Please update your Flash Player to view content.

  • Тоифаи мардум
Мавзӯи ин рисола тақсими инсонҳо ба гурӯҳҳои мухталиф аст. Ишон дар ин рисола инсонҳоро бино бар истеъдоди зотие, ки доранд ба чаҳор даста тақсим мекунад: 1) маҷзубони роҳи Ҳақ, ки ба ҳадди истеъдоди худ дар роҳи ҳидоят қадам мебардоранд; 2) солики роҳи Ҳақ, ки саъй мекунад ба болотарин дараҷа ва роҳи сулуку ирфон бирасад; 3) ғофилон, ки ғарқ дар ҷаҳлу нодониянд, ки ба васоили ҳидояти Худо аҳамият намедиҳанд; 4) махсусони хилқат, ки асфиё ва баргузидагони Худованд ҳастанд. Ин асар дар китобхонаи музеи Англия мавҷуд аст.
  • Ҳақиқати нур ва тафосили анвор
Мавзӯи ин асар, ки аз номаш маълум аст ҳақиқати нур аст, ки ҳамаро бибинад, бидонад ва равшан гардонад ва онро нури мутлақ гӯянд, ки сифати Ҳақ Таоло аст. Ишон мегӯяд: Солики роҳи Ҳақ бояд бо зикри “Ло илоҳа иллаллоҳ”, хасу хошоки гуноҳ ва бадиҳои шайтониро бисӯзонад. Вақте ба ӯ таҷаллиёти Илоҳӣ шавад, бояд онро пинҳон ва ҳифзи асрор кунад, то ба мақомоти болотар бирасад. Нусхаи хаттии ин асар дар китобхонаи Марказии Теҳрон ба шумораи 3258 мавҷуд аст.
  • Одоби дастархон
Мавзӯи асар дар одоби хӯрдан ва нӯшидан аст, ки бояд толиби Ҳақ рӯҳ ва нафси худро соф гардонад. Ин асар бо замимаи тазкираи Шайх Каҷаҷӣ чоп шудааст.
  • Одобулмуридин
Мавзӯи ин асар одоби либоспӯшӣ, нишасту бархост ва даъват аст. Ин асар дар китобхонаи Порис ба шумораи 39 ва дар китобхонаи Марказии донишгоҳи Теҳрон ба шумораи 774 мавҷуд аст.
  • Ақвол дар илми тиб ва кимиё
Мавзӯи он илми тиб ва дорӯ аст. Соҳиби Нузҳатулхавотир мегӯяд: Рисолаи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар тиб бо ин иборат оғоз мегардад: Офтоби иноят дар мулки дироят ва бурҷи ҳидоят... Ин асар дар китобхонаи донишгоҳи адабиёт ва улуми инсонии Теҳрон ба шумори 33 мавҷуд аст.
  • Фарҳанги Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ
Мавзӯи ин рисола дар бораи алфози Қуръони Маҷид аст. Ин китобро Боделӣ дар китоби худ ишора кардааст. 
  • Маошулсоликин
Мавзӯи он дар бораи ҳалолу ҳаром аст, ки онро барои муридаш ба номи ҳоҷӣ Қивомиддини Бадахшӣ навиштааст. Ин шогирд чиҳил сол бо Сайид Алӣ ва ҳангоми вафоташ низ дар канораш буда ва тибқи васияти Сайид дафну кафани ӯро дар Кӯлоб анҷом додааст[1].
  • Чиҳил асрор ё ғазалиёт
Ин асар шомили маҷмӯае аз ғазалиёт ва шеърҳои Сайид Алӣ аст, ки дар як шаб навиштааст. Ин асар дар китобхонаи марказӣ ва маркази асноди донишгоҳи Алломаи Таботабоии Теҳрон ҳаст.
  • Девони Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ
Ин асар шеърҳои ӯ дар мавзӯъҳои гуногун буда дар китобхонаи марказии донишгоҳи Теҳрон ба шумораи 3036 мавҷуд аст.
  • Шарҳи калимоти Бобо Тоҳир
Ин рисола назди Мирзо Абдурразоқи Воизи Ҳамадонии муҳаддис будааст[2].
 
[1]  Шарҳи муродоти Ҳофиз, саҳ 81.
[2] Алзариа, ҷ.14, саҳ 40.

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти