Please update your Flash Player to view content.

Илми фирақ ва мазоҳиб бар хилофи дигар илмҳои исломӣ номи муайян ва махсус ба худаш надорад ва дар тули асрҳои гузашта унвонҳои мухталиферо барои ин илм ба кор бурдаанд, аммо дар маҷмӯъ маъруфтарин таъбир, яке “фирақ ва мазоҳиб” ва дигаре “милал ва ниҳал” будааст.
Аз назари луғат “фирақ” ҷамъи фирқа ба маънои гуруҳе аз мардум аст. “Мазоҳиб” ҷамъи мазҳаб ба маънои раъй ва ақида мебошад. “Милал” ҷамъи миллат ба маънои дин ва шариат аст ва “ниҳал” ҷамъи ниҳла ба маънои иддао ба кор меравад.   
Ҳарчанд ибораи “фирақ ва мазоҳиб” ва низ “милал ва ниҳал” дар истилоҳ гоҳ ба ҷои якдигар ба кор мераванд, аммо чунин менамояд, ки бештар аз унвонҳои дуюм дар маънои умумӣ ва васеътар истифода мешавад. Милал ва ниҳал маъмулан ба маънои гароишҳои мухталифи фикрӣ ва эътиқодӣ дар адён ва низ пайравони онҳо ба кор меравад, дар натиҷа фирақ ва мазоҳиби исломӣ ва ғайри исломиро дар бар мегирад. Аммо аз фирақ ва мазоҳиб фақат фирақ ва мазоҳиби исломӣ қасд мешавад. Ба ҳар ҳол дар ин китоб ин таъбирҳо ба як маъно яъне фирақ ва мазоҳиби эътиқодии дини Ислом ба кор меравад.
Дар ҳар дин ва оине маъмулан пас аз реҳлати паёмбар ё бунёнгузори дин дар миёни пайравонаш ихтилофҳое рух медиҳад ва ин ихтилофҳо гоҳ ба қадре амиқ аст, ки боиси пайдоиши мазоҳиб ва мактабҳои мухталиф мегардад ва пайравони динро ба гуруҳҳои мухталиф тақсим мекунад. Ин ихтилофҳо метавонад дар мавзӯоти мухталифе чун мавзӯоти сиёсӣ, фиқҳӣ, ахлоқӣ ва эътиқодӣ бошад. Маъмулан муҳимтарин ва шадидтарин ихтилофҳо ихтилофҳои эътиқодӣ ва каломӣ аст аз ин рӯ дар ин китоб танҳо ба фирақ ва мазоҳибе пардохта мешавад, ки сарчашмаи пайдоиши онҳо оро (назарияҳо)-и хосси эътиқодӣ ва каломӣ будааст.
Аммо дар бораи пасванди исломӣ дар унвонҳои фирақ ва мазоҳиби исломӣ бояд гуфт, ки вақте як мазҳабро бо ин унвонҳо тавсиф мекунем, мақсад ин нест, ки тамоми матолиби он мазҳаб мувофиқи Ислом ё бевосита баргирифта аз матнҳои исломӣ аст, балки мақсад ин аст, ки он мактаб дар ҳавзаи тафаккури исломӣ рушд ва парвариш ёфтааст ва назарияҳои он ғолибан бо истинод ба манобеи исломӣ тарҳ шудааст ҳарчанд мумкин аст дар наҳваи истинод ва истинбот аз матнҳои динӣ иштибоҳоте рух дода бошад ё ҳатто асосан инҳирофе аз мабонии динӣ ба шумор ояд.

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти