Моҳи меҳмонии пур хайру баракати Рамазон барои меҳмонони Худои меҳрубон муборак бод!

Парвардигоро, моҳи шарифи Рамазонро, ки барои мо насиб гардондӣ ва моро меҳмони худ кардӣ фурсати
зиёд шудани имону ҳидоят ва наздикӣ ба худат,
тиловати Қуръон,
дуову муноҷоту эҳсон,
раҳоӣ аз оташи дӯзах ва даромадан ба биҳишт аз дари Райён,
раҳм кардан бар ятимону ниёзмандон,
некӣ ва эҳсон ба падарону модарон,
қабулии тавбаи гунаҳкорон,
қабулии ибодату итоат ва дуои хайри бандагон,
шифо ёфтани беморон,
наҷоти асирону зиндониёни аҳли имон,
адои қарзи қарздорон,
ҳамсардор шудани ҷавонон ва беҳамсарон,
фарзанддор шудани бефарзандон,
солиму солеҳ шудани насли мусулмонон,
амнияти ноамнон,
сер шудани гуруснагон ва сероб шудани ташнагон,
бехатар шудани сафари мусофирон,
солим баргаштани ғарибон,
шодии арвоҳи гузаштагон,
саломатӣ ва саодати зиндагон,
покдоманиву ҳаёи занону мардон,
пирӯзии ҳақ ва мусулмонон,
нобудии золимону мустакбирон,
хушбахтӣ ба ҳар хонадон,
баракат бар дастархон,
қабулии рӯзаи рӯзадорон,
баҳрамандӣ аз хайру баракат ва раҳмату мағфирати моҳи Рамазон ва
дуруди фаровонат бар Муҳаммаду Оли Муҳаммад гулҳои сарсабади ҳидояту имон
бигардон!
Омин!
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст