳастанд.
Агар ақли мо мегӯяд, ки наметавонӣ аз фикру хостаҳои худат пайравӣ кунӣ, чунки хато, фаромӯш мекунӣ ва хеле аз чизҳоро намедонӣ пас ба чӣ далел аз фикру хостаи дигарон, ки мисли ман ҳастанд ва ҳар кадом ба фикри фоида дидан ва зарар накардани худ ҳастанд пайравӣ кунам?
Имрӯз муҳимтарин маҳалли таъмини ҳуқуқи инсонҳо Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид (СММ) аст, вале панҷ кишвар (Амрико, Русия, Англис, Чин ва Фаронса) барои худ золимона ҳаққи вето қоил ҳастанд. Яъне агар намояндагони тамоми кишварҳои дунё тасмиме бигиранд, вале яке аз онҳо ё нахоҳад якҷониба метавонад онро бекор кунад. Номи ин шӯро амнияти байналмилал аст, вале дар амал дар хидмати амнияти зӯргӯёни олам аст. Ин ҳақиқати ҳуқуқи башар дар замони мо аст.
Пас роҳи наҷот чист?
Қуръони Карим мефармояд: Қонунгузорӣ фақат ҳаққи Худо аст ва ҳатто Расули Худо ҳақ надорад калимае аз худ ба он нисбат диҳад ё илова кунад. Агар чунин кунад Худо раги гардан ва ҳаёти ӯро мебурад. (Сураи Ҳоққа, оёти 44-46)
Чаро тобеи қонуни Худо бошем?
Ҳамонгуна ки бемор барои ба даст овардани саломатӣ худро таслими дастурот ва назари табиб мекунад ва ё мо мошини худро барои таъмир дар ихтиёри механик ва усто мегузорем бояд барои хушбахтӣ ва расидан ба содат худро дар ихтиёри фармонҳо ва хостаи Худои донои тавоно ва соҳиби ҳамаи ҳастӣ бигузорем.
Худо ҳазорон-ҳазор баробар аз табибу механик ва ҳуқуқшинос огоҳтар ва ба инсон меҳрубонтар ва асосан офаринандаи худи инсон ва фикру ҳунари ӯ аст. Танҳо ӯ медонад, ки инсон чӣ мавҷуде аст ва чӣ чизе ба фоидаи ӯ аст ва Худо онро фарз, воҷиб ё суннату мустаҳаб карда ё чӣ чизе ба зарари ӯ аст, ки Худо онро ҳаром ё макрӯҳ кардааст.
Худои меҳрубони доно барои зиндагии инсон ва саодати ӯ барнома ва китоб фиристодааст ва дасти башарро дар дасти паёмбарон ва пешвоёни поки шоиста ва олимони одил гузоштааст. То ҳам бо қонун ва фармони Худо ошно шаванд ва ҳам чигуна амал кардан ба онро биёмӯзанд ва саволҳои худро аз онон бипурсанд ва шубаҳаҳояшонро бартараф кунанд ва аз саргардонӣ наҷот ёбанд.
Қуръони Карим динеро комил медонад, ки илова бар дастурот ва қонуни хуб раҳбарии инсонҳоро ба фарде бисупорад, ки ҳамаи камолотро дошта бошад. Ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) расули Худо ва муаллими ҳамаи инсонҳо барои расидан ба саодат аст ва баъд аз худ ҳам раҳбарони шоистаро, ки 12 нафар ҳастанд ба уммати мусулмон баён кард ва олимон одил ва ҳақиқиро ворисон паёмбар эълон намуд. Мо вазифа дорем, ки пешвоёне, ки Худо ба воситаи Паёмбари Аъзам (с) ба мо гуфта ва аз пайравӣ кардани онҳо розӣ мешавад бишиносем то роҳро дуруст биравем.

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти