Муқаддима
Бузургон дар байни мардум ва ҷомеа монанди чароғҳои фурӯзон ва роҳнамоёне ҳастанд, ки зинда нигаҳ доштани ёду роҳ ва пайравӣ аз онҳо ҷомеаро аз саргардонӣ ва нобудӣ  боз медорад ва фаромӯшӣ ва дурӣ аз онон сабаби сустӣ, осебпазирӣ ва нобудии ҷомеа мешавад.
Бояд донист, ки инсонҳо бо ҷон додан аз дунё мераванд, вале донишмандон бо асар ва андешаҳояшон ҷовидонаанд.
Ҳазрати Алӣ (рз) мефармояд: Эй Кумайл, илму доноӣ беҳтар аз молу сарвати дунё аст, зеро хазинадорони сарват ҳалок шуданд ва ба диёри нестӣ шитофтанд ва дере нагузашт, ки осор ва ахбори онон аз хотираҳои мардум маҳв ва фаромӯш гардид, аммо номи номӣ ва гиромии донишмандон дар ҳамаи давру замон зинда ва пойдор аст. Ҳарчанд ҷисму баданҳои онҳо дар миёни мардум нест, валекин маҷду фазилат ва бузургвории онон дар қаъри дилҳо вуҷуд дорад ва калимоту гуфторашон равшанибахши дилҳои огоҳ мебошад.  
Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ яке аз ин донишмандон аст. Ӯ аз донишмандон, орифон ва файласуфони бузурги асри ҳаштум аст, ки ошноӣ бо андеша ва асарҳояш ҷомеа ва башарро аз офатҳои замона ва бегонагон нигоҳ медорад. Дар ин мақола андешаҳо ва осори эшонро ба сурати хулоса баён мекунем.
Ишон китобҳои зиёде дорад, ки баъзе аз муҳаққиқон онҳоро 110 унвон ва баъзе то 146 унвон ё бештару камтар зикр кардаанд, ки теъдоде аз онҳо мавҷуд ва теъдоде ҳам дар дастрас нест ва ё дар баъзе аз китобхонаҳои дунё мавҷуданд, вале дар ҳоли ҳозир дар дастрас нестанд. Навиштаҳои ӯ дар мавзӯъҳои гуногуне монанди: ирфон, фалсафа, ақида, фиқҳ, ахлоқ, сиёсат, адабу ҳунар ва ... мебошад. Бисёре аз осораш ба забони форсӣ−тоҷикӣ ва баъзе ба забони арабиянд, ки баъдҳо ба забонҳои дигари дунё тарҷума шудаанд. Инак осору рисолаҳои форсӣ ва арабии эшонро зикр менамоем.
Рисолаҳои форсӣ
•    Захиратулмулук
Ин асар дар мавзӯи илми ахлоқ ва сиёсати мудун (идораи шаҳрҳо  ва ҳукуматдорӣ) яке аз муфассалтарин ва машҳуртарин асари ӯ ва дувумин китоби қадимӣ ва беназир аст, ки дар ин мавзӯъ ба забони форсӣ навишта шудааст ва бо китобҳои дигар қобили муқоиса нест . Ин китоб сиёсатнома‌ ва фалсафаи ахлоқӣ аст, ки барои шоҳон ва ҳокимони Мовароуннаҳр ва бо дархости онҳо навишта шудааст, то онҳоро ба равиши хулафои рошидин ва подшоҳони одил даъват кунад. Ин асар дар донишгоҳи Теҳрон, Панҷоби Лоҳур, Берлин ва бисёре аз китобхонаҳои дунё мавҷуд аст.
•    Ақабот ё Қуддусия
Ишон ин китобро ба дархости султон Қутбиддин навишта ӯро аз асос ва усули давлатдорӣ ва салтанат огоҳ сохтааст. Ӯ мегӯяд: "Бузургтарин ақаба (гузаргоҳи сахт) барои подшоҳи мусулмон ин аст, ки аз ӯҳдаи адолату баробарии амалӣ барои зердастони худ барояд ва муваффақ бошад".
Ӯ дар номае султон Қутбиддинро барои иҷрои амрҳо ва наҳйҳои дини Ислом насиҳат мекунад. Ин асар дар Тоҷикистон ба шумораи 483 сабт аст.
2