Please update your Flash Player to view content.

Яке аз ровиёни ҳадис аз имом Содиқ(а) нақл мекунад ки: Аз имом Содиқ(а) пурсидам фидоят шавам оё байни ислом ва эмон фарқе вуҷуд дорад?

Он ҳазрат фармуданд: Эмон шарики ислом аст вале ислом шарики эмон нест.

Боз фармудам: Яъне чӣ? Бештар тавзеҳ диҳед.

Он ҳазрат фармуданд: Ислом, шаҳодат ба ягонаги Худо ва тасдиқи Расули Худо(с) аст ва касе, ки ислом меоварад ва ё мусулмон аст.

Тибқи қонунҳои ислом рафтор мекунад. Чи дар издивоҷ ва ... ва ҳатто риояти либос пушидан ва ҳифзи зоҳир вале эмон ҳидоят мекунад, эмон ҳамон чизе аст, ки дар дилҳо вуҷуд дорад ва ба он амал мекунад. Пас эмон дар ботин аст ва ислом дар зоҳир.

Бинобар ин эмон як дараҷа аз ислом болотар аст. Эмон дар зоҳир шарики ислом аст вале ислом дар ботин шарики эмон нест. Дуруст аст ки шарти вуҷуди ҳар ду гуфтан шаҳодатайн ки ҳамон тасдиқи ягонаги Худо ва тасдиқи Пайғамбар(с) аст вале эмон аст, ки дарун ва ботини фардро ба сӯи ислом ҳидоят мекунад.

Назарҳо   

0 # A 2016-05-14 07:01
Имон як дараҷа аз Ислм болост!
Reply | Reply with quote | Нақли қавл

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти