Please update your Flash Player to view content.

mumin

Паёмбар (с) фармуданд: “Муъмин оинае аст, барои муъмини дигар”

Оина замоне айбро мегўяд, ки худ ғуборе надоштабошад.

Оина ҳар чӣ мегўяд, аз рўи сафову латофат мегўяд ва ғаразу маразе надорад.

Оина айбро бесару садо ва хубиҳо ва зебоиҳоро бидуни тамаллуқ ва риё мегўяд.

Оина танҳо айбро нишон намедиҳад, зебоиҳоро ҳам бозгў мекунад.

Оина айб ва ё зебоиро бузург намекунад, балки ба ҳамон андоза, ки вуҷуд дорад, бозгў мекунад.

Оина дар айбгўӣ мурооти ҷоҳ, мақом ва шахсият намекунад.

Оина дар баёни зебоиҳо ваайбҳотаваққуъ ва интизоре надорад.

Оина фақат айбҳои зоҳириро мегўяд ва таҷассус намекунад.

Оина айбро чун уқда ба дил намегирад.

Оина ҳар чӣ беҳтар гўяд, арзишаш бештар аст.

Оина дорои анвоъ ва ақсоме аст ва аз ҳар кадом ба андозаи зарфияташ бояд интизордошт.

Оина аз васоиле аст, ки ҳар чанд гоҳ ҷиҳати ислоҳи худ ба он рўй меоварем.

Оина аз ниёзҳои аввалияи зиндагӣ аст ва бидуни он ислоҳи худ комил нахоҳад буд.

Оинаро ҳангоми айбгўӣ набояд шикаст, балки мебоист, ба ислоҳи худ пардохт.

Оина дар ҳоли шикастагӣ низ аз кораш дастбардор нест ва вазифаи худро иҷро мекунад.

Дил саропардаи муҳаббати ўст

Сина оинадори талъати ўст.

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти