Please update your Flash Player to view content.

Иллати мусофират ба Кашмир
Баъзеҳо иллати мусофирати Ҳамадониро ба Кашмир дастури ғайбӣ ва эҳсоси вазифаи динии ӯ донистаанд, вале иддае мегӯянд, ки дар асари таҳдиди ҳокимон ва ноамнии Хатлон тавассути амир Темури Гӯрконӣ, ба он хитта муҳоҷират кардааст. Соҳиби Мастурот далели ин мусофиратро фитна ва ошуб зикр карда менависад: Ин пешомадро Сайид бист сол пеш пешбинӣ карда буд, зеро рӯзе Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар мадраса буд ва муридонаш ба хидматаш ҳузур доштанд, ки дар ҷамъи онон гуфт: Баъд аз бист сол чунон футуре дар ин вилоят хоҳад омад, ки на подшоҳе монад ва на мардум осоиш мекунанд ва ин вақоеъ сабаби муҳоҷирати ӯ шавад. Онон пурсиданд, ки кай иттифоқ хоҳад афтод? Дар ҷавоб гуфт: Баъд аз бист сол, ки амирони Ғарҷистон (Оли Карт) аз пой дароянд ва чунон мешавад, ки мо дигар мадрасаи худро нахоҳем дид. Аҳли Хатлон ҷилои ватан намудаанд ва ҷамоате аз орифон ва машоҳир кушта шудаанд
 Бинобар ин гарчи Ҳамадонӣ барои таблиғ дар Кашмир алоқаи зиёд дошта ва дар олами рӯъё, хотами паёмбарон (с) ба вай ин масъулияти хатирро тавсия намудааст, аммо баррасии дақиқтар нишон медиҳад, ки вай ба далели ошуфтагиҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ ва бархурд бо амир Темури Гӯрконӣ ба Кашмир муҳоҷират кардааст.
Мирзо Акмалуддин Комили Бадахшии Кашмирӣ (м. 1231 ҳ.қ.) гуфтааст:
Гар на Темур шӯру шар кардӣ
Кай Амир ин тараф гузар кардӣ?
Ба назар мерасад вуруди Ҳамадонӣ ба Кашмир ногаҳонӣ ва ногузир набудааст, балки бо ризояти комил, огоҳии лозим, эҳсоси вазифа мабнӣ бар таблиғ ва густариши Ислом дар он диёр сурат гирифтааст ва ба ҳамин далел ба васоили гуногун ва аз тариқи афроди эъзомӣ авзоъ, аҳвол ва таҳаввулоти мухталифи он сарзаминро пайгир будааст.
Таҳияи Меъроҷуддини Расулӣ
Манобеъ
1.    Сиёсат ва оини давлатдорӣ аз нигоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ" фаслномаи Рӯдакӣ, Ройзании фарҳангии Ҷ. И. Эрон дар Тоҷикистон.
2.    Аҳволу осор ва ашъори Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ
3.    Мураввиҷи Ислом дар Эрони сағир
4.    Таърихи муғул, Аббос Иқбол
5.    Таърихи Кашмир
6.    Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Шарҳи муродоти Ҳофиз, ба инзимоми нусхаи аслӣ ба хатти Муҳаммади Гуландом
7.    Ҳавошии султон ал-Қироӣ.
8.    Мақомоти орифон
9.    Таърихи адабиёт, Ҳирмон Ата
10.    Усули тасаввуф, доктор Эҳсон Аллоҳ, Алӣ Истахрӣ
11.    Буҳрони Кашмир, Сайид Саҷҷод Разавӣ

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти