Please update your Flash Player to view content.

Бе тардид шуҷоати Амирулмӯъминин Алӣ ибни Абитолиб (к) дар майдони зиндагӣ аз шуҷоати ӯ дар майдони ҷанг болотар буд! Моҷарои пешқадам шудани ҳазрат дар қабули ислом дар даврони навҷавонӣ, яке аз масодиқи ин шуҷоат аст. Ҳазрат рӯзе Исломро қабул кард, ки ҳама ба ин даъват пушт карда буданд ва касе ҷуръат намекард мусулмон шавад. Дар ин замони ҳассос ин навҷавон баланд шуду гуфт: Ман имон меорам.! Албатта пеш аз ин имон оварда буд ва ин ҷо имони худро ошкор кард.

Ҳазрати Алӣ(к) мӯъмине аст, ки дар тӯли муддати сездаҳ соли беъсат, ба ҷуз чанд рӯзи аввал ҳаргиз имонаш махфӣ набуд. Мусулмонон чанд сол имони махфӣ доштанд, аммо ҳама медонистанд, ки Амирулмӯъминин Алӣ ибни Абитолиб аз аввал имон овардааст ва имони ӯ махфӣ набуд.

Инро дуруст тасаввур кунед, ки ҳамсоя таҳқир ва беэҳтиромӣ мекунад, бузургони ҷомеа таҳқир ва сахтгирӣ мекунанд, шоир ва хатиб масхара мекунад, пулдор ва одами паст ва разл таҳқир мекунад! Амирулмӯъминин Алӣ ибни Абитолиб дар миёни ин амвоҷи саҳмгини мухолиф, маҳкам ва устувор мисли кӯҳ меистад ва мегӯяд: Ман Худоро шинохтаам ва бар он пойдорӣ мекунад. Ин шуҷоат аст. Амирулмӯъминин Алӣ ибни Абитолиб дар тамоми мароҳили зиндагӣ -дар Макка ва дар Мадина- ин шуҷоатро аз худ нишон додааст.

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти