Please update your Flash Player to view content.

Гуфт: Омад, Боқир омад!
Марди масеҳӣ пушти дарахт пинҳон шуд. Ӯ мехост имом Боқир(рз)-ро азият кунад. Вақте имом Боқир ба ӯ наздик шуд, аз пушти дарахт баромад. Зуд пеши роҳи ӯ истоду гуфт: Ту бақарӣ, бақар. (Бақар ба маънои гов аст.)
Имом Боқир аз сухани ӯ тааҷҷуб кард. Марди масеҳӣ мисли одамҳои аз худрозӣ пеши имомро гирифт. Ӯ мехост сухани зишташро такрор кунад. Имом Боқир, ки асабонӣ набуд, фақат ҷавоб дод: Ту иштибоҳ мекунӣ, ман Боқир ҳастам! На он чизе, ки ту гуфтӣ!
Марди масеҳӣ бо садои баланд хандиду гуфт: Оё модари ту ошпаз набуд? Баъд қаҳ-қаҳ хандид.
Имом Боқир ором ҷавоб дод: Хуб, ин кори модарам буд. Магар айбе дорад?
Марди масеҳӣ аз ҷавобҳои ороми имом Боқир асабонӣ шуд. Ӯ дӯст дошт имомро асабонӣ кунад. Ҳоло фикр кард то сухани зишттар бигӯяд. Гуфт: Оё модари ту хидматкори бадзабон набуд?
Ногаҳон чеҳраи имом Боқир сурх шуд. Нигоҳи маънодоре ба ӯ кард. Аммо боз оромиши худро ҳифз кард.
Марди масеҳӣ боз қаҳ-қаҳ механдид.
Имом Боқир гуфт: Агар сухани ту рост бошад Худованд модарамро бибахшад, аммо агар дурӯғ мегӯӣ Худо аз гуноҳи ту бигзарад.
Суханони имом Боқир мисли оби сарде буд, ки гӯё рӯи сари ӯ рехта бошад. Имом боз ҳам ором сар ба зер буд.
Марди масеҳӣ ба дӯсташ фикр кард. Ба ҳамон касе, ки аз имом Боқир бадгӯӣ карда буд. Ба худаш гуфт: Ҳамааш айби дӯстам аст. Ӯ ба ман дурӯғ гуфта буд. Боқир одами поку меҳрубоне аст. Хеле ҳам бо гузашт аст.
Пештар рафт. Ӯ мехост аз имом узрхоҳӣ кунад. Гуфт: Бибахшед, сарварам, ман кори баде кардам.
Имом Боқир ба ӯ лабханд зад ва дастҳояшро барои бағал кардани ӯ боз кард. Марди масеҳӣ ба гиря афтод. Ӯ хост мусулмон шавад. Ин фикр ҳамон лаҳза ба зеҳнаш омад. Зуд дасти имом Боқирро бусид ва гуфт: Мехоҳам мусулмон шавам.
Чеҳраи нуронии имом Боқир пур аз шодӣ шуд.
Ёдоварӣ
Имом Муҳаммади Боқир фарзанди имом Зайнулобидин ва набераи имом Ҳусейн аст. Ӯ дар якуми моҳи Раҷаби соли 57 ҳ.қ. дар шаҳри Мадина ба дунё омад. 57 сол умр кард ва дар ҳафтуми Зилҳиҷҷаи соли 114ҳ.қ. дар шаҳри Мадина аз дунё рафт ва да қабристони Бақеъ ба хок супорида шуд.

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти