Please update your Flash Player to view content.

 

Дуо кардан дорои осори тарбиятӣ ва ахлоқӣ бисёре мебошад ва илова бар инки худи дуо кардан ибодат маҳсуб ва мавҷиби тақарруби фарди дуо кунанда ба даргоҳи илоҳӣ мегардад, осори дигареро ба дунбол меоварад, ки метавон ба сурати хулоса мавориди зерро ном бурд:

1.Ҳамонгуна, ки дар таърифи дуо омада аст, дуо дархости фарди поин аз болотари худ ба сурати оҷизона аст лизо бояд гуфт, ки дуо боис мешавад дуокунанда, кибру ғурурро канор зада ва мутавозеона дар муқобили Худованд зону бизанад, худро ночиз ва Худовандро бузург ва азим бидонад ва ин боис мешавад, ки ғурур ва худбини ки яке аз сифатҳои разила аст аз вуҷуди фард хориҷ шавад.

2.Аз дигар осори дуо кардан, дури аз яъс ва ноумеди аст. Фарди дуо кунанда бо дуо кардан эҳсос мекунад касе ҳаст, ки ӯро ёри кунад ва нагузорад ба партгоҳ биафтад. Касе ки воқеан дуоро дарк карда бошад ва эътиқоди комил ва рости ба иҷоди робита байни худаш ва Худояш дошта бошад мутмаинан яъс ва ноумеди дар ӯ роҳ надорад.

3.Касби эътимод ба нафс аз дигар осори дуо кардан аст, фарди дуокунанда бо дуо кардан неру ва қудратеро пушти сари худ эҳсос мекунад, ки ӯро ба пеш меронад, эҳсоси танҳои аз вуҷудаш хориҷ мешавад ва вуҷуди Худоро дарунаш эҳсос мекунад лизо бо эътимод ба нафси бештаре ба фаолият мепардозад.

4.Чун қабул шудани дуо беқайду шарт нест балки ихлос ва сафои дил ва тавба аз гуноҳон аз шароити дуо маҳсуб мешавад, фарди дуокунанда дар садади тавба аз гуноҳон бармеояд ва дар худсози ва пок кардани худ аз нохолисиҳо талоши бештаре мекунад. Бинобар ин дуо боис мешавад, ки шахс дар тарбияти хештан гом бардорад ва ин яке аз бузургтарин осори дуо маҳсуб мешавад.

5.Дуо боиси иҷоди оромиши даруни ва нишоти ботини мешавад зеро дуо кунанд эҳсос мекунад неру ва қудрате вуҷуд дорад то ӯро дар сахтиҳо ва гирифториҳо кумак кунад, умуроти шасхи ӯро осон ва мушкилотро рафъ намояд лизо дигар аз ҳаводиси ногувор ва гирифториҳо ҳаросе нахоҳад дошт ва ҳамин боиси тумаънина ва оромиши даруни мешавад.

6.Аз онҷо, ки дуо кардан худ ибодат аст боиси тақарруб ба даргоҳи илоҳӣ ва тақвияти нури маърифат мешавад ба иборати дигар фарди дуокунанда бо дуо кардан, хушнуди Худо ва ризояти ӯро ҷалб мекунад ва дар худ нури тақво иҷод карда ва сатҳи маърифати худро боло мебарад.

7.Дуо дар тарбияти инсонҳо муассир аст. Инсонро ба Худо иртибот медиҳад ва ӯро умедвор нигаҳ медорад то зиндагӣ барояш маъно пайдо кунад.

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти