Please update your Flash Player to view content.

Идома аз маколаи пеш; Ба ҳамин хотир оёти Қуръон аз муҳимтарин аҳдофи рисолатро даъват ба сӯи Худованд баён мекунад. Ин даъват танҳо ба маънои хондани зоҳирӣ нест, балки ба маънои инаст, ки инсон бо тамоми вуҷуд ва ҳастии худ мутаваҷеҳи Худованд шуда ва мутааллиҳа шавад. Худоӣ шудан ба унвони ҳадафи ниҳоии башар дар зиндагӣ, замоне матраҳ мешавад, ки шахс ба ҳақоиқи ҳастӣ имон дошта ва онро бовар ва ақидаи худ қарор диҳад. Пас аз ин бовар ва имон аст, ки ҳақиқати ҳастӣ ва Худо ва аҳдофи офаринишро дар меёбад ва метавонад худро барои анҷоми фалсафаи дигари рисолат яъне такрим ва таъзими Худованд омода кунад. Зеро касе, ки ҳақиқати ҳастиро нашиносад ва ҳадаф аз офаринишро надонад, ҳаргиз ҳақиқати Худоро нахоҳад шинохт ва ба такрим ва таъзими Ӯ нахоҳад пардохт. Шинохти ҳақиқати илоҳӣ илова бар такрим сабабӣ тасбеҳи Худованд ва тазарруъ ва таваҷҷуҳи доимӣ ба даргоҳӣ Ӯ хоҳад шуд. Зеро баъд аз шинохти ҳақиқии Ӯ инсон худро муҳтоҷ ва ниёзманд дида оҷизона ба даргоҳаш руй оварда ва Ӯро мепарастад.


Аҳдофи ибтидоӣ ва миёнаи дин


Аз аҳдофи миёнаӣ дин ва рисолат метавон ба таълими ҳикмат ва омузиши ҳақоиқи ҳастӣ, табйини ҳақоиқ ва малакути дунё, таълим ва омузиши маорифи даснаёфтанӣ барои мардум, омузиши қавонин ва аҳком, муаррифиӣ авомили муфид ва муасир дар сохти зоҳир ва ботини инсон аз ҷумла покиҳо ва нопкиҳо ва ҳамчунин тазкияи нафс ва худсозиӣ мардум ишора кард. Чаро ки бо шинохти дуруст ва ростин аз ҳақоиқи ҳастӣ ва еҷоди биниши воқеъбинона аз он дар канори роҳҳои дасёбӣ ва мавонеи сари роҳ метавон ба тазкияе пардохт, ки саранҷоми он Худоӣ шудан аст. Ҳамаи ин  умур ба сабаби ин ки берун аз доираи ақл ва ҳуши башар ва фаҳм ва идроки инсон аст, ниёзманди инояти хосси илоҳист, ки дар шакли оёт аз ҷумла оёти лафзиӣ ваҳй нозил шудааст. Аз инрӯ Худованд яке аз фалсафаҳои рисолат ва аҳдофи онро тиловати оёти илоҳӣ медонад. Чаро ки аз ин тариқ метавон ба аҳдоф ва фалсафаи аз пешгуфта, чун омузиш ва таълим даст ёфт. Албатта дар ин миён бояд баъзе аз шароит фароҳам ва баъзе аз мавонеъ бардошта шавад. Аз ҷумла аҳдофи миёнӣ ва ибтидоӣ башоратҳое аст, ки дар бораи биҳиштиён дар Қуръон ишора шудааст ва низ оёте, ки ваъдаи азоб ба афроди гуноҳкор дода шудааст.


Ислом роҳи саломат


Пирузӣ бар дигар адён ва равишҳои дастёбӣ ба ҳақоиқ ва масири Худоӣ шудан, аз дигар аҳдофи дини ислом ва рисолати Паёмбар(с) муаррифӣ шудааст. Ин равиш ба хотири ин аст, ки ислом худро дине медонад, ки метавонад беҳтарин тафсирро аз ҳастӣ ироа карда ва беҳтарин, осонтарин ва коамилтарин роҳро ба башар нишон диҳад, то инсон мутаалиҳа(Худоӣ) шавад. Ҳангоме, ки адолат бар ҷомеа фарогир ва ҳамагон аз имконоти яксон ва муносиб бархурдор шаванд метавонанд бо баҳрагирӣ аз гуфтумони исломӣ гомҳои устувор ва баландеро ба сӯи худсозӣ ва худоӣ шудан бардоранд ва масири илоҳиро ба осонӣ ва саломат тай кунанд. Аз инру Ислом ба унвони роҳи саломат муаррифӣ шудааст.
Аз назари Қуръон; инсонҳо танҳо аз тариқи итоат ва пайравӣ аз дини исломе, ки ҳазрати Муҳаммад(с) овардааст ва итоат аз паёмбар ба унвони касе, ки ба мақсад расида ва мутааллиҳа шудааст метавонанд ба растагории воқеӣ даст ёбанд. Аз инру Худованд итоат аз вайро итоат аз худ ва муҳабат ба Ӯро танҳо роҳи маҳбуб шудан дар назди хеш мешуморад ва итоат аз он ҳазратро яке аҳдофи рисолат муаррифӣ мекунд. Ин ҳаққи рисолат бар асоси оёти 32 ва 123-юми сураи Оли-имрон ва оёти 59, 60 ва 61-уми сураи Нисо ва оёти дигар фаҳмида мешавад. Зеро Ӯ касе аст, ки бо ранги худоӣ вазифаи ҳидояти ҳастиро дарёфт кардааст ва ба унвони сироти мустақим мардумро ба сӯи Худованд роҳнамоӣ месозад.
Бо таваҷҷуҳ ба ончи гуфта шуд; метавон ба содагӣ дарёфт, ки дин аз назари омузаҳои қуръонӣ ҳамаи зиндагии башарро мавриди таваҷҷуҳ қарор додааст ва ингуна нест, ки танҳо ба ҳавзаи равобити шахсӣ ва ё охират маҳдуд шавад, балки ҳар ончи ки дар худоӣ шудани инсон ва ҷомеа муассир бошад ба унвони аҳдофи ибтидоӣ ва миёнии мавзуоти динӣ хоҳад буд.

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти