Please update your Flash Player to view content.

Раббони

Рабони дар луғат марбут ба раб; Худо; Илоҳ, Олим росух дар дин; Худошинос; Оъбид; Оъриф.[1]

Дар истилоҳ Қуръон зери ин оят ҳат, ки мефармояд:

﴿مَا کَانَ لِبَشَرٍ أَن یُؤْتِیَهُ اللّهُ الْکِتَابَ وَالْحُکْمَ وَالنُّبُوَّهَ ثُمَّ یَقُولَ لِلنَّاسِ کُونُواْ عِبَادًا لِّی مِن دُونِ اللّهِ وَلَـکِن کُونُواْ رَبَّانِیِّینَ بِمَا کُنتُمْ تُعَلِّمُونَ الْکِتَابَ وَبِمَا کُنتُمْ تَدْرُسُونَ[2]

«Барои ҳеҷ башаре сазовор нест, ки Худо ба ӯ китобу ҳукм ва паёмбарӣ бидиҳад; он гоҳ ба мардум бигӯяд: «Ба ҷои Худо бандагони ман бошед». Валекин [мегӯянд:] ба хотири он ки китоби [Худо]-ро таълим медодед ва ба хотири он ки онро мехондед [Олимони] раббонӣ бошед».

Шайхи Табарси дар китоб Маҷмуъа албаён зери ин оят дар бораи истилоҳ раббони менависад: Раббони, мансуб ба раб аст; ва манзур каси ҳаст, ки тадбири умур ва танзим шууни фард ва гуруҳиро бар уҳда доранд ... дар мафҳуми калимаи раббонийн, дидгоҳҳо мутафовит аст:

1.Бархи эътиқод доранд: манзур ин аст, ки донишвар ва ҳуқуқдон ва диншинос бошед.

2. Ба бовари бархи дигар, мақсуд ин аст, ки донишвар ва фарзона бошед.

3. Саъид Ибн Ҷабир дар мафҳуми он гӯфта аст: фарзонагони парвопиша бошед.

4. Ибн Зайд онро ба ин сурат маъно кардааст: тадбиргари умур ва танзим кунандаи шууни мардум бошид.

5. Гуруҳи ҳам мегӯянд: манзур ин аст, ки омӯзгори мардум бошед ва ба онон дониш биёмузед ва ҳамонгунаи ки аз сарвати худ инфоқ мекунед, аз дониш худ ба онон биёмузед.

Аз пайғамбари гироми (с) овардаанд, ки фармуд:

«ما من مؤمن ولامؤمنه الّا وللّه علیه حقّ واجب اَن یتعلّم من‏العلم»

“ ҳеҷ марди ва зани бо имон нест, ҷуз ин ки Худованд ба гардани ӯ ҳаққи воҷиб дорад, ва онин аст, ки дониш ва фиқҳ биёмӯзад”.

Ба ҳар ҳол, раббони касе аст, ки аз ҳаром ва ҳалол ва муқаррарот ва ҳушдорҳои Худованд ва гузашта ва оянда огоҳ бошад. Ва гӯёи аз ин дидгоҳ аст, ки Муҳаммад ибн Ҳанафи дар марг Ибни Аббос гӯфт: раббони уммат, ҷаҳонро ба дуруд гӯфт.[3]

Аломаи Таботабой ҳам дар зери оят менависад: калимаи раббони аз ҷамъи раббонийн аст, мансуб ба рабб аст (монанди калимаи ҳамадони ки мансуб ба ҳамадонро маъно медиҳад) ва барои мансуб намудани каси ба рабб бояд гӯфта мешуд: фалони раб аст на раббони лекин алиф нунро ба манзури бӯзуг ҷилва додани ин интисоб изофа намуданд, ҳамчунон ки вақти бихоҳанд шахсиро ба риш нисбат диҳанд ба форси мегӯянд: фалони ришуй аст ва дар араби гӯфта мешуд: фалони лаҳий аст, лекин барои фаҳмондани ин ки риши ӯ зиёд аст мегуянд: фалони лаҳёни аст ва аз ин қабил калимот дигар низ ҳаст, пас маънои калимаи “раббони” каси аст, ки ихтисос ва иртиботаш бо Рабб шадид ва иштиғолаш ва ибодат ӯ бисёр аст.[4]

Ва ҳамаи Анбиё (а) ба вижа Расули Акрам(с) омадаанд то мардумро “раббони” кунанд. Раббони ба маънои умуми он, пайванди шадид доштан бо Худованд аст ва дар оят мавриди баҳс ба маънои хосси он, яъне “Олим раббони” аст, зеро пас аз фармон ба раббони шудан, фармуд:

﴿بِما كُنتُم تُعَلِّمونَ الكِتابَ وبِما كُنتُم تَدرُسون[5]

«Ба хотири он ки китоби [Худо]-ро таълим медодед ва ба хотири он ки онро мехондед [Олимони] раббонӣ бошед».

Бар ин асос, Олими Раббони каси аст, ки роҳи Анбиё(а) ро пеш гирад ва ҳамонанди онҳо ба таълим китоб ва ҳикмат бипардозад. Онон гоҳи бо навиштан, гоҳи ба гӯфтан ва гоҳи бо рафтор ки муъасиртарин шеваи таълим аст, ба огоҳ кардани мардум мепардозанд.

Шарти Олими Раббони шудан ин аст, ки амали солеҳ дар канори таълим ва тадрис қарор гирад, вагарна Олими бесамар аст. Олими Раббони таълими китобро ҳамроҳ бо тазкияи нафс пешаи худ сохта аст[6] ва чун то руҳ каси тоҳир ва покиза нашавад, тавонони тадҳир ва покиза кардани дигариро надорад, Олими барбони ислоҳ ва тазкияро аз худ шуруъ мекунад; онгоҳ дар ҷомеъа муноди ислоҳ ва тазкия аст.[7]

Роҳи раббони шудани инсон

Пайғамбари акрам(с) мефармояд:

«ما من مؤمن، ذكر أو أنثي، حرّ أو مملوك إلاّ ولله عليه حق واجب: أن يَتَعَلّم من القرآن ويتفقّه فيه. ثمّ قرء هذه الآيه: ﴿ولكن كونوا ربانيّين بما كنتم تعلّمون الكتاب[8]

“ Ҳеҷ муъмини нест, хоҳ мард бошад ё зан, озод бошад ё барда, магар инки Худованди Мутаъоли ба уҳдаи ӯ ҳаққи воҷиби кард ва он ин аст, ки Қуръонро биёмӯзад ва дар он диққати назарро ба харҷ диҳад” онгаҳ ин оятро хонд:

Валекин [мегӯянд:] ба хотири он ки китоби [Худо]-ро таълим медодед ва ба хотири он ки онро мехондед [Олимони] раббонӣ бошед.»

Ҳаққи Худованди Субҳон бар ҳамагон ин аст, ки Қуръонро фақиҳона таълим гиранд; зеро Қуръони Карим инсонро ба раббони шудан фаро мехонад ва роҳ онро низ фарогири Қуръон медонад.

Олими Раббони каси аст, ки ҳам пайванди мустаҳкам бо Раббул Алъоламин дошта бошад ва ҳам инсонҳоро ба хуби бипарваронад ва гӯфтори Имомон маъсум(а)

«فنحن العلماء وشيعتنا المتعلمون»[9]

низ барои баёни мисдоқ ва намунаи комили Олими Раббони аст, на мунҳасири он дар Аҳлу Байт(а). Албатта комилтарин мисдоқи Олими Раббони Имомон (а) ҳастанд; аммо роҳи раббони шудан барои шогирдони онон ҳам боз аст.[10]

Олими Раббони шудан, вазифаи ҳамагони аст. Олимони раббони ки пайванди мустаҳками бо Худованд доранд ва бо амри маъруф ва наҳи аз мункар ки ҳамон амр ба қист ва адолат аст, дар тарбияти ҷидди ва мустамир мардуманд, аз шогирдони вижа, ҳамсаф ва ҳамсангари Анбиё(а) ба шумор мераванд ва шаҳодаташон ҳам дар радиф шаҳодати онон қарор дорад ва шомили ин асли куллианд:

﴿وكَأيِّن مِن نَبِي قَاتَلَ مَعَهُ رِبِّيّونَ كَثيرٌ فَما وهَنوا لِما أصابَهُم في سَبيلِ اللهِ وما ضَعُفوا ومَا استَكانوا واللهُ يُحِبُّ الصَّابِرِين.[11]

«Ва чи бисёр паёмбаре, ки мардони илоҳии зиёде ҳамроҳи ӯ ҷангиданд; ва дар баробари он чи дар роҳи Худо ба онон расид, сустӣ накарданд ва нотавон нашуданд ва таслим нагардиданд; ва Худо собиронро дӯст медорад».

Расул Худо(с) ҳам монанди дигар Анбиё(а) пайравони хосси тарбият кард, ки барои таҳақуқи ормонҳои Илоҳи ва барпо кардани адл то марзи шаҳодат пеш мерафтанд.

Олими Раббони ҷойгоҳ ва вазифаи хешро ба хуби мешиносад ва каси ки Олими Раббони нест дучори афроту тафрит хоҳад шуд; яъне мумкин аст бо тафрит ва зиёдарави нораво худро ба куштан диҳад; ё тарси беҷои ӯро ба тақия ё хилофи вазифа водорад.[12]

Тувзиъи ин ки “Олими Раббони” донишманди масуб ба рабб аст ва ин нисбат этибори ва қарордоди нест, балки пайванди ҳақиқи миёни ъабд ва мавлояш аст, ин аст, ки раббони каси аст, ки афзун бар иртиботи шадид бо Парвардигораш, шадидултадбир ва низ мудаббири хуб барои ҷомеъаи башари ва уммати исломи аст. Ба гӯфтаи Табарси: Олими Раббони бояд сиёсати умурро ник бидонад ва ҷамеъаро хуб бипарваронад ва сиёсат мадори варзида бошад;[13] чунин каси ки дастпарвардаи Худованд аст ва дар мактаби Илоҳи хуб парвариш ёфтааст, тавони тадбири дигаронро дорад, ҷунонки Амирал Муъминин Алй (а) худро раббони ин уммат хондааст:

(فاستمعوا من ربانيكم.[14])

“Аҳбор” Олимонианд, ки на танҳо ба зевари илм оростанд, балки донишро дар ҷомеъа зевар ҷилва медиҳанд, зеро Аҳбор аз ҳабр ба маънои зевару зинат аст ва таҳбир ба маънои нику ҷилва додан. Илм замони дар ҷомеъа зебо ҷилва мекунад, ки Олим ҳам онро ба кор бигирад ва зимни канори таблиғи забони, сунна ва сирааш (рафтораш) мардумро ташнаи маорифи дин ва мадрасаҳои илми кунад. Бале баъзе шояд дунё параст бошанд ва он маорифро ҳам напазиранд; вале бисёри мардум ва ҷавон бо дидани рафтори Олим паёми ӯро мепазиранд, зеро ҳеҷкас бар хилофи камоли худ ҳаракат намекунад.

Қуръони Карим натанҳо Олимони раббониро муарифи мекунад, балки роҳи раббони шуданро нишон дод ва онро таълим китобҳои Илоҳи ва дар хидмат онҳо будан медонад то дар асри инсонҳоро Олими Раббони кунад:

﴿ولكِن كونوا رَبّانِيّينَ بِما كُنتُم تُعَلِّمونَ الكِتابَ وبِما كُنتُم تَدرُسون[15]

Зеро Китоби Илоҳи. Ҳам илмҳо ва маориф ақлиро мефаҳмонад ва ҳам роҳи тазкия ва поки нафсро менамояд ва ҳам соликони покро муаррифи ва самараи васл ба ин ҳадафро баён мекунад.[16]

 


[1] . Ҳасан Ъамид, Ъмид фарҳан форси, зери калимаи раб.

[2]. Сураи Оли Имрон. Оят 79.

[3] . Табарси Ҳасан, Маҷмуъа Албаён, ҷ.1, саҳ. 466.

[4] . Таботабой,Сайд Муҳаммад Ҳусейн, Тафсири Алмизон,ҷ.5,саҳ.3.

[5]. Сураи Нисо, ояти 172.

[6] . Қуръони Карим таълим ва тазкияро канори якдигар меоварад; леки гоҳе”таълим”ро пеш аз тазкия зикр мекунад, то муқаддам тазкия бошад, чунон ки дар дуъо Иброҳими Халил(а) омадааст:

( Парвардигори мо! Ва дар миёни онон паёмбаре аз худашон барангез, то оятҳои Туро барояшон бихонад ва ба онҳо китобу ҳикмат биомӯзад ва ононро пок намояд; ҳамоно Ту Худ пирӯзманди ҳакимӣ).

Сураи Бақара, ояти 129. Ва замони тазкияро пеш аз таълим меоварад, зеро ҳадафи таълим ва муқадам бар он аст.

[7] . Ҷаводи Омули Абдуллоҳ, тафсири Тасним, ҷ.14, саҳ.667.

[8]. Сураи Оли Имрон. Оят 79.

[9] . Кулайни Муҳаммад, Алкофи, ҷ. 1, саҳ. 51.

[10]. Ҷаводи Омули Абдуллоҳ, тафсири Тасним, ҷ.1, саҳ.244.

[11] .СураиОли Имрон, ояти 146.

[12]. Ҷаводи Омули Абдуллоҳ, тафсири Тасним, ҷ.13, саҳ.506.

[13] . Табарси Ҳасан,Маҷмуъа Албаён, ҷ.3, саҳ.306.

[14]‏. Шариф Ризо, Наҳҷул Балоға, хутбаи 108. ( Пайғамбари Акрам (с) ҳам ӯро раббони ин умат номида аст. (Маноқиби Оли Абитолиб, Ибни Шаҳрошуб, ҷ. 2.саҳ. 55.)

[15]. Сураи Оли Имрон, ояти 79.

[16]. Ҷаводи Омули Абдуллоҳ, тафсири Тасним, ҷ.14, саҳ.667 ва 669.

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти