Please update your Flash Player to view content.

• Ҳақиқати имон
Мавзӯъ ва баҳси ин китоб дар бораи имони суфия аст, на монанди имони мусулмони оддӣ ва сода, чунки имони суфиён фақат зоҳирӣ нест, балки андеша дар ҳастӣ, ҳайрат ва маҳв шудан дар таҷаллиёти зоти Ҳақ аст. Ин асар дар Тошканд бо шумораи 3238 мавҷуд аст.
• Машориқулазвоқ
Ҳарчанд номи китоб арабист, вале ба забони форсӣ аст, ки шарҳе бар қасидаи "Мимия"-и Ибни Форизи Мисрӣ аст. Бо ин ки шеърҳои Ибни Фориз фалсафӣ ва душворфаҳм аст, вале шарҳи Алии Ҳамадонӣ онҳоро осон ва қобили фаҳм намудааст. Ин китоб яке аз беҳтарин ва зеботарин баҳсҳои ирфонии ишонро дар бар мегирад. Ин асар дар дастрас ҳаст.
• Баҳромшоҳия
Ин насиҳатнома барои ҳокими Балх ва Бадахшон - султон Муҳаммад Баҳромшоҳ - аст, ки бо дархости ӯ навишта шудааст ва дар донишгоҳи Теҳрон ба шумораи 4195 ва дар Тошканд ба шумораи 2374 мавҷуд мебошад.
• Миръотултоибин
Ин асари густарда ва муҳими ӯст, ки дар мавзӯи тавба ва шароити он ва таҳлилу баррасии гуноҳони бузургу хӯрд ва ончӣ, ки метавонад гуноҳонро аз байн бибарад, баҳс мекунад. Ин асар дар шуъбаи Адабиёти донишгоҳи Теҳрон ба шумораи 326 мавҷуд мебошад.
• Ахлоқи мӯҳтарам ё Ахлоқия
Ин асар дар мавзӯи ахлоқ аст ва дар Кашфулзунун ба ӯ нисбат дода шудааст. Шогирдаш Нуриддин Ҷаъфари Бадахшӣ онро дар китоби худ Хулосатулманоқиб тарҷума кардааст .
• Сиярултолибин
Мавзӯи асар одоби сайру сулуки тасаввуф ва ирфон ва баёни ҳақоиқи‌ ирфонӣ ва дақоиқи аёние аст, ки Сайид Алӣ барои равандаи роҳ ва толибони даргоҳи Илоҳӣ навишта аст‌. Ин асар дар донишгоҳи Теҳрон ба шумораи 4250 ва дар Тошканд ба шумораи 2330 мавҷуд мебошад.
• Эътиқодия
Мавзӯи асар усул ва мабонии эътиқодии мусулмонон ва маърифати Худо аст. Ин асар дар китобхонаи марказии Малики Теҳрон ба шумораи 4274 мавҷуд мебошад.
• Даҳ қоида
Мавзӯи асар роҳҳои расидани толибони Ҳақ‌ ба боргоҳи Худованди аҳадият; яъне роҳи арбоби муомилот (зоҳидон ва роҳибон),‌ асҳоби муҷоҳидон (аҳли тариқат, ки‌ талошашон сарфи табдили ахлоқ ва пок кардани нафс ва соф кардани дил‌ ва ҷило додани рӯҳ аст)... аст. Ин рисола дар тавзеҳи қавоиди даҳгонаи орифона‌, ки иборатанд аз:‌ тавба, зуҳд, таваккул, қаноат, узлат, зикр, таваҷҷӯҳ, сабр, муроқиба, ризо ва ... мебошад. Ин асар дар донишгоҳи Теҳрон ба шумораи 2920 ҳаст.

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти