Please update your Flash Player to view content.

 

  • Маномия

Мавзӯи он баён ва кайфияти хаёл ва маротиби хобу рӯъё аст. Ин асар дар донишгоҳи Теҳрон ба шумораи 2830 ва Тошканд ба шумораи 3347 нигаҳдорӣ мешавад.

  • Ҳалли мушкил ё Мушкили ҳал

Мавзӯи он ирфонӣ ва хулосаву мазмунаш шарҳи байти зайл аст:

Эй мушкили ҳаллу ҳалли мушкил          

Зӣ сӯи азал биҳишти манзил

Дар оғози он‌ мегӯяд, ки ғараз аз ҳамаи улум ва фиристодани паёмбарон (а)‌ ва овардани китобҳои осмонӣ маърифат ва шинохти "Зоти Мутаолӣ"‌ аст ва сипас дараҷоти маърифат: маърифати умуми аҳли имон, истидлолӣ (далоили ақлӣ) ва шуҳудӣ (орифони хос)−ро шарҳ медиҳад ва ба аҳволи‌ анбиё ва аснофи орифон ишора мекунад. Аз мазмуни ибороташ маълум мегардад, ки ҳамаи гурӯҳи урафоро маъзур медорад ва ҳеҷ кадомро гумроҳ намешуморад...[1]. Ин асар дар китобхонаи марказии донишгоҳи Теҳрон ба шумораи 19/2114 мавҷуд мебошад.

  • Воридоти амирия

Мавзӯи он муноҷот ва калимоти қисор аст ва дар Деҳлии Ҳинд чоп шудааст. Ин асар дар донишгоҳи Теҳрон ба шумораи 3258 ва Тошканд ба шумораи 2353 вуҷуд дорад.

  • Мактуботи амирия

Ин рисола шомили беш аз сиву як хитоб ва номаҳо аст, ки ба подшоҳон, бузургон, дӯстон ва муридони худ навиштааст. Ин асар дар Тошканд ба шумораи 2358 мавҷуд аст.

  • Дарвешия

Мавзӯи он ирфонӣ ва дар бораи роҳҳои сайру сулук аст, ки зарур будани сар супоридан ба пир ва устоди роҳнамо ва пайравии комил аз дастуроти ӯ ва ҳамчунин шароити касе, ки вазифааш иршод ва роҳнамоии роҳравони тариқатро бар ӯҳда‌ мегирад, зеро‌ ҳар оят‌, ҳадис, зикр‌ ва тоат шифои як беморие ва дар баргирандаи асроре аст, ки‌ дақоиқи онро ғайр аз паёмбарон ва авлиё касе‌ намедонад... Ин асар дар китобхонаи Ризоромпури Ҳинд ба шумораи 7870 мавҷуд аст.

  • Футувватия[2]

Ин ртсола дар бораи ҷавонмардӣ, шароит ва роҳҳои ба даст овардани он мебошад ва дар донишгоҳи Теҳрон ва Истанбул ва музеи осори Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар шаҳри Кӯлоби Тоҷикистон мавҷуд аст.

  • Авроди фатҳия

Ин китоб маҷмӯаи аврод (вирду зикрҳое аст, ки орифон мехонанд) ва вазифаҳои гуногуне аст, ки имрӯза низ дар миёни дӯстдорон ва пайравони ӯ дар Кашмир бо хузӯъ ва хушӯъ дар маҷолис ва хилват мардум онро мехонанд. Ин асар дар Тошканд ба шумораи 3414 мавҷуд мебошад.

  • Ҳамадония

Мавзӯи он пурсишу посух аст, ки дар ҷавоби пурсиши муриди хеш навиштааст ва дар баёни номи “Ҳамадон” ва тафсири «Ҳама дон» ба равиши ирфонӣ аз оёт ва аҳодис шавоҳид овардааст[3]. Ин асар дар баъзе донишгоҳҳо мавҷуд аст.

  • Довудия

Ин асар дар воқеъ васиятномае аст, ки Сайид Алӣ барои яке аз муридон ё дӯстони худ ба номи Довуд навишта аст ва мавзӯи он дар одоби сайри аҳли камол мебошад. Ин асар дар донишгоҳи Теҳрон ба шумораи 3258 мавҷуд аст.

  • Зикрия

Ин асар дар таҳлилу тафсири‌ зикр ба хусус зикри “ЛО ИЛОҲА ИЛЛАЛЛОҲ” аст ва бо овардани далел аз оёт ва аҳодиси‌ Расули Худо(с) ва баёни далелҳои‌ ақлӣ дар бораи шароит ва одоби хилват ва аркони он баҳс мекунад. Ин асар дар донишгоҳи Теҳрон ба шумораи 3915, дар Тошканд ба шумораи 2332 ва дар Тоҷикистон ба шумораи 3874 мавҷуд мебошад.

 

[1]  Донишкадаи адабиёт ва улуми инсонии Табрез, шумораи 123, саҳ 319.

[2]  Футувват ба маънои мақоме аз мақомоти соликон ва ҷузъе аз фақр ва қисме аз вилояти илоҳӣ аст.

[3]  Дигар ваҷҳ ҳам зикр шудааст. Шарҳи муродоти Ҳофиз, саҳ 79.

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти