Please update your Flash Player to view content.
 
  • Ақл ё Ақлия
Ин рисола дар бораи маъно, фазилат ва маротиби ақл навишта шудааст. Ин асар дар донишгоҳи Теҳрон ба шумораи 3258, дар Тошканд ба шумораи 3340 ва дар Тоҷикистон ба шумораи 736 ҳаст.
  • Фақрия
Мавзӯи он дар бораи авлиё ва аҳволу сифатҳои онҳо аст ва авлиёи Илоҳиро баъд аз пайғамбарон(а) хулосаи аҳли олам муаррифӣ мекунад. Ин рисоларо бо дархости шахси толиби ҳаққе навишта аст. Нусхаи хаттии ин асар дар китобхонаи Малики Теҳрон ба шумораи 4274 мавҷуд аст.
  • Машият
Мавзӯи он дар бораи улум ва истилоҳоти ирфонӣ аст. Хулосаи сухани Сайид Алӣ ин аст, ки бо ёд гирифтани‌ улум ва истилоҳоти ирфонӣ‌ наметавон ба ҳақиқат расид, балки бояд ба донистаҳо амал ва бо муҷоҳидату риёзат роҳро тай кард, вагарна машияти Илоҳӣ расидан ба олами кашф муяссар намешавад. Ин асар дар Тошканд ба шумораи 2190 ва дар Тоҷикистон ба шумораи 837 ҳаст.
  • Чиҳил мақоми суфия ё Чиҳил асрор
Мавзӯи он орифона ва маҷмӯаи чиҳил манзили орифонаи Сайид Алӣ аст, ки дар як шаб онро сурудааст. Ин асар дар хонқоҳи Заҳабияи Шероз мавҷуд аст.
  • Мучалка[1]
Ин асар дар бораи тафсир, шарҳ ва тавзеҳи оёти Қуръони Карим аст, ки бо дархости шогирдаш навишта шудааст. Ин асар дар китобхонаи Малики Теҳрон ба шумораи 4250 вуҷуд дорад.
  • Сайру сулук ё Ҳаққуляқин
Мавзӯи он мартабаҳои сайру сулуки солик ва аҳволи орифон ва дар китобхонаи Малики Теҳрон ба шумораи 4250 мавҷуд аст.
  • Нурия
Ин асар дар бораи дуо ва одобу шароити он дар ирфон баҳс мекунад ва дар донишгоҳи Теҳрон ба шумораи 3258 мавҷуд аст.
  • Вуҷудия
Мавзӯи ин асар вуҷуд аст ва дар бораи вуҷуди Худо ва сифатҳои ӯ баҳс мекунад ва дар донишгоҳи Теҳрон ба шумораи 184 мавҷуд аст.
  • Талқиния
Ин китоб дар мавзӯи одоби сайру сулук барои касоне, ки дар ибтидои роҳи ирфон ҳастанд, навишта шудааст. Ин асар дар китобхонаи Малики Теҳрон ба шумораи 4274 мавҷуд аст.
  • Инсония
Мавзӯи он дар бораи инсон ва офариниши ӯст ва дар китобхонаи Малики Теҳрон ба шумораи 4274 нигаҳдорӣ мешавад.
  • Минҳоҷулорифин
Ин рисолае аст, ки муқаддимаи кӯтоҳ ва беш аз сад андарзи ахлоқӣ ва ирфонӣ дорад ва дар китобхонаи Маҷлиси шӯрои исломии Эрон мавҷуд мебошад.
  • Мизонулақоид
Ин рисола дар бораи дуо ва муноҷот аст ва дар китобхонаи Маҷлиси шӯрои исломии Эрон мавҷуд аст.
  • Рисолоти ирфонӣ
Мавзӯи он одоби риёзат ва истилоҳоти орифон аст ва дар бахши нусхаҳои хаттии донишгоҳи Теҳрон дафтари 5, саҳ 93 нигаҳдорӣ мешавад.
  • Тасаввури ниҳоят ва инҳисори мавҷудот
Ин асар дар китобхонаи Маҷлиси шӯрои исломии Эрон ҳаст.
  • Суолот
Дар ин рисола Сайид Алӣ ба даҳ суоли каломии муридон посух додааст. Нусхаи хаттии он дар китобхонаи Марказии Теҳрон ба шумораи 3339 ва дар Исломобод дар китобхонаи Ганҷибахш ба шумораи 5417 ва дар Тошканд мавҷуд аст.
  • Асноди ҳиляи[2] ҳазрати Расул (с)
Мавзӯи ин асар тавсифи чеҳра ва сурати зоҳирии мубораки ҳазрати Расули Акрам (с) аст, ки Сайид Алӣ мегӯяд, ки ин ҳиляро шахсе барои Ҳоруни Аббосӣ нақл кард. Ҳорун аз ӯ қадрдонӣ намуд. Ӯ таъкид мекунад, ки мӯъминон ин ҳиляро бояд бидонанд, то ба хайру баракат бирасанд. Ин асар дар Тошканд ба шумораи 4057 мавҷуд аст.
 
[1] Мучалка яке аз муридони ишон аст. Мучалка ба зарфи кӯчак ва зариф гуфта мешавад.
 
[2] Ҳиля ба маънои сурати зоҳирӣ ва шакли инсон ва чигунагии пайкар ва ранги чеҳра аст.
 

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти