Please update your Flash Player to view content.

Соли баъд аз он Пайғамбар (с) гуфт: Мо мехоҳем ба зиёрати умра биравем. Моҷарои Ҳудайбия – ки яке аз моҷароҳои бисёр пурмағз ва пурмаъност – дар ин замон иттифоқ афтод. Пайғамбар(с) ба қасди умра, ба тарафи Макка ҳаракат кард. Онҳо диданд дар моҳи ҳаром – ки моҳи ҷанг нест ва онҳо ҳам ба моҳи ҳаром эҳтиром мегузоштанд – Пайғамбар(с) ба тарафи Макка меояд. Чӣ кор кунанд? Роҳро боз бигузоранд биёяд? Бо ин муваффақияти ӯ чӣ кор хоҳанд кард ва чигуна метавонанд дар муқобили ӯ биистанд? Оё дар моҳи ҳаром бо ӯ ҷанг кунанд? Чигуна ҷанг кунанд? Дар ниҳоят тасмим гирифтанд, ки намегузорем ба Макка биёяд ва агар баҳонае пайдо кардем ҳамаи мусулмононро мекушем. Пайғамбар(с) бо олитарин тадбир коре кард, ки онҳо нишастанд ва бо ӯ қарордод имзо карданд то баргардад, аммо соли баъд биёяд ва умра ба ҷо оварда дар сар то сари минтақа ҳам барои таблиғоти Пайғамбар(с) фазо боз бошад. Ин номаш сулҳ аст, аммо Худои Мутаол дар Қуръон мефармояд: “Мо барои ту пирӯзи ошкор фароҳам сохтем.”
Агар ба сарчашмаҳои илмӣ ва маҳками таърих муроҷеа кунед, хоҳед дид, ки моҷарои Ҳудайбия чӣ қадар аҷиб аст! Соли баъд Пайғамбар(с) ба умра рафт ва бархилофи майли онҳо, шавкаташ рӯз ба рӯз зиёдтар шуд. Соли баъд аз он – яъне соли ҳаштум – ки куффор нақзи аҳд карда буданд, Пайғамбар(с) рафт ва Маккаро фатҳ кард, ки фатҳе азим ва нишонаи тасаллут ва иқтидори он ҳазрат буд. Бинобар ин Пайғамбар(с) бо ин душман ҳам мудаббирона, қудратмандона, бо сабру ҳавсала, бе дастпочагӣ ва ҳатто бе як қадам ақибнишинӣ бархурд кард ва рӯз ба рӯз ва лаҳза ба лаҳза ба пеш рафт.

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти