Please update your Flash Player to view content.

Шарҳи қасидаи "Бурда"-и Бусирӣ (Абӯабдуллоҳ Муҳаммад Ҳаммод)
Ин асар саду шаст байт дошта шарҳи қасидаи Бурда мебошад. Ин асар дар китобхонаи Мирзо Абдулқодири Гелонӣ дар Бағдод ба шумораи 1358 ва нусхаи хаттии он дар донишгоҳи Теҳрон ҳаст.
• Шарҳи қасидаи Айнияи рӯҳия (Ибни Сино)
Ин китоб дар шарҳи қасидаи Шайхурраис Ибни Сино аст, ки дар китобхонаи марказии донишгоҳи Теҳрон мебошад.
• Одоби сияри аҳли камол
Ин асари ирфонӣ аст, ки дар китобхонаи марказии донишгоҳи Теҳрон ба шумораи 67-69 мебошад.
• Ихтиёроти Мантиқултайр (ҳафт водӣ)
Баҳси ин асар Мантиқултайри Шайх Аттори Нишобурӣ аст. Нусхаи хаттии он дар китобхонаи марказии Теҳрон ба шумораи 4118 ва дар Тошканд ба шумораи 1082 - 1083 мавҷуд аст.
• Аҳкоми намоз
Ин рисола дар китобхонаи марказии донишгоҳи Теҳрон ба шумораи 464 ҳаст.
• Ақсоми нуфус
Ин асар дар бораи тақсимбандӣ ва анвои нафс навишта шудааст, ки дар китобхонаи Қудси Разавии Машҳад ба шумораи (фиши 1627) ҳаст.

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти