Мумкин аст борҳо аз худ пурсидаем, ки дин чист? Оё мешавад бе дин буд? Оё дин ҳақ ва ноҳақ мешавад? Дини ҳақ чӣ нишонаҳое дорад?
Биёед ҳарчанд гузаро ба ҷавоби ин саволҳо ошно шавем!
Дин ба маънои фикру ақида ва роҳу равиш аст, ки мумкин аст ҳақ бошад ва мумкин аст ботилу ноҳақ бошад. Қуръони Карим аз забони Расули Худо (с) ба бутпарастон мефармояд: لَکُم دِینُکُم وَ لِیَ دِینِ "Барои шумо динатон ва барои ман динам". (Сураи Кофирун, ояти 6)
Пас дини ҳар кас роҳу равиш ва расму одоб дар зиндагияш аст. Муҳим ин аст, ки дин ва роҳи ҳақ дошта бошем.
Нишонаҳои дини ҳақ
Дини ҳақ нишонаҳое дорад, ки бояд онҳоро бидонем ва пайрави он бошем, мисли
1. Дини ҳақ бо ақлу илм созгор аст. Ақлу илми одам онро мепазирад.
Бутпарастон муҷассамаҳое аз сангу чуб бо дастони худ метарошиданд ва баъд онҳоро мепарастиданд. Қуръони Карим аз забони ҳазрати Иброҳим (а) ба бутпарастон мегӯяд: أ تَعبُدُونَ ما تَنحِتُونَ Оё чизеро мепарастед, ки худ сохта ва тарошидаед? (Сураи Соффот, ояти 95) Яъне ин кори шумо хилофи ақл аст ва ақл онро намепазирад. Оё мешавад сангу чуберо, ки мо тарошидем худои мо бошад ва ба мо суд ё зиён расонад?
Мумкин аст роҳи каҷ ва ноҳақро гузаштагон ва ниёкони мо рафта бошанд, вале ақл мегӯяд, ки ин гумроҳӣ аст ва мо набояд онро биравем. Қуръони Карим мефармояд: Вақте бутпарастон даъват мешаванд, ки пайрави он чӣ Худо фиристодааст бошед - وَإِذَا قِيلَ لَهُمُ اتَّبِعُواْ مَآ أَنْزَلَ اللَّهُ Мегӯянд: (Не) балки мо аз ончӣ падарон (ва ниёгон)-и худро бар он ёфтем пайравӣ ме‏намоем. قَالُواْ بَلْ نَتَّبِعُ مَآ أَلْفَيْنَا عَلَيْهِ ءَابَآءَنآХудо онҳоро сарзаниш мекунад, ки агар онҳо аз рӯи беақлӣ ё нодонӣ роҳи ноҳақро интихоб ва амал карда бошанд оё боз ҳам шумо аз онҳо пайравӣ мекунед? أَوَلَوْ كَانَ ءَابَآؤُهُمْ لَا يَعْقِلُونَ شَيْئاً وَلَا يَهْتَدُونَ‏ (Сураи Бақара, ояти 170) Пас ақлу илми шумо куҷо шуд?
2. Дини ҳақ бояд аз тарафи офаридагор бошад на дигарон.
3. Ҳар чизи муҳим, ки сохта мешавад ва ба бозор меояд маъмулан дафтарчаи роҳнамо дорад, ки равиши ба кор бурдани онро баён мекунад. Ин дафтарчаи роҳнаморо касе менависад, ки нақшаи он чизро кашида ва сохтааст, чунки медонад, ки чигуна бояд истифода шавад. Инсон ҳам офаридаи Худост. Ӯ бояд дафтарчаи роҳнамо ва барномаи зиндагии моро баён кунад, чунки моро офаридааст ва ниёзҳои ҳақиқии моро медонад ва метавонад ниёзҳои моро таъмин ва мушкилоти моро бартараф кунад ва моро ба саодат расонад. Дафтарчаи роҳнамои инсон китоби осмонӣ –Қуръони Карим- аст.
4. Дини ҳақ он аст, ки барои тамоми ниёзҳои –ҷисму рӯҳ, дунёву охират ва шахсиву иҷтимоӣ-и инсон барнома дошта бошад.
5. Дини ҳақ он аст, ки амал ба он сабаби рушду бартарии инсон бошад ва гузаштани замон онро куҳна накунад ва барномаҳояш ҳамеша ҷаззоб ва зинда бошад.
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст