Please update your Flash Player to view content.

Паёмбарони Худо (а) ба ҳукми ин ки такягоҳи худоӣ доранд ва ҳаргиз фаромӯш намекунанд, ки рисолате аз тарафи Худованд ба ӯҳдаи онҳо гузошта шудааст ва кори ӯро анҷом медиҳанд, дар анҷоми вазифаи худ нияти холиси комил доранд. Онҳо ҳеҷ ҳадаф ва қасде ҷуз ҳидояти инсонҳо, ки Худо мехоҳад надоранд. Бино бар ин ҳеҷ музду аҷре аз мардум барои ин корашон намехоҳанд.
Қуръони Карим дар сураи Шуаро ба сурати хулоса гуфтори бисёре аз Паёмбарони Худо(а)-ро бо қавмашон нақл кардааст. Ҳар паёмбаре бо дар назар гирифтани мушкилоте, ки дар роҳи рисолати худ медидааст паёми хоссе барои қавмаш доштааст, вале дар як паём муштарак ҳастанд, ки ман аз шумо ҳеҷ аҷру музде дархост намекунем. Аз ин рӯ ихлос яке аз хусусиятҳои паёмбарӣ аст. Ба ҳамин хотир Паёмбарони Худо ҳамеша паёми худро бо қотеияти беназир баён кардаанд. Онҳо ба далели ин ки худро барангехта ва фиристодаи Худо медонанд ва дар рисолат ва зарурат ва судманд будани он ҳеҷ шакку тардид надоранд паёми худро чунон қотеъ ва ҷиддӣ таблиғ ва аз он дифоъ мекунанд, ки монанд надорад.
Ҳазрати Мӯсо ибни Имрон бо бародараш Ҳорун (а), дар ҳоле ки ҷомаҳои пашмина бар тан ва назарногир ва асои чубин ба даст доранд пеши Фиръавн рафтанд. Онҳо Фиръавнро ба пазириши ҳақ даъват карданд ва қотеъ ва ҷиддӣ гуфтанд: Агар даъвати моро напазирӣ ҳукумати ту ҳатман нобуд мешавад, вале агар даъвати моро бипазирӣ ва ба роҳе, ки мо мегӯем биравӣ мо иззати туро ба ӯҳда мегирем! Фиръавн бо тааҷуби фаровон гуфт: Инҳоро бибинед, ки аз замонати иззати ман дар сурати пазириши даъвати онҳо ва нобудии ҳукумати ман дар ғайри ин сурат сухан мегӯянд.
Паёмбари Акрам (с) дар солҳои аввали беъсату паёмбарии худ, ки теъдоди мусулмонон ба даҳ нафар намерасид дар маҷлисе, ки ба номи Явмулинзор маъруф аст, бузургони Бани Ҳошимро ҷамъ кард ва паёми рисолати худро ба онҳо расонд. Ҳазрат ошкоро ва ҷиддӣ гуфт: Дини ман ҷаҳонгир хоҳад шуд ва саодати шумо дар пазириш ва пайравӣ аз дини ман аст. Ин сухан он қадар сангин ва боварнакарданӣ буд, ки ҷамъият бо тааҷҷуб ба якдигар нигоҳ мекарданд ва беҷавоб пароканда шуданд.
Замоне ки Абӯтолиб амӯи фидокор ва ҳомии Расули Акрам (с) паёми Қурайшро, ки мегуфтанд: "Мо ҳозирем ӯро подшоҳ ва сарватмандтарини худ кунем ва зеботарин духтарони худро ба ӯ зан диҳем, ба шарти ин ки аз даъват ва суханони худ даст бардорад" ба ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) расонд, ҳазрат чунин ҷавоб дод: Ба Худо қасам, ки агар хуршедро дар дасти рости ман ва моҳро дар дасти чапи ман бигузоранд, то аз даъвати ҳақ даст бикашам ҳаргиз чунин нахоҳам кард!
Бояд бидонем, ки ҳамон гуна ки Паёмбарони Худо аз гуноҳ ва хато пок ва раҳбари беназири инсонҳо ҳастанд ва аз роҳи ваҳй бо Худо пайванд ва робита доранд нияти холис ва азми қотеъ ва ҷиддӣ ҳам аз хусусиятҳои паёмбарӣ аст.

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти