Please update your Flash Player to view content.
Яке аз масоили асосӣ дар андешаи сиёсӣ, ки дар шеваи зиндагӣ ва амали инсонҳо таъсири ба сазое дорад, навъи нигариш ба ҷойгоҳи Худо ва инсон дар низоми ҳастӣ мебошад. Ду нигоҳи куллӣ ба ин масъала вуҷуд дорад:
А) Инсонмеҳварӣ. Инсонмеҳварӣ[1] яке аз мабонии муҳим ва асосӣ дар андешаи ғарб аст[2],  ки дар забони форсӣ ба асолати башар, инсонбоварӣ, инсонгароӣ тарҷума шудааст[3].
Инсонмеҳварӣ нигарише аст, ки манзилати хос барои инсон ва истеъдоду тавони ӯ қоил буда ӯро миқёсу меъёр ва меҳвари ҳамаи чиз медонад[4]. Пас меъёри дуруст ё нодуруст будани як чизе инсон ва хости ӯст, на Худо ё чизи дигар.
Ин андеша ду асл ва вижагии муҳим дорад: 1) худи ҳаёти дунявӣ ҳадаф аст; яъне инсон бояд ба ҳаёти саодатманд дар ин ҷаҳон бияндешад, на ба оқибати фазилатманд дар ҷаҳони дигар; 2) инсон метавонад бо роҳнамоии ақлии худбунёд, таҷрибаи башарӣ ва бе кӯмаки ҳидоятҳои сармадӣ, ҳаёти некӯ барои худ биёфаринад[5].
Қобили зикр аст, ки тарафдорони андешаи инсонмеҳварӣ дар ғарб ду гурӯҳанд; 1) марксистҳо бар онанд, ки барои ҷаҳони ҳастӣ холиқ ва молики ягонае қобили тасаввур нест, дар натиҷа сухан гуфтан бо инҳо аз ҷойгоҳи Худованд дар низоми ҳастӣ ва ҳаёти иҷтимоии башарӣ, кори беҳуда аст, зеро материалистҳо барои ҷаҳони ҳастӣ Худо қоил нестанд, то битавон бо онҳо аз нақши Худованд дар ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии башар сухан гуфт; 2) гурӯҳе бар онанд, ки гарчи тасаввури Худо ба унвони холиқ ва офаридгори ҳастӣ қобил қабул аст, аммо робитаи Худо бо инсон ва ҷаҳони ҳастӣ, робитаи соату соатсоз аст; яъне ҷаҳони ҳастӣ аз ҷумла инсон пас аз офарида шудан ҳеҷ ниёзе ба офаридгори хеш надорад. Пас ҷойгоҳе барои ҳокимият ва қонунгузории Худованд дар низоми ҳастӣ ва ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии башарӣ тасаввур намешавад.
Саранҷоми ин ду дидгоҳ ин аст, ки ҳаққи ҳокимият ва қонунгузорӣ аз они инсон аст ва тамоми корҳо дар ҳамаи арсаҳои зиндагӣ аз масоили иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ... ҳамагӣ бояд инсонмеҳвар ва барои касби ризояти инсон бошад, на Худо.
Б) Худомеҳварӣ. Дар муқобили нигариши инсонмеҳварона, нигариши Ислом аст, ки барои ҷаҳони ҳастӣ молик ва холиқе ба номи Худованд қоил буда ҷаҳони ҳастиро маҳсули тасодуф намедонад, балки далоили зиёде перомуни холиқият ва моликияти Худо бар ҷаҳони ҳастӣ дорад[6]. Ривоёти нақлшуда аз Расули Худо (с), бар хилофи нигариши материалистӣ ба ҷаҳони ҳастӣ, Худовандро ба унвони холиқи ҷаҳони ҳастӣ медонад, чунонки фармуд:
 [7]« اللَّهُ کَانَ قَبْلَ کُلِّ شَیْءٍ, وَاللَّهُ خَالِقُ کُلِّ شَیْءٍ, وَاللَّهُ کَائِنٌ بَعْدَ کُلِّ شَیْءٍ »
Худованд қабл аз ҳар чизе буда ва ӯ офаринандаи ҳама чиз аст ва баъд аз ҳар чизе хоҳад буд.
Ҳамадонӣ(рҳ), ки як мусулмон ва пайрави Қуръон ва Расули Худо(с) аст, барои ҷаҳони ҳастӣ, холиқ ва Парвардигоре қоил аст, ки ягона ва бениёз аст ва ҳамагон ба ӯ ниёзманд буда ва ҳамаи ҳастӣ аз ҷумла ҳаёти иҷтимоии инсон дар қабзаи қудрати ӯст, чунонки дар китоби «Захиратулмулук» ҳангоми тавсифи Худованд мегӯяд: "Бар мардум лозим аст, ки имон дошта бошанд, ки  Парвардигори олам ягонае аст, ки ӯро шарик нест, фарде аст, ки ӯро мислу монанд нест, қадимест, ки ӯро аввал нест, қайюмест, ки ӯро охир нест, азалие аст, ки аввалияти ӯро бидоят нест, абадие аст, ки вуҷуди ӯро ниҳоят нест, ҳайе аст, ки ҳаёти ҷамиъи коинот решае аз файз ва раҳмати ӯст, олиме аст, ки ҳамаи маълумот нуқтае аз доираи илми ӯст, муриде аст, ки маҷмӯъи муродот рақаме аз китоби машияти ӯст, қодире аст, ки ҷамиъи мақдурот мақҳури қабзаи қудрати ӯст ..."[8].
Илова бар он ишон бархилофи нигоҳи ғарб, робитаи Худованд бо инсон ва ҷаҳони ҳастиро дар қолаби соату соатсоз намедонад, балки бар ин бовар аст, ки ҳикмати Худованд иқтизо кардааст, ки ҳокими одил ва муслиҳи комил, бояд дар байни мардум бошад, то ҳудуд ва қонунҳои Худовандро дар ҳаёти фардӣ ва иҷтимоии инсон ҷорӣ гардонад, чунонки мегӯяд: «Ҳикматҳои илоҳӣ барои нишон додани роҳу равиши дуруст ва иқомаи ҳудуди илоҳӣ дар ҳаёти инсон, иқтизо кардааст, ки  дар байни мардум ҳокими одил ва муслиҳи комиле бошад»[9].
Пас Худо барои ҳаёти фардӣ ва иҷтимоии ӯ қонун дорад.
Пайнавиштҳо:
[1]  Humanism
[2]  Бо каме тафовут руҷӯъ кунед ба китоби Ахлоқи секуляр (мафоҳим, мабонӣ, адилла, нақдҳо), Муҳаммад Сарбахшӣ, саҳ. 238; Секулярисм ва авомили иҷтимоии шаклгирии он дар Эрон, саҳ. 68, Қадрдон Қаромаликӣ; Қуръон ва секулярисм, Асадинасаб, саҳ. 70; Нисбати дин ва дунё, саҳ. 52; Секуляризм дар масеҳият ва Ислом, саҳ. 103.
[3]  Фарҳанги улуми инсонӣ, Дорюши Ошӯрӣ, саҳ. 162; Фарҳанги англисӣ−форсии Оксфорд, саҳ. 381; Фарҳанги муосири ҳазораи англисӣ−форсӣ, саҳ. 778; Фарҳанги муосири Пӯё англисӣ−форсӣ, саҳ. 697, Гулпойгонӣ, Сайидмуртазо Нурбахш, Вожагони улуми иҷтимоӣ, Теҳрон, интишороти Баҳина, аввал, 1380 ҳ.ш., саҳ. 115; Даромаде бар макотиб ва назарияҳои ҷомеашиносӣ, Абӯлҳасани Танҳоӣ, интишороти Пежвоки андеша, саҳ. 690.
[4]  Бо каме тафовут руҷӯъ кунед ба Таърихи фалсафа, Фредрик Копелсун, тарҷумаи Сайидҷалолиддин Муҷтабавӣ, Теҳрон, интишороти Сурӯш, дувум, 1368 ҳ.ш., ҷ.1, саҳ. 106; Нақди мабонии секулярисм, саҳ.75; Ахлоқи секуляр, саҳ. 238, Маҳмуди Раҷабӣ, Инсоншиносӣ, саҳ. 46−49.
[5]  Секулярисм гавҳари макшуфи ғарб ё ҷавҳари мастури масеҳият, Алиризо Шуҷоӣ Занд, Кайҳони фарҳангӣ, шумораи 138, 1376 ҳ.ш., саҳ. 36.
[6]  Алмавоқиф фи илмил калом, саҳ. 266; Шарҳулмақосид, ҷ.3, саҳ.7; ал−Илоҳиёт, ҷ.1, саҳ. 33; Худо дар ҳикмат ва шариат, саҳ. 89;  Тавҳид ва сифоти илоҳӣ, саҳ. 97.
[7]  Муснади Аҳмад, ҳадиси 10970; ал−Сунна, Абӯбакр бин Абиосим, таҳқиқи Албонӣ, алмактабул исломӣ, Бейрут, аввал, 1400 ҳ.қ., ҳадиси 645; ал−Асмоъ ва алсифот, ҳадиси 15; ал−Ҳуҷҷату фи баёнил муҳаҷҷату ва шарҳи ақидати аҳлил суннат, ҳадиси 255; Итҳофулмуҳра, Ибни Ҳаҷар, ҳадиси 20257.
[8] Захиратулмулук, саҳ. 12−13.
[9]  Захиратулмулук, саҳ. 235.

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти