Please update your Flash Player to view content.

Адлмеҳварӣ ва барпоии қист
Адл яке аз масоили бунёдӣ дар фалсафаи сиёсӣ аст ва аз замонҳои қадим бар ин масъала таваҷҷӯҳ шуда ва то имрӯз талаққиҳои гуногуне аз ин мафҳум вуҷуд дорад, ба гунае ки комунистҳои Шӯравии собиқ, адолатро ба маънои баробарӣ дониста ин суханро, ки «кор ба андозаи тавон ва масраф ба андозаи ниёз» гӯё шиори худ сохта буданд. Дар муқобили чунин бардоште аз адолат, либерализми ғарбӣ қарор дорад, ки адолатро, на ба маънои баробарӣ, балки ба маънои баробарӣ дар фурсатҳо дониста аст.
Нуқтаи муштараки ин ду дидгоҳ ин аст, ки адолат амри қарордодӣ аст ва собит нест, бархилофи Ислом, ки адолатро дорои усул ва қавоиди собит медонад.
Саволи асосӣ ин аст, ки маншаи адолат чист ва чаро бояд онро дар ҷомеа ҳоким кард?
Посухи шарқу ғарб он аст, ки ҳоким шудани адолат сабаби таъмини манофеъ мегардад. Ҳамадонӣ сарчашма ва зарурати иҷро ва ҳукумати адолатро дар фармони Худованд дониста мегӯяд: «Худованд бо гуфтани "инналлоҳа яъмуру биладли валэҳсон" мардум ва ҳокимонро амр ба иҷрои адолат кардааст.»[1] Фарқе надорад, ки иҷрои адолат ба нафъ ё ба зарари онҳо бошад, бояд онро амалӣ намоянд.
  1. Оқибатгароӣ
Яке дигар аз масоили мабноӣ ва асосӣ дар андешаи иҷтимоӣ−сиёсӣ, навъи нигоҳ ба масъалаи баъд аз марг аст. Оё баъд аз марг зиндагии дубора ҳаст ё ҳама чиз нобуд хоҳад шуд. Қабул ё радди ин амр дар ҳадафгузорӣ, ҷиҳатгирӣ ва амалкарди ҳукуматҳо дар арсаҳои дохилӣ ва байналмилалӣ комилан муассир аст.
Ҳукуматҳои коммунистии Шӯравӣ, ки қоил ба зиндагии баъд аз марг набуданд, аъмол ва рафторашонро барои саодати охират анҷом намедоданд Аз нигоҳи Ҳамадонӣ зиндагонии охират маҳсули амал дар дунёст, ҳар чӣ дар дунё коштӣ, дар охират дарав хоҳӣ кард ва ба иборати дигар зиндагии дунё киштзори охират аст, чунонки мегӯяд: «Ҳар касе касби саодати манзили биҳишт ва шақовати манзили дӯзах дар манзили дунё мекунад ... пас ҳақиқатан дунё пуле аст бар раҳгузари охират»[2].
Бинобар ин аз нигоҳи ишон бояд тамоми корҳои фардӣ ва иҷтимоиро ба гунае анҷом дод, ки сабаби растагорӣ дар қиёмат гардад ва ин амр баёнгари маодмеҳварӣ аст.
Маншаи ҳукумат
Яке аз баҳсҳои муҳим дар андешаи сиёсӣ, масъалаи маншаи ҳукумат ва чигунагии пайдоиши ҳукумат аст. Ду дидгоҳи муҳим дар ин масъала вуҷуд дорад: 1) маншаи пайдоиши ҳукумат инсон аст; 2) маншаи пайдоиши он Худованд аст.
Ба назари бархе маншаи ҳукумат амри табиӣ аст; яъне баъзе аз инсонҳо табиатан ҳоким ва фармонраво ҳастанд ва дар муқобил бархе дигар аз инсонҳо мутеъ ва фармонбардор мебошанд. Ба ҳамин хотир маншаи ҳукумат як амри табиӣ аст. Дар муқобили ин назария, ҷамъи дигар бар он ҳастанд, ки маншаи ҳукумат амри табиӣ нест, балки зӯру қудрат аст; яъне қавитарҳо хостаҳои худро бар заъифтарҳо таҳмил карданд ва ҳукуматро падид оварданд[3].
Ҳобз бар он аст, ки чун инсон гурги инсон аст агар қудрати қавӣ болои сари ӯ набошад, якдигарро медаранд. Пас барои пешгирӣ аз ин фоҷеа ҳукумат ба вуҷуд оварданд, то монеи даридани якдигар гарданд.
Ҷамъи дигаре бар онанд, ки гуноҳи аввалияи Одам сабаб шуд, ки Худованд барои муҷозоти фарзандони Одам, ҳукуматро ба вуҷуд оварад. Тибқи ин дидгоҳ маншаи ҳукумат Худованд ва осмонӣ аст.
Ҳамадонӣ маншаи ҳукуматро дар зӯру қудрат ё қарори иҷтимоӣ намедонад, балки маншаи онро илоҳӣ ва осмонӣ медонад, албатта, на онгуна, ки гуноҳи Одам сабаб шуда бошад, ки Худованд барои муҷозоти фарзандони Одам ҳукуматро ба вуҷуд оварад, балки Худованд аз сари лутфу раҳмат ва барои ҳидоят ва ба камол расондани инсон, ҳокимони одилро баргузида, ононро ба иқомаи ҳудуд амр кардааст ва аввалин касе, ки чунин амреро пазируфта ба иҷрои он қиём карда ҳазрати Одам(а) будааст, чунонки мегӯяд: «Ҳукми илоҳӣ барои нишон додани роҳу равиши дуруст ва иқомаи ҳудуди илоҳӣ дар ҳаёти инсон, иқтизо кардааст, ки дар миёни мардум ҳокими одил ва муслиҳи комил бошад ва аввалин касе, ки мансаби салтанатро қабул кард ва ба адои ҳуқуқи ин амри рафиъ қиём намуд, Одам буд”[4].
 
[1]  Захиратулмулук, саҳ. 256.
[2]  Захиратулмулук, саҳ. 276.
[3]  Бунёдҳои илми сиёсат, саҳ. 170.
[4]  Захиратулмулук, саҳ. 225−227.
Таҳияи Р. Қ.

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти