Please update your Flash Player to view content.
Паёмбарони Худо (а) бо вуҷуди ҳамаи хусусиятҳои фавқулодае, ки доранд мисли муъҷиза, покӣ аз гуноҳ ва хато, раҳбарӣ ва созандагии беназир, мубориза бо зулму ширку хурофот инсон ҳастанд. Онҳо ҳамаи хусусиятҳои инсониро доранд ва мисли дигарон мехӯранд, мехобанд, роҳ мераванд, издивоҷ мекунанд, фарзанддор мешаванд ва саранҷом мемиранд. Ҳамаи ниёзҳои як инсонро доранд. Паёмбарони Худо (а) монанди дигар инсонҳо вазифадор ва масъул ҳастанд ва худашон ҳам ба вазифаҳое, ки аз тарафи Худо барои дигарон овардаанд ва ҳалол ва ҳароме, ки баён кардаанд пойбанд буда ба он амал мекунанд. Илова бар ин ки баъзе аз вазифаҳо барои дигарон хуб аст, вале барои худи онҳо лозим аст. Намози шаб барои мусулмонон хуб аст, вале барои Расули Аъзам (с) воҷиб буд.
Паёмбарони Худо (а) ҳеҷ гоҳ худро аз қонунҳои Худо ҷудо намекунанд. Онҳо мисли дигарон, балки пештар, бештар ва беҳтар аз дигарон ба Худо имон доранд, аз Худо метарсанд, Худоро ибодат мекунанд, намоз мехонанд, рӯза мегиранд, ҷиҳод мекунанд, закот мепардозанд, ба халқи Худо кӯмак ва некӣ мерасонанд, барои зиндагии худ кору талош мекунанд ва сарбори дигарон намешаванд.
Фарқи Паёмбарони Худо (а) бо дигар инсонҳо фақат дар масъалаи ваҳй ва робитаи хосси қавӣ бо Худост. Ваҳй Паёмбаронро аз инсон будан берун намекунад, балки онҳоро намунаи олии инсони комил ва сармашқи дигарон мекунад. Аз ин рӯ пешво ва раҳбари дигарон мешаванд.

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти