Хешовандон, иртиботи хунӣ бо ҳам доранд. Шоху баргҳои як дарахтанд ва гулҳои як бустон. Па иртиботашон ҳам табиӣ аст ва қатъи робита ва рафту омад миёни ақвом, як бемории иҷтимоӣ ва “офати хонаводагӣ” ба ҳисоб меояд ва агар бедалел бошад, зишт ва норавост. Агар далеле ҳам дошта бошад, қобили рафъ ва шоистаи таҷдиди робита аст.

Ҳазрати Алӣ(к) мефармояд: Пайванд бо хешовандон (силаи раҳим) муҳаббат меоварад.[1]

Равшан аст, ки қатъи ин робита ҳам, сардӣ ва кудурат ва ҷудоии дилҳоро дар пай дорад. Дар аҳодис аз силаи раҳм ба унвони “маҳбубкунандаи инсон миёни хонавода ва бастагон” ёд шуда аст: صلة الرّحم ... محبّتة فی الاهل  [2].

Суфориши зиёди дин, бар ин аст, ки ҳатто бо онон, ки бо шумо қатъи робита кардаанд, силаи раҳим ва таҷдиди робита кунед (صِل من قطعک) ки ин, навъе исор ва гузашти фавқулода металабад.

Маҳдудаи ин пайванд низ густарда аст ва ҳар баҳонаро аз дасти инсон мегирад. Имом Содиқ(а) мефармояд: Силаи раҳим кунед, ҳарчанд дар ҳадди хӯрдани ҷуръаи обе бошад.  [3]

Дар ҳадиси маъруфи дигаре омада аст:صلوا ارحامکم و لو بالسّلام

Ҳарчанд бо салом гуфтан, бо хешовандон пайванд барқарор кунед.

Ончи гоҳе монеи рафтуомадҳои хонаводагӣ ва дидорҳои хешовандон ё дӯстон мешавад, таваққуоти боло, ҳазина ва махориҷ, муатталии рафту баргашт, вақт надоштани афрод ва ... аст. Аммо агар ба ҳадди ақал ҳам розӣ бошем ва лаҳзаи нишастан ва ҳоле пурсидан ва обу чое хӯрдан ва бархостан, ё аз ҳамон дами дар салом кардан ва ҷӯёи ҳол шудан ва баргаштан ҳам бошад, “силаи раҳм” бештар ва иртиботҳо қавитар хоҳад гашт.

Осор ва натоиҷ

Ин навъ пайванд, фавоиди бисёр ва осори дунявӣ ва ухравии фаровоне дорад, ки дар аҳодиси бисёр ба он таваҷҷӯҳ шуда аст, танҳо ба ду намунаи зер, басанда мекунем:

Ҳазрати имом Боқир(а) фармуда аст: Силаи раҳим, “аъмолро” пок, “амвол”-ро афзун, балоҳоро дафъ, ҳисобро осон мекунад ва “аҷал-ро ба таъхир меандозад.[4]

Ҳамчунон ки мебинед, натоиҷи ёдшуда, бархе ба умури дунявӣ марбут аст. Бархе ҳам натоиҷи ухравӣ ва подошҳои илоҳиро нисбат ба ин амал, бозгӯ мекунад.

Ҳадиси дигар аз имом Содиқ(а) аст: Силаи раҳм, ахлоқро некӯ, дастро бахшанда, дилу ҷонро хӯш месозад, ризқро меафзояд ва маргро ба таъхир меандозад.[5]

Ин кори нек ва сода, он қадар созанда ва муфид аст ва ончунон мавриди ризои Парвардигор, ки гоҳе тақдири илоҳӣ ба хотири он дигар мешавад ва Худованд ба подоши ин амали некӯ, бар умри касе меафзояд. Дар муқобил, қатъи робитаҳо ва буридан аз хешовандон, ба ҳадде шум ва нафратбор ва дар назари Худованд, нописанд аст, ки умрро мекоҳад.

Ба ин ҳадиси такондиҳанда таваҷҷӯҳ кунед:

Имом Содиқ(а) фармуд: “Мо чизеро ҷуз “силаи раҳм” суроғ надорем, ки умрро зиёд кунад, то нҷо ки гоҳе то замони марги як нафар, се сол монда аст, вале ӯ аҳли силаи раҳм мешавад. Онгоҳ Худованд, си сол бар умраш меафзояд ва сиву се соли дигар зинда мемонад. Ва гоҳе аҷали касе сиву се сол аст, ба хотири қатъи раҳм ва гусастани робитаҳои хешовандӣ, коҳиш меёбад ва аҷалаш сари се сол фаро мерасад.”[6]

Ҳадд ва марзи силаи раҳим

Ин адаби муошират, ихтисос ба бастагони пок ва ботақво надорад. Як вазифаи ахлоқӣ аст, ҳатто нисбат ба онон ки аҳли гуноҳанд.

Чи басо ба баракати рафту омадҳои бастагони солеҳ, фоҷирон ҳам роҳи салом пеш гиранд ва таъсир бипазиранд. Гоҳе тарки муровида ва рафту омад, сабаб мешавад, ки бастагони маъсияткор, дар гуноҳ ва бероҳаи худ, бештар пешравӣ кунанд вале ҳифзи робита, ҷилави бадтар шудани ононро мегирад. Пас нигаҳбонӣ аз ин хатти иртибот ва пайванди хешовандӣ як амри зарурӣ аст.

Шахсе аз имом Содиқ(а) пурсид: Бархе хешовандонам хатту тафаккури дигаре доранд, ғайр аз фикру мароме, ки ман дорам. Оё онон бар ман ҳаққу ҳуқуқ доранд? Ҳазрат фармуд: оре, ҳаққи қаробат ва хешовандиро чизе қатъ намекунад. Агар бо ту ҳамфикр ва ҳамақида бошанд, ду ҳақ бар ту доранд: яке ҳаққи хешовандӣ, дувум ҳаққи Ислом ва мусулмонӣ.[7]

Ҳатто агар бастагон, мояи озори инсонро ҳам фароҳам кунанд, боз ҳаққи гусастани пайвандро надорем. Дар ҳадис омада аст:

Марде хидмати Расули Худо(с) омад ва арз кард: Ё Расулаллоҳ(с)! Ман хешованде дорам, ки ман бо онон пайванд барқарор мекунам ва робита дорам, аммо онон озорам медиҳанд. Тасмим гирифтаам ононро тарк кунам. Ҳазрати Расули Акрам(с) фармуд: Онгоҳ, Худо ҳам туро тарк мекунад! ... гуфт: Пас чи кунам? Расули Худо(с) фармуд: Ба касе, ки маҳрумат карда аст, ато кун, бо касе ки аз ту бурида аст, робита барқарор соз, касе ки бар ту ситам карда аст, аз ӯ даргузар. Ҳаргоҳ чунин кардӣ, Худованд пуштиботи ту хоҳад буд.[8]

Аз ҳазрати Алӣ(к) нақл шуда аст, ки фармуд:

Бо хешовандонатон пайванд ва рафту омад дошта бошед, ҳарчанд онон бо шумо қатъи робита карда бошанд.[9]

Суннати “силаи раҳим”, аз некутарин барномаҳои динӣ дар доираи муошират аст. Гарчи шакли нави зиндагӣ ва машғалаҳои зиндагиҳои имрӯзӣ, гоҳе фурсати ин барномаро аз инсонҳо гирифта аст, вале ҳифзи арзишҳои динӣ ва суннатҳои судманд ва решадори динӣ, аз авомили таҳкими робитаҳо дар хонаводаҳо аст. Бавижа дар муносибатҳои миллӣ, дар идҳо ва вафотҳо ва оғози соли нав, фурстаҳои табиӣ ва муносибе барои амал ба ин “суннати динӣ” аст.

Бошад, ки бар дастуруламалҳои дин дар буъди иҷтимоӣ ва хонаводагӣ, вафодор бимонем ва сафои зиндагиро дар сароби ғарбзадагӣ ва тақлиди “фарҳанги бегона” набозем.[10]


[1]Ғурарул ҳикам. « صلة الرحم توجب المحبة»   

[2]Усули Кофӣ, ҷ 2, саҳ. 151.

[3]Ҳамон. « صل رحمک و لو بشربةٍ من ماء»

[4]Ҳамон, саҳ. 150.

« صلة الارحام تزکّی الاّ عمال و تنمی الاموال و تدفع البلوی و تیسّر الحساب و تنسیء فی الأجل»

[5]Ҳамон, саҳ 150 ва 151, ҳадиси 6 ва 12.

« صلة الارحام تحسّن الخلق و تسمّح الکفّ و تطیّب النفس و تزید فی الرّزق و تنسیء الأجل»

[6]Ҳамон, саҳ. 152, ҳадиси 17.

[7]Мизонул ҳикма, ҷ 4, саҳ 83.

[8]Биҳор, ҷ 71, саҳ. 100.

[9]Ҳамон, саҳ. 92. « صلوا ارحامکم و ان قطعوکم»

[10]Дар бораи ин мавзуъ аз ҷумла руҷуъ кунед: Таҳлили иҷтимоӣ аз силаи раҳм, Саидҳусейни Шарафуддин.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст