Please update your Flash Player to view content.

Сайид Қиёмуддини Ғозӣ яке аз шаҳидони қатли оми зиндони Ваҳдат буд, ки ҳудуд 40 рӯз пеш иттифоқ афтод. Зиндагиномаи худнавиштаи шаҳид тақдими шумо мешавад.
Ба номи Худо
Инҷониб Сайид Қиёмуддин Ғозӣ, мутаваллиди 21,03,1952 мелодӣ дар деҳаи «Қаламтуғай»-и ноҳия Ҳисори давлати Тоҷикистон дар хонаводаи рӯҳонӣ ба дунё омадаам. Насабам тавассути имомзода Сайид Мӯсо Мубарқаъ ба ҳазрати имом Муҳаммад Тақии Ҷавод (Салому дуруди Худо бар ӯ бод) ба ҳазрати Расули Аъзам ( салаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) мерасад. Аҷдодам ҳамагӣ аз орифон, олимон, ноширон, ва мураввиҷони дини ҷаддшон буда ва аз муҷоҳидон, муборизон ва сиёсатмадорони рӯзгори хеш буданд.
Падари бузургворам Сайид Имомуддин Ғозӣ(рҳ) ориф, шоир, фақеҳ ва мутакаллими барҷастаи замони худ буд ва аз эшон чанд асаре ба мерос мондааст. Падарбузургам ҳазрати Сайид Ғозӣ(рҳ) ориф, шоир, хаттот, ҳофизи кулли Қуръони Карим, муҷоҳид ва аз муборизони зидди давлати золими коммунистӣ буд. Ҷадди бузургворам ҳазрати эшони Сайид Шоҳгард Алӣ(рҳ) ориф, шоир, хаттот, ҳофизи кулли Қуръони Карим, муфассир ва сиёсатмадори барҷаста буд, ки дар айёми ҷавонӣ дар хидмати падари бузургвораш улуми муқаддамотиро омӯхт ва барои идомаи таҳсилоти динӣ ба давлати Афғонистон ва шибҳи қораи Ҳинд сафар карда ва ба муддати 10 сол аз бузургтарин асотиди он замон файзҳо бурдаанд. Эшон дар соли 1888 мелодӣ дар вилояти Хатлони Тоҷикистон ҳаракати мардумӣ ва динӣ бар зидди ҳокимони золим ва мустабиди Бухороро раҳбарӣ менамуданд, ки баъдҳо ин ҳаракат ба «шӯриш ё инқилоби Восеъ» шӯҳрат ёфт.
Инҷониб муқаддамоти улуми исломиро аз падари бузургворам ва сипас муллоҳои маҳаллӣ ва суннатӣ ва аз олимони барҷаста он замон баҳра бурда ва барои идомаи таҳсилотам ба шаҳри Намангон (Ҷумҳурии Узбакистон) ва аз маҳзари устоди бузург ва вораста, ориф, шоир, муҳаддис, маорифпарвари барҷастаи он замон домулло қорӣ Икромуддин Намангонӣ дар улуми мухталиф баҳраҳо бурдам ва пеш аз фавти он бузургвор тақрибан пас аз якуним сол ба кишвар бозгашта ва аз маҳзари бузургоне ҳамчун мавлавӣ қорӣ Муҳаммадҷони Ҳиндустонӣ, қозӣ Абдуррашид ва мулло Аҳмади Бухороии Исфаҳонӣ ниҳояти истифодаро бурдаам.
Банда дар заминаи бедории сиёсӣ аз устоди азизам марҳум мулло қорӣ Аҳмади Бухороӣ Исфаҳонӣ баҳра бурдам ва такмили илм кардам. Эшон аз тарафи падар Исфаҳонӣ ва аз тарафи модар Бухороӣ буданд. Падарашон аз вазирони аморати Бухоро буда ва худ узви муҷаддидони ҷавонони инқилоби Бухоро буданд. Аз эшон улуми сиёсӣ ва ҷуғрофия ва ошноӣ бо шахсиятҳо, ҳаракатҳо ва ҷунбишҳои исломӣ ва инқилобҳои ҷаҳонӣ, илми суханронӣ, луғат ва ғайраро фаро гирифтам.
Ҳамчунин инҷониб дар соли 1996 мелодӣ аз донишгоҳи Кобул ва аз дасти бародари азизам қаҳрамони шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд бакалаври сиёсат ва ҳуқуқро дарёфт намудам ва узви Маҷмаи уламои исломии Афғонистон низ будам ва аз ҳамин сол вориди донишгоҳ Аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ дар Исломобод шуда ва дар соли 2000 мелодӣ дар риштаи адабиёти форс ва тоҷик муваффақ ба дарёфти магистратура шудам.
Ва низ дар муддати ду соле, ки дар Арабистони Саудӣ сарзамини ваҳй иқомат доштам аз бузургтарин асотиди ҳарамайни шарифайн баҳра бурдам ва низ дар замонҳое, ки дар Ҷумҳурии Исломии Эрон будам, -шояд ба муддати 2-3 сол – аз маҳзари бузургони он диёр низ баҳраҳои фаровони илмӣ ва маънавӣ бурдаам. Бузургоне чун оятуллоҳ Макорими Шерозӣ, оятуллоҳ Ҷаводии Омулӣ, оятуллоҳ Нурии Ҳамадонӣ ва дигар бузургон.
Замоне ки дар худ эҳсоси масъулият ва таклиф кардам бо бародар, дӯст ва ёри даврони талх ва ширинам марҳум устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар соли 1972 мелодӣ Наҳзати Исломии Тоҷикистонро бунёнгузори намуда ва барои он чаҳор шӯъба таъсис намудем. Ҳамчунин ҳар он чизе аз масоили сиёсиро, ки аз устодам марҳум мулло Аҳмад ва аз кутуб меомӯхтам ва китобҳоеро, ки аз дӯртарин нуқоти Шӯравӣ собиқ, ки таҳия менамудам онро ба бародари узбакзабони азизам марҳум ҷаноби қорӣ Аллома раҳматуллоҳ интиқол медодам ва ҳамин буд, ки эшон низ дар ҳамон солҳо бо ҷамъе аз рафиқон ва шогирдонаш Наҳзати Исломии Узбакистонро дар онҷо таъсис намуданд.
Дар соли 1986 мелодӣ дар пайи дастгирии марҳум устод Нурӣ тавассути давлати коммунистӣ бо тане чанд аз дӯстон аввалин ва яке аз бузургтарин тазоҳуротро зидди давлати зиддидинии коммунистӣ роҳандози кардем, ки он ба муддат 3 рӯз тӯл кашида ва чанд ҳазор нафар дар он ширкат доштанд.
Дар тӯли даврони фаъолиятам борҳо ва борҳо дастгир ва шиканҷа шудаам, вале алҳамду лиллоҳ дастгиршуданҳоям ба муддати тӯлонӣ набудааст. Аввалин бор соли 1979 дастгир шудам. Замоне ки Шӯравӣ мехост ба Афғонистон ҳамла кунад дар миёни ҷавонони мусулмон шоеапароканӣ карда буд, ки Амрико ба Афғонистон ҳамла кардааст пас бояд барои дифоъ аз бародарони мусулмони худ шумо ба онҷо эъзом шавед. Ин дурӯғ буд. Дар он замон дар худ эҳсоси таклиф намудам ва ба шаҳри Тирмиз барои равшан сохтани масъала ва равшан сохтани диди сарбозон, ки дар ҳоли эъзом ба Афғонистон буданд, рафтам ва ба муддати як ҳафта дар шаҳри Тирмиз ва навоҳии он суханронӣ ва равшангарӣ кардам ва баён намудам, ки шумо ба ҷиҳод зидди Амрико намеравед балки ба ҷанги бародаркушӣ меравед. Дар онҷо дастгир шудам.
Дар соли 1992мелодӣ дар замони тазоҳуротҳои истиқлолхоҳии мардуми Тоҷикистон, Наҳзати Исломии Тоҷикистон нохоста вориди ин ҷараёнҳо шуда ва ба сабабҳои гуногун ин тазоҳуротҳо ба панҷ сол ҷанги дохилии таҳмилӣ анҷомид. Дар таърихи 5,9,1992 мелодӣ бо тасвиби Наҳзати Исломӣ банда ба унвони аввалин муҳоҷир ва ба унвони меҳмони вижа аз тариқи сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон расман вориди ҶИЭ шудам ва пас аз дидору гуфтугӯ бо бузургон бо кӯмакҳои фаровони молии онҳо барои муҳоҷирон вориди Давлати Исломии Афғонистон шудам.
Дар тӯли панҷ сол муҳоҷират банда бо масъулиятҳои мухталифи Наҳзати Исломӣ дар хидмати муҳоҷирон будам ва барои дарёфт ва ҷамъоварии кӯмакҳо ба хеле аз кишварҳо сафар намудаам. Дар соли 1997 мелодӣ узви аршади сулҳ буда ва ба муддати тақрибан 3 сол дар Комиссияи Оштии Миллӣ (КОМ) фаъолият кардам. Дар соли 2006 мелодӣ пас аз реҳлати марҳум устод Нурӣ зоҳиран аз фаъолиятҳои сиёсӣ канора гирифта ва дар ҳақиқат ҳар мусулмони равшанзамир, чӣ кора аст пеши шумо дӯстон ва азизон маълум аст … Ва боз ба шуғли хонаводагиям, яъне таблиғ ва нашри маорифи исломӣ ва тарбияти шогирдон барои Исломи азиз ва ин миллату сарзамин ва таълиф машғул шудам ва ҳастам.
Вассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ
Сайид Қиёмуддини Ғозӣ
Рӯҳаш шод ва роҳаш пурраҳрав бод!
Баргирифта аз http://rasanews.ir/fa/news/607553/ бо каме тағйирот

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти