Please update your Flash Player to view content.


Шаби қадр ҳадяи бисёр гаронқадре аст, ки Худованд онро ба уммати беҳтарин банда ва бартарин Пайғамбараш ҳазрати Муҳаммад(с) бахшидааст. Расули Худо(с) фармуд:

«إِنّ اللهَ وَهَبَ لِأُمَّتِی لَیلَةَ القَدرِ وَ لَم یُعطِهَا مَن کَانَ قَبلَهُم»
Худованд шаби қадрро бар уммати ман бахшид ва онро ба умматҳои пешин ато накард.[1]
Ибодат дар ин шаб аз ибодати ҳазор моҳ, ки бештар аз ҳаштод сол умри инсон аст, беҳтар ва бартар мебошад. Чунонки Худованд фармудааст:
‹‹‹لَیلَةُ القَدرِ خَیرٌ مِن أَلفِ شَهرٍ››› Шаби қадр аз ҳазор моҳ беҳтар аст.[2]
Ба ростӣ чи шаби боазаматест, ки ба андозаи як умри дарози бобаракат арзиш дорад. Ва албатта арзиши он ба хотири ибодат ва бедор мондан дар ин шаб аст. Дар баъзе аз тафсирҳо дар бораи сабаби нозил шудани ин оят омадааст, ки яке аз Бани Исроил либоси ҷанг бар тан карда буд ва ҳазор моҳ аз тан берун наёвард ва пайваста машғул -ё омодаи- ҷиҳод дар роҳи Худо буд. Асҳоб ва ёрон тааҷҷуб карда орзу доштанд чунин фазилате насиби онон низ гардад. Ин оят нозил шуд ва баён кард, ки шаби қадр аз ҳазор моҳ бартар аст.[3]
Чаро ба ин шаб қадр мегӯянд?
Барои шаби қадр маъноҳои гуногун баён шудааст аз ҷумла:
Шаби қадр ба ин хотир қадр номида шудааст, ки тақдири як солаи бандагон дар он таъйин мешавад.[4] Яъне дар ин шаб таъйин мегардад, ки инсон зинда монад ё бимирад, солим бошад ё мариз, рӯзиаш танг гардад ё зиёд ва ғайра.
Пас бояд дар ин шаб бедор бимонем ва бо зориву тазарруъ ба даргоҳи илоҳӣ аз ӯ бихоҳем, ки тақдири моро ба беҳтарин сурат таъин кунад, зеро Худованд бар ҳар чиз тавоно ва дар айни ҳол меҳрубону карим аст ва агар аз ӯ содиқона бихоҳем ва ба салоҳи мо бошад дуои моро қабул хоҳад кард ва худи ӯ фармудааст:
«یَمحُوا اللهُ مَا یَشَآءُ وَ یُثبِتُ» Худованд ҳарчиро бихоҳад маҳв ва ё исбот мекунад.[5]
Албата ин маъно ҳеҷ гуна тазод бо озодӣ ва иродаи инсон надорад, зеро тақдири илоҳӣ ба василаи фариштагон бар тибқи шоистагиҳо ва лаёқатҳои афрод ва андозаи имон ва тақво ва покии ният ва аъмоли онҳост.
Ин шабро ба ин хотир шаби қадр номидаанд, ки дорои қадр ва шарофати бузург аст.[6]
Ин шабро ба ин хотир шаби қадр номидаанд, ки агар касе ин шабро зинда бидорад соҳиби қадр ва мақому манзилат мешавад.[7]
Қадр ба маънии тангӣ мебошад, зеро дар ин шаб бо фуруд омадани зиёди фариштагон, замин танг мешавад.[8]
Шаби қадр кадом шаб аст?
Баъзе аз бузургон гуфтаанд: Пинҳон будани ин шаб дар миёни шабҳои моҳи мубораки Рамазон ба ин хотир аст, ки мардум ба ҳамаи ин шабҳо аҳамият диҳанд, ҳамон гуна ки Худованд ризои худро дар миёни анвои тоатҳо пинҳон карда, то мардум ба ҳамаи онҳо рӯй оваранд ва ғазаби худро дар миёни гуноҳон пинҳон карда, то аз ҳама дӯрӣ кунанд, дӯстонашро дар миёни мардум пинҳон сохта, то ҳамаро эҳтиром кунанд, иҷобатро дар ҳамаи дуоҳо пинҳон крда, то ба ҳамаи дуоҳо рӯй оваранд, исми аъзамро дар миёни исмҳояш пинҳон сохта, то ҳамаро бузург доранд, вақти маргро пинҳон дошта, то дар ҳама ҳол омода бошанд.[9]
[1] . Дурр-ул-мансур, ҷ.6, саҳ.371, тафсири Намуна, ҷ.27, саҳ.190.
[2] . Сураи Қадр, ояти 3.
[3] . Дурр-ул-мансур, ҷ.6, саҳ.371, тафсири Намуна, ҷ.27, саҳ.183.
[4] . Тафсири Кабир, ҷ.16, саҳ.29, Ҷомеъ-ул-баён, ҷ.15, саҳ.286.
[5] . Сураи Раъд, ояти, 38.
[6] . Тафсири Кабир, ҷ.16, саҳ.29, Ҷомеъ-ул-баён, ҷ.15, саҳ.286.
[7] . Ҳамон, тафсири Намуна, ҷ.27, саҳ.187-188.
[8] . Ҳамон.
[9] . Ҳамон, саҳ.29.

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти