Please update your Flash Player to view content.


 

 ﴿يَأيُّهَا الَّذِينَ ءَامَنُوا کُتِبَ عَلَيکُمُ الصِّيَامُ کَمَا کُتِبَ عَلَی الَّذِينَ مِن قَبلِکُم لَعَلَّکُم تَتَّقُونَ1

    Эй касоне, ки имон овардед бар шумо рӯза доштан фарз гардид, чунонки бар касоне, ки қабл аз шумо буданд. Шояд шумо парҳезгор шавед.

    Дар ин мақола саъй шуда аст, Рӯза бар асоси ин ояти Қуръони карим ва бархе аҳодиси Паёмбар(с) ва назароти баъзе аз донишмандони тиб, аз ҷиҳати осор ва фавоиди моддӣ ва маънавӣ мавриди баррасӣ қарор бигирад.

Фойдаи модии Рӯза

Осори беҳдоштӣ ва дармонии Рӯза

    Рӯза олитарин доруи шифобахш аст, ки ҳар фард метавонад дар ҳар мавқеияти иҷтимоӣ, ки бошад бо камтарин ҳазина ба муолиҷаи бемории худ бипардозад. Камтар табибе аст, ки дар навиштаҳои худ ишорае ба ин ҳақиқат накарда бошад, зеро медонем, ки омили бисёре аз бемориҳо зиёдаравӣ дар хурдани ғизоҳои гуногӯн аст. Бисёр пеш меояд, ки мавориди изофӣ ҷазб нашуда, ба сурати чарбиҳои музоҳим дар нуқоти мухталифи бадан боқӣ мемонад ва беҳтарин роҳ барои мубориза бо ин масъала имсок ва Рӯза аст.

    Рӯза зуболаҳо ва мавориди изофии ҷазб нашудаи баданро месӯзонад ва баданро хона таконӣ мекунад, навъе истироҳати қобили мулоҳиза барои дастгоҳи гувориши бадан низ ҳаст. Бадан, ки ҳамеша машғул аст,лозим аст муддате истироҳат кунад.

    Доктор Жон Фурумузон, равиши муолиҷа бо рӯзаро шустушуи аҳшо таъбир мекунад, ки дар оғози рӯзадорӣ арақи бадан зиёд аст, даҳон бу мегирад, гоҳ аз бини об роҳ меафтад ва ҳамаи  инҳо аломати шуруи комили шустушуи бадан аст. Пас аз се, чаҳор руз бу бартараф мешавад ва шахсро сабукӣ мебахшад.2

    Доктор Алекси Сулфурин дар китоби худ менависад:

    Ҷисм ба ҳангоми рӯза ба ҷои ғизо аз маводи дохилӣ истифода мекунад ва онҳоро масраф менамояд ва маводи касиф ва уфунӣ, ки дар ҷисм ҳаст ва решаи бемориҳост, аз бинӣ меравад ва ба ин тариқ сабаби беҳбудии ҳамаи бемориҳост. Аз ин рӯ ҷисм, худро ба василаи рӯза аз дохил покиза кунед.

    Қисмате аз бемориҳое ки ин донишманд тавонист ба василаи рӯза муолиҷа кунад чунин аст:

    Илтиҳоби меъда, илтиҳоби ҳанҷара, суфлис, сил, дарди чашм, зукоми музмин, дарди музмини сина, нафх ва варами рияҳо, бемории асабӣ, ларзиши андом, фалаҷ, кам хунӣ, изтироби руҳӣ, заъфи умумии бадан, бемори кабед ва дар охир тазъифи ғуддаҳои саратонӣ ва тарки эътиёд.3

Доктор Корбу менависад:

    Ҳар шахси бемор, бояд ҳар сол муддате аз ғизо парҳез кунад, зеро модоме, ки ғизо бар тан мерасад, микробҳо дар ҳоли рушд аст, вале ҳангоме, ки аз ғизо парҳез мекунад, микробҳо рӯ ба заъф мераванд.

    Боз мегуяд: Рӯзае ки Ислом воҷиб карда аст, бузургтарин беҳбудии саломатии  бадан мебошад.4

    Расули Акрам(с) фармуд:«صوموا تصحوا»  яъне рӯза гиред то саломат бошед.5

Баста шудани матаби насронӣ дар Мадина

    Дар ин қисмат шоиста аст ки достонеро баён кунам:

    Пас аз муҳоҷирати Паёмбари Ислом(с) ба Мадина ва ошно шудани мардуми Мадина бо дастуроти Қуръон ва гуфтаҳои Памбар(с), табиби насронӣ барои муолиҷаи мардум вориди шаҳр шуд, ва маҳалеро барои матаби хеш интихоб намуд. Рӯзи аввал ва дувум пизишк вориди матаб шуд, ҳарчи интизор кашид як нафар ҳам барои дармон муроҷиа накард. Ба ҳамин минвол, ҳар рӯз дари матабро боз мекард, вале то муддате ду моҳ тул кашид ва касе ба матаби ӯ муроҷиа накард.

    Аз як нафар аз аҳолии Мадинаро пурсид: Оё мардуми Мадина мариз намешаванд, ки ба матаб ба суроғи пизишк намеоянд?

    Он мард гуфт: пеш аз шумо пизишки моҳире омада аст ва мардум ба дастури Ӯ амал мекунанд, аз ин рӯ мариз намешаванд.

    Пизишки насронӣ пурсид: Он табиб кист? он мард гуфт: Паёмбари ислом(с) ки номаш Муҳаммад(с) аст. Табиби насронӣ гуфт: Ӯ чи таҷвизеро дода аст? Он мард гуфт: Ӯ мефармояд:

کلوا واشربوا ولا تصرفوا

(бихуред, биёшомед вале исроф накунед).

    Табиби насронӣ гуфт: оре решакан кардани бемориҳо ҷилавгирӣ аз пурхурӣ аст. Ин пизишки моҳир решаи бемориро қатъ намуд. Зеро пурхурӣ боиси анвои маризиҳост ва муолиҷаи он, боиси решакан шудан бемориҳо мешавад.

   Сипас гуфт монанди мо дар инҷо ҳеч натиҷаи надорад, инро гуфт ва аз Мадина ба шаҳри дигар рафт.6

Барномаи мусбат ва манфӣ

    Ати ббо дар муолиҷаи мариз ду барнома доранд: яке мусбат ва дигари манфӣ.

    1- Дар барномаи мусбат ба мариз мегӯянд: ин доруро тазриқ кун ва ин қурс ва шарбатро фалон ададу фалон миқдор масраф намо.

    2- Дар қисмати манфӣ масалан мегуянд: ки ангур, сирка, чарбӣ ва адвияро масраф накун.

    Барномаҳои Паёмбар(с) дар мароҳили мухталифи ҷомиасозӣ ба ду қисмати мусбат ва манфӣ яъне амру наҳй тақсим мешавад:

1- Дар бахши манфӣ мефармояд: исроф накун, зиёдаравӣ дар хурдану нушидан накун, дуруғ нагӯ, ғайбат накун, ришва  ва сирқату дағал корӣ  дар амволи мардум надошта бош.

2- Дар бахши мусбат мефармояд: намоз бихон, закот бидеҳ, касби ҳалол дошта бош, издивоҷ барои ҳама лозим аст ва ғайра.

    Саодатманд, касест ки ба таолими мусбат ва манфӣ амал кунад. Ҳамаи фароизро баҷо оварад ва аз манҳиёт дурӣ кунад, зеро муҳимтарин барномаи пизишкӣ мавзуи иҷтиноб ва парҳез аст. Дар Ислом ҳам фармони парҳез ва иҷтиноби  ҳар дарде омада аст, чи дард дарди руҳӣ ё ҷисмӣ бошад, чи иҷтимоӣ ё маънавӣ.

    Имом мусо ибни Ҷаъфар(рҳ) фармуд: «الحمیة رأس الدواء» яъне парҳез сарсилсилаи дору ва дармон аст.7

    Аз Паёмбар нақл шуда аст ки:

8«المعدة بيت کل داء و الحمية رأس کل دواء»

    Меъда хонаи тамоми дардҳо аст ва имсок болотарин доруҳост.

    Имрӯза дар ҷаҳон донишмандони донишгоҳи пизишкӣ ва дору созӣ рӯз ба рӯз фаолтар амал мекунанд, дармонҳои ҷадидеро ба даст меоваранд вале бо ин ҳама тавсиаи дору ва дармон, бояд гуфт парҳез ва иҷтиноб рукни асосии дармон аст.

    Агар дар рӯз ҳамаи доруҳо тавассути беморон масраф шавад, аммо парҳез анҷом нагирад, мумкин аст, шахси мариз ба хотири доруҳои масраф шуда чанд сабоҳе ба унвони таскини дард, оромишро эҳсос кунад, вале пас аз муддате андак, эҳтимоли инки дубора ҳамон маризӣ ба суроғи ӯ ояд ва мувҷиби  ранҷу сахтии ӯ шавад, мунтафӣ нест.

Фоидаи маънавии Рӯза

]يايها الذين آمنوا کتب عليکم الصيام9[

Эй муъминин рӯза бар шумо воҷиб шуда аст.

    Рӯза ибодате аст, ки ҷазо ва подоши он ба дасти Худо аст. Ҳеч малики мудаббир ва фариштаи маъмуре поёни онро имзо намекунад. Ба хотири аҳамияте, ки ин ибодат дорад шоистаи ҳаркас намегардад ва агар кофир ба хотири тандурустии хеш, бо режими ғизоӣ Рӯза бигирад, барои ӯ ибодат маҳсуб намешавад. Салоҳият ва қобилияти ташнагӣ ва гуруснагӣ ба фармони Худовандро касоне пайдо мекунанд ки имони ба Худо ва Расули Ӯ доранд.

«من صام شهر رمضان ايماناً و احتساباً و کفّ سمعه و بصره و لسانه عن الناس قبل الله و غفر له ما تقدم من زنبه و ما تأخر و اعطاه ثواب الصابرين.»10

    Он касе, ки дар моҳи Рамазон аз рӯи тасдиқ ба ваъдаи илоҳӣ ва мутолиаи аҷру савоб; Рӯза бигирад ва гушу чашму забони худро аз мардум мувозибат кунад, Худованд рӯзаашро мепазирад ва гуноҳони гузашта ва ояндаашро мебахшад ва савоби собиронро ба Ӯ медиҳад.

Лутфи Худованд ҳангоми ташнагӣ ва гуруснагӣи рӯзадорон

    Рӯзадорон ба ҳамдигар гуянд: чигуна аст, ки мо дар ин моҳи пурбаракат, бо вуҷуди инки ду ваъда ғизо мехурем, аммо дар соири моҳҳо эҳсоси гуруснагӣ ва ташнагии мо, беш аз моҳи рамазон аст? оё адами эҳсос аз ташнагӣ ва гуруснагӣ дар моҳи Рамазон гувоҳи қавӣ бар лутфи бедареғи Худованд нест? қатъан моро дар ин замина тасдиқ мекунад. Илова бар инки дар ин замина ҳам ривоят ҳам дорем.

    Имом Содиқ(рҳ) фармуд: касе ки дар фасли тобистон рӯза мегирад ва ташнагӣ ба ӯ мерасад, Худованд ҳазор фариштаро ба сӯи ӯ гусел медорад, ки чеҳраи ӯро даст бикашед ва то вақти ифтор бошед. Худованд мефармояд: чиқадар буи даҳони ӯ хушбӯ аст, чиқадар руҳи ӯ пок аст. Эй фариштагон гувоҳӣ медиҳед, ки ман ӯро бахшидам.11

Ҳафт вижагӣ барои рӯзаи эҳтисобӣ

قال نبی5: «ما من مؤمن يصوم يوما من شهر رمضان، حالساً محتبساً أوجب الله تعالی له سبع خصال: اول الخصلة يذب الحرام جسده؛ و الثانی: يتقرب الی رحمة الله؛ و الثالث: يکفر و خطيئته الا تعلم أن الکفارات فی الصوم يکفر؛ و الرابع: يهون عليه سکرات الموت؛ و الخامس: آمنه الله من الجوع و العطش يوم القيامة؛ و السادس: براءة من النار؛ و السابع: أطعمه الله من طيبات الجنة.»

    Паёмбар(с) фармуд: ҳеч муъмине нест, ки рӯзе аз рамазонро аз рӯи муҳосиба ва муроқибаи нафс, ва ҳисоб кардани аҷру подош рӯза бигирад, ҷуз ин ки барои ӯ ҳафт вижагӣ аст:

1- Гушти ҳаром аз баданаш нобуд мешавад.

2- Бар раҳмати Худовад наздик мешавад.

3- Гуноҳонаш пушонда мешавад, ҳамчунонки каффораҳои сегонаи рӯза мепушонад.

4- Лаҳазоти марг барои ӯ осон мешавад.

5- Худованд ӯро аз ташнагӣ ва гуруснагии рӯзи қиёмат наҷот медиҳад.

6- Озодӣ аз ҷаҳаннам барои ӯ навишта мешавад.

7- Худованд ӯро аз ғизоҳои покизаи биҳиштӣ итъом мекунад.12

Поксозии дарун ва найл ба мақоми тақво

    Инсон, то асири тамоюлоти нафсонӣ аст, ҳаргиз рӯи саодат ва фалоҳро нахоҳад дид, чаро ки ҳаво ва ҳавасҳо ва дилбастагиҳо ва вобастагиҳо занҷирҳои сангин ва муҳкаме аст, ки  руҳи одамиро ба асорат дароварданд ва то занҷирҳо аз ҳам нагусаланд ва пора нашаванд руҳ аз ин қайду банди бардагӣ ва асорат раҳоӣ нахоҳад ёфт.

    Тамоюлоти нафсонӣ душмани даруни инсон маҳсуб мешавад ва ғалаба бар ин хасми саркаш, бисёр мушкилтар аз душмани бурун аст. Агар инсон ба хостаҳои дарунии хеш ғолиб наёяд, ҳаргиз қодир ба пирузӣ бар душманони беруниро нахоҳад буд ва касе, ки асири шаҳвату ҳаво ва ҳавас аст, наметавонад дар баробари хоҳишҳои нафс муқовимат кунад.

    Бинобар ин дар Ислом мубориза бо нафс аз аҳамияти вижае бархурдор мебошад ва аз корзори маёдини разм берунӣ муҳимтар шумурда шуда ва ҷиҳоди акбар ном гирифта аст.13

    Дар миёни тамоми умур ва фурсатҳое, ки одамӣ дар саркуби нафси аммора ва саркаш мумкин аст ба кор гирад ва беҳтар ба натиҷа бирасад, ин тамрин худдорӣ кардан аз гуноҳ дар тули моҳи Рамазон аст.

    Ин моҳи шариф ба хотири вижагиҳое ки дорад, сабаб мешавад инсон худдорӣ ва муроқибат дошта бошад ва ором ором онро ба малака табдил намояд, ба гунае ки агар ҳарҷо ба гуноҳ ва ё муқаддамоти он расид, муқовимат нишон медиҳад ва дар натиҷа, руҳи ӯ аз олудагӣ ба гуноҳон наҷот ёфта ва ба сафои имон ва дараҷоти болотари тақво даст пайдо мекунад.

    Қуръон дар ин бора мефармояд: эй касоне ки имон овардаед! рӯза бар шумо воҷиб шуда аст, ҳамонгуна ки ба умматҳои пешини шумо воҷиб гардид, шояд бадин васила аҳли тақво шавед.14

    Тамоми розҳо дар иборати шояд тақво пеша кунед наҳуфта аст. Қуръон мефармояд: Рӯза гиред, шояд бо тақво шавед. Тақво ҳамон ҳолату малака ва сифати собите аст, ки инсонро аз гуноҳ боз медорад.

    Тақво нардубони бузурги такомул аст ва ҳадаф аз анҷоми ҳамаи ибодот, боло рафтан ба қуллаи баланд ва устувор, ин арзиши бузурги илоҳӣ аст. Ин гавҳари камёб, чизе нест ки ба роҳатӣ бадаст ояд, балки бояд барои касби он заҳмат кашид ва доим бо тамоюлоти нафсонӣ набард намуд ва як лаҳза аз васвасаи шайтонӣ ғафлат нанамуд.

Манобиъ

  1. Қуръони Карим.
  2. Атри Рамазон, Муҳаммади Акбарӣ, Қум, гулистони адаб, бито.
  3. Сираи моҳи Рамазон ва рӯзадорон, Маҳди аҳадӣ, Қум, Саидҷамолуддини Асадободӣ.
  4. Тафсири намуна, Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ.
  5. Биҳорул анвор, Муҳаммад Боқири Маҷлисӣ.
  6. Тафсири-ал-кашшоф, Ҷоруллоҳи Замахшарӣ.
  7. Саҳеҳ Бухорӣ, Муҳаммад ибни Исмоил Бухорӣ, риёз, байтул афкор адувалияҳ.

 

 

 

Пайнавиштҳо

[1]- Бақара/183;

2- Равиши навин барои дармони бемориҳо, с:67 ба нақл аз атри рамазон с: 31 таълифи Маҳмуди акбарӣ;

3- Ба нақл аз тафсири намуна, ҷ1, с: 632;

4- Нақши рӯза дар дармони бемориҳо, с:15;  ба нақл аз атри рамазон, с:23;

5- Канз-ул-умол, Муттақи Ҳиндӣ, бейрут, дорул кутубул илмияҳ, 2004м, ҷ 8, ҳадиси:23600;  Биҳорул Анвор, ҷ96, с:255;

6- Ҷоруллоҳи Замахшарӣ, тафсири-ал-кашшоф, ҷ.2, с:100 зери ояи 31 сураи Аъроф;

7-Биҳор-ул-Анвор, ҷ14 қадим;

8- Ҳамон;

9- Бақара/183;

10- Саҳеҳ Бухорӣ, Муҳаммадибни Исмоили Бухорӣ, риёз, байтул афкор адувлияҳ, китобусавм, боби ман сома рамазон имонан ва иҳтисобан; Канз-ул-умол, ҷ 8, шумораҳои 23726 ва 23674 ва 23673 ва нез муҳҷатулбайзоъ, ҷ 2 с: 124;

11- Биҳор-ул-анвор, ҷ 6 ҳадиси 5; Саҳиҳи Бухорӣ, ҳадиси шумораи 1904, китобу савм;

12- Ал-Ихтисоси, Шайх Муфид, с 638 ба нақл аз сираи моҳи рамазон ва рӯза дорон, Маҳди аҳади, Қум, Саид ҷамолуддини Асадободӣ;

13- Дар ин бора аз Паёмбар(с) нақл шуда аст ки вақте саҳобагон баъд аз ҷанг муроҷиат карданд, фармуданд: «قَدَمتم خیر مَقدمٍ و قدمتم من الجهاد الاصغر إلی الجهاد الاکبر مجاهدة العبد هواه»ва нез фармуданд: «المجاهد من جاهد نفسه فی الله»дар ин бора р.к. ба Канз-ул-умол, ҷ 4, ҳадиси шумораи 11256 ва 257; 

14- Бақара/183;

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти