Please update your Flash Player to view content.

 

Робитаи дин ва фарҳанг

Сароғоз

Пеш аз оне ки дар бораи робитаи дин ва фарҳанг баҳс шавад, аввал дину фарҳангро таъриф мекунем, то рушан шавад, ки ба чи дин ва ба чи фарҳанг гуфта мешавад ва баъд аз он ба ин суол ки дину фарҳанге, ки дар ҳар ҷомеъае вуҷуд дорад оё бо ҳам робита доранд ё не ва агар робита доранд, ин робита читавр шакл мегирад.

Таърифи дин

Маънои луғави дин; инқиёд, пайравӣ, итоат, таслим ва ҷазо аст[1] ва маънои истилоҳии он; маҷмӯаи ақоид, ахлоқ, қавонин ва муқарароте аст, ки барои идораи умури ҷомеъаи инсонӣ ва парвариши инсонҳо бошад.

Гоҳе ҳамаи ин маҷмӯа ҳақ ва гоҳе ҳамаи он ботил ва замоне омехта аз ҳақу ботил аст. Агар маҷмӯъа ҳақ бошад онро “дини ҳақ” ва дар ғайри ин сурат онро “дини ботил” ва ё “омехта аз ҳақу ботил” меноманд.[2]

Таърифи фарҳанг

Фарҳанг аз вожаи форсӣ ва мураккаб аз ду ҷузъ “фар” ва “ҳанг” аст. “Фар” ба маънои шукӯҳу азамат ва агар ба унвони пешванд ба кор равад ба маънои ҷилва, боло, пеш ва берун аст.

“ҳанг” аз решаи авестои санг ба маънои кашидан, сангинӣ ва виқор аст. Вожаи муракаб “фарҳанг” ба маънои берун кашидан, боло кашидан ва баркашидан аст.

Истилоҳи фарҳанг маъноҳои мутанавие дорад ва дар сайри таърихии худ маъноҳои мухталиферо ба худ гирифтааст; аз ҷумла одоб, тарбият, дониш, маърифат, маҷмӯаи одобу русум ва осори илмӣ ва одоби як миллат, китоби луғат, парвариши бузург, фазилат, шукӯҳмандӣ, ҳунар, ҳикмат ва шохи дарахте, ки дар зери замин хобонанд ва бар рӯи он хок резанд, ва низ таълиму тарбият, омӯзишу парвариш ва мактаб.[3]

Устод Муҳаммадтақии Ҷаъфарӣ дар китоби “ Фарҳанги пешрав” пас аз баррасии таърифҳои фарҳанг аз дидгоҳ 24 китоби луғат ва доиратулмаорифи машҳур дар байни ақвом ва забонҳои муҳими ҷаҳон менависад:

“Таҳқиқ дар таърифи фарҳанг аз дидгоҳи машҳуртарин доиратулмаорифҳо ва баъзе манобеи ҷомеашиносӣ, бештар барои исботи ин ҳақиқат аст, ки нишон диҳем вуҷуди такомули инсонӣ дар маънои ҳақиқии “фарҳанг” дар миёни ҷомеаҳо ба унвони кайфият ё шеваи боиставу шоистаи ҳаёти башарӣ, тазмин шудааст ва агар иддае аз худхоҳон, савдогарон ё пӯчгароён бихоҳанд фарҳангро то ҳадди як поинтарин падид мубтазал таназзул диҳанд, ва номи онро фарҳанг бигузоранд, мубтани бар ҳақиқат набуда ва решаи зидди инсонӣ дорад, аммо ончи муҷиби таърифҳои мутаадид шудааст, танавуи дидгоҳҳои муҳақиқон ва соҳибназарон дар тафсири мафҳуми фарҳанг бо диққати назар дар асли такомули он будааст”.

Эшон намунаҳоеро дар забони форсӣ барои таърифи луғавии “фарҳанг” зикр намуда ва сипас аз забони фаронса ҳам мисолеро овардааст, онгоҳ фарҳангро чунин таъриф мекунад:

“ Фарҳанг” иборат аст, аз шеваи боиста ва шоиста барои он даста аз фаъолиятҳои ҳаёти модди ва маънавии инсонҳо, ки мустанад ба тарзи тафаккури солим ва эҳсосоти болои онон дар “ҳаёти маъқул” такомулӣ бошад.5

Гурӯҳе аз ҷомеашиносон ақида доранд, ки “фарҳанг” тафаккури ҷамъии ҷомеа аст, ки дар падидаҳо ва рафторҳои иҷтимоӣ таҷалли меёбад ва тамоми умури иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, низомӣ, моддӣ ва маънавиро мутаассир месозад. 6

Аллома Ҷаъфарӣ пас аз шуморидани анвои фарҳангҳо мефармояд: Фарҳангҳоро ба чаҳор навъ метавон тақсим кард, хулосаи инҳо ба шарҳи зер аст;

1.Фарҳанги русубӣ:

Иборат аст аз рангомезӣ ва тавзеҳи шууни зиндагӣ бо теъдоде аз қавонин ва суннатҳои собити нажодӣ ва равонии хос ва муҳити ҷуғрофиёӣ ва рагаҳои собити таърихӣ, ки дар баробари ҳаргуна таҳавулот, муқовимат меварзанд ва ҳамаи дигаргуниҳоро ё ба сӯди худ тағйир медиҳад ва ё онҳоро ҳазф мекунад.7

2. Фарҳанги моеъ ва бе ранг

Иборат аст аз он рангомезиҳо ва тавҷеҳоте, ки ба ҳеҷ решаи асосӣ ва равонӣ ва усули собит такя надорад, пайваста дар маърази таҳавулот қарор мегирад.

Шоёни зикр аст, ин гуна фарҳангҳо дар ҷомеаҳое, ки дорои тарих ҳастанд ба нудрат ва кам ёфт мешавад.

3. Фарҳанги худмеҳварӣ ё худҳадафи пайрав

Дар фарҳанги пайрав, намудҳо ва фаъолиятҳое, ки тавҷиҳ ва тафсиркунандаи воқеиятҳои фарҳангӣ аст, зотан матлуб буда ва ишбои ормонҳои фарҳангиро ба уҳда мегиранд, ин худ ҳадафи махсус ва фарҳанги илмӣ, текноложӣ ва иқтисодии бештари ҷомеаҳо дар асрҳои 19 ва 20 будааст.

Ин “худҳадафӣ”, табиати асли фарҳангро, ки халоқият ва густариши ормонҳои зиндагӣ дар абоъди “мани инсонӣ” аст, рокид намудааст.

4.Фарҳанги пӯё, ҳадафдор ва пешрав

Ингуна фарҳанг дар муҳосираи он намудҳо ва фаъолиятҳое, ки таҳти таъсири омилҳои саёли зиндагӣ ва шароити зудгузари муҳит ва иҷтимоъ қарор мегирад, намеуфтад, зеро омили муҳаррики ин фарҳанг, воқеиятҳои мустамири табиат ва абъоди асли инсонӣ аст ва ҳадафи он иборат аст, аз ормонҳои нисбие, ки одамиро дар ҷозибаи ҳадафи аълои ҳаёт ба ҷунбуҷӯш дармеоварад; бо камоли итминон метаваон гӯфт: ин ҳамон фарҳанги инсонӣ аст, ки ҳеҷ тамадуни инсонии асил дар гузаргоҳи таърих бе вуҷуди заминаи чунин фарҳанг ба вуҷуд наояд. Ин ҳамон фарҳанге аст, ки гиребони худро аз чанголи худхоҳон ва худкомагон метавонад наҷот диҳад.[4]  

 Дар як ҷомеаи динӣ фарҳанги илоҳии хосе ҳоким аст. Ба ин маъно, ки ин бовар вуҷуд дорад, ки маънавият, камоли матлуб ва ниҳояти зиндагии инсон аст ва ин камол дар партави муроқибату талош ва бо диққат дар бакоргирӣ ва баҳраварии ба андоза аз ҳама бахшҳои ҷисмӣ ва руҳӣ барои инсон ҳосил мешавад. Дар ин биниш, инсон рӯй ба сӯи Худо дорад, камоли мутлақ ва сарчашмаи ҳамаи хубиҳо ва арзишҳост, лекин дар ҷомеаҳои сармоядорӣ ва санъатӣ ва ғарби, фарҳанги хоссе ба он ҷомеаҳо ҳоким аст.

Нақши дин дар тамадун ва фарҳанги инсонӣ:

Адёни илоҳӣ ва осмонӣ дар тарвиҷи фазоил, ормонҳо, одоби хуб ва хислатҳои некӯ, нақши муассире доштаанд. Эспенсер дар ин бора мегӯяд: баёни одоб ва фазоили ҷомеа, ки пояҳои тамадуни онҳост, аз дин сарчашма гирифтааст.

Аллома Таботабоӣ мефармояд: хислатҳои некӯи мавҷуд дар инсонҳои имрӯзи ҳарчанд кам бошад, ноши аз таълимоти динӣ аст.[5]  

Нақши дин ва коркарди он:

Дар ду қаламрави маърифатӣ ва ахлоқӣ набояд нақши муҳими динро нодида гирифт, зеро бо мутолиаи амиқ дар аҳволи инсони мудерн ва озмоишгоҳи дусадсолаи ғарб дар бархурд бо дин ва саранҷом буҳронҳо ва саргардониҳое, ки домангири он аст, мафҳуми дин ва коркарди он дар ин ду қаламрав (маърифатӣ ва ахлоқӣ) ба хуби рушан мешавад:

А) Маърифати динӣ:

Дин маҷмӯаи таолими осмонӣ ва ваҳёнӣ аст, ки манобеи мутаадидеро барои касби маърифат ва ирзои тамоёлот ва ниёзҳои шинохти инсонҳо ба расмият мешиносад. Дин гарчи ба ҳис ва таҷриба баҳо медиҳад ва инснро ба талоши таҷрибӣ ташвиқ мекунад, аммо манобеи маърифатиро ба он маҳдуд намедонад ва илова бар он, ду манбаи ваҳй ва ақли куллиро ҳам мавриди таъкид қарор медиҳад.[6]

Б) Ахлоқи динӣ:

Ахлоқи динӣ натиҷаи мантиқӣ ва маъқулии маърифати динӣ аст. Дин мутавалии таърифи робитаи инсон бо Худост ва Худованд мабдаъ ва мақсади ҳастӣ аст.

Ҷ) Динбоварӣ ва таодули рӯҳӣ ва равонӣ:

Имрӯза ба унвони як асли пазируфташудаи илмӣ, этиқоди динӣ ва гароиши мазҳабӣ, болотарин омили таъмини таодул ва оромиши рӯҳӣ ва равонӣ шинохта шуда ва дар кишварҳои тавсиаёфта ҳам динбовариро барои дармони саргаштагиҳо ва буҳронҳои рӯҳӣ ва равонӣ тавсия мекунанд.[7]

                                                                                                   

Бо таваҷӯҳ ба коркарди нақши дин ва низ колбудшикофии (шикофтан ва тавзеҳ додани амиқ) мафҳуми фарҳанг метавон гӯфт ин ду амр пайваста ба амри инсон пардохта ва дар масири ҳидояти инсонҳо ба сӯи камол ва рафъи ниёзмандиҳои ӯ. Роҳҳои сӯдмандеро дар қолаби низоми ҳадафманд ироя намудааст, ки метавон чунин иддао кард, ки аркони дин дар 3 низом ҷой дорад:

Низоми этиқодӣ, низоми арзишӣ ё ахлоқӣ ва низоми фиқҳӣ.

Аз ин рӯй дин бо зуҳури худ фарҳанги хосси худ ва фарҳанги навинеро ба ҷомеаи башари арза дошта ва инсонҳоро ба он фаро мехонад, дар ҳақиқат бо падид омадани дин, таҳавули муфид ва самарбахш дар андеша ва рӯҳи инсон ба вуҷуд меояд.

Дин дар ин росто тарзи тафаккури инсонҳоро дар ҷиҳати воқеъбинӣ нав карда ва ахлоқ ва тарбияти онҳоро беҳбуд бахшид ва суннатҳо ва низомҳои кӯҳна ва даступогири онҳоро барандохта ва ба ҷои онҳо низомҳои зинда ва пӯёро ҷойгузин сохта ва идеяи олӣ ба онҳо илҳом менамояд.

Дар партави чунин таҳавули зиндагӣ иқтисод беҳбуд ёфта ва истеъдодҳои илмӣ ва фалсафӣ, фаннӣ ва ҳунарӣ ва аддабӣ ва дар як калом андӯхтаҳои моддӣ ва маънавӣ яъне тамаддун шукуфта мегардад. Ин воқеият танҳо дидгоҳи мо нест, балки католикҳо ҳам дар шӯрои Вотикон ба он тасриҳ кардаанд: дин фарҳангро шакл дода ва фарҳанг ба мардум ҳувият бахшидааст ва ба баёни дигар ниёзи инсон ба каломи мутаолии илоҳӣ хамирмояи фарҳанг аст.[8]

Фарҳанг ҳам дорои 3 низоми вобаста ба якдигар аст, ки аз онҳо ба аҷзои муташакилаи фарҳанг (The components of culture) ёд мешавад.

  1. Низоми шинохтҳо ва боварҳо:

Ин низом ҳамонанди поя барои фаъолиятҳои башар дар заминаи тафаккур ва андеша аст ва аз тасавурот, боварҳо, омӯзаҳо ва шеваҳои истидлолӣ дар заминаи тафсири ҷаҳони ҳастии инсон, чигунагии робитаи инсон бо муҳит ва пиромуни худ ва ҳадаф аз зиндагии башар ташкил ёфтааст.

  1. Низоми арзишҳо ва гароишҳо:

Ин низом баёнгари арзишҳо ва этиқод ба онҳо аст, дар ин соҳат миёни матлуб ва номатлуб, хуб ва бад, писандида ва нописанд, рӯъё ва норӯъё дар қолаби гузораҳои арзишӣ, ахлоқӣ ва ҳуқуқӣ ба маънои омми он марзбандӣ мешавад.

  1. Низоми рафторҳо ва кирдорҳо:

Ин низом муташакил аз тамоми омӯхтаҳое аст, ки ҳамоҳангсозии рафтори одамӣ бо афъоли дигаронро барои инсонҳо мумкин месозад.

Дар ин қаламрав омӯзаҳои ду низоми аввал ба марҳалаи зуҳур ва буруз менишинад; ба ин баён, ки бо таваҷҷӯҳ ба навъи биниш, гароиши одамӣ, одоби рафторӣ, одоби фардӣ ва иҷтимоӣ пай рехта мешавад. Дар воқеъ дар ин соҳат бо таваҷҷӯҳ ба навъи гузиниши низоми шинохтҳо ва боварҳо ва низоми арзишҳо ва гароишҳо, омӯзаҳои илмӣ ва фунуни рафторӣ тарсим мегагдад.[9]

 Бо таваҷуҳ ба маънои дин ва фарҳанг ва назар ба мабони ва ҳадафи он ду ва низ амалкард ва нақши дин ва фарҳанг ва ваҷҳи муштараке, ки байни он ду вуҷуд дорад, ба ин натиҷа метаваон этироф намуд: дин ва фарҳанг ҳамвора як таомул ва робитаи танготанг ва ногусастанӣ доранд ва ҳамонгуна, ки дин дар тамаддун ва фарҳанги инсонҳо нақши муассиреро ифода мекунад, фарҳанг ҳам, дар баҳраманди боиста ва шоиста аз фаъолиятҳои ҳаёти моддӣ ва маънавии инсонҳо, ки мустанад ба тарзи тааққули саҳеҳ ва эҳсосоти олӣ аст, инсонро дар ҳаёти маъқул кӯмак мекунад ва боиси такомули инсон мегардад, ва ҳам дин ва фарҳанг бо ирояи низомҳои сегонаи ҳадафманди худ метавонанд дар бакоргирии онҳо, омили таъсири густардае дар масири рушд ва такомули инсон бошад.[10]

 


[1]. Мабонии кломи иҷтиҳодӣ, Ҳодии Теҳронӣ, Маҳдӣ, саҳ. 383 ва 392.

[2] . Ҷаводи Омулӣ, Абдуллоҳ, Шариат дар ойнаи маърифат, саҳ. 93.

[3] . Муносибати дин ва фарҳанг дар ҷомеаи Ирон, ҷ. 1, саҳ. 60

[4] . Ҷомеа ва фарҳанг, ҷ.1, саҳ.432.

[5] . Таботабоӣ, Тафсири Алмизон, ҷ. 12, саҳ. 152.

[6] . Ҳоди Теҳронӣ, Маҳдӣ, Боварҳо ва пурсишҳо, саҳ. 45 ва 58.

[7] . Кошифӣ, Муҳаммадризо, Дин ва фарҳанг, ба нақли муносибати дин ва фарҳанг, ҷ.1, саҳ. 177.

[8]. Муносибати дин ва фарҳанг, ҷ.1, саҳ. 179.

[9] . ҳамон

[10] . ҳамон

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти