Please update your Flash Player to view content.

Мусофират ба Кашмир
 Ҳамадонӣ барои нахустин бор соли 740 ҳ.қ. барои мутолиоти муқаддамоти авзоъ ба Кашмир рафт. Даҳ сол аз нашри дини мубини Ислом дар он минтақа мегузашт. Ӯ дарёфт, ки агар таблиғоти лозим ва кофӣ дар Кашмир сурат нагирад, ҳувияти исломии ин сомон дар маърази хатар қарор хоҳад гирифт. Дар тамоми давроне, ки Сайид Алӣ дар Хатлон иқомат дошт, дар андешаи таблиғ буд.
 Вай дар соли 760 ҳ.қ. ду нафар аз бузургон ба номҳои мир Сайид Ҳусайни Симнонӣ ва мир Сайид Тоҷуддин Симнониро, ки дар Ҳамадон сокин буданд ба ёрӣ талабид ва ин ду нафарро барои баррасии чигунагии шароити иҷтимоӣ ва сиёсии Кашмир ба ин ноҳия, эъзом намуд ва тавассути онон аз соли 760 ҳ.қ. аз вақоеи Кашмир огоҳ мегардид.
Дар рисолаи Мастурот омадааст: Шаб Сайид Алии Ҳамадонӣ, Расули Акрам (с)-ро дар олами рӯъё мушоҳида намуд, ки хитоб ба вай фармуд: "Биё ва ба сӯи Кашмир бирав ва мардуми он сомонро ба сӯи Ислом фаро хон". Ӯ аз он шаб мусаммам гардид, КИ озими ин диёр гардад. Ҳокими Кашмир ҳам дар хоб мебинад, ки офтоб аз ҷануб тулӯъ кардааст. Таъбири онро аз роҳиби будоӣ мехоҳад. Вай ҷавоб медиҳад: Шахсе аз сӯи Мовароуннаҳр меояд ва ҳамаро мусулмон менамояд.
Ҳамадонӣ се мартаба Кашмир мусофират кардааст.
Аввалин бор дар соли 774 ҳ.қ. сафар ва чанд моҳ дар Кашмир иқомат кард ва сипас барои зиёрати хонаи Худо озими ҳаҷ шуд.
Ӯ дар соли 781 ҳ.қ. бори дувум ба Кашмир омад ва то авохири соли 783 ҳ.қ. яъне ду солу чанд моҳ дар ин минтақа машғули фаъолият буд.
Сафари севуми Ҳамадонӣ ба Кашмир дар авоили соли 785 ҳ.қ. буд ва то авохири 786 ҳ.қ. дар он ноҳия монд ва дар маҷмӯъ, панҷ сол дар Кашмир иқомат доштааст.
Аз аввалин сафари ишон ба Кашмир ва фаъолиятҳои ӯ иттилооти дақиқе дар манобеъ нест, аммо маълум аст. Сайид Муҳаммад Ховарӣ ин абётро дар бораи таърихи вуруди ӯ ба Кашмир сурудааст:
Мир Сайид Алӣ шаҳи Ҳамадон            
Сайри иқлими сабъа кард накӯ
Шуд мушарраф зи мақдамаш Кашмир    
Аҳли он шаҳрро ҳидоятҷӯ
Соли таърихи мақдами ӯро             
Ёбӣ аз мақдами шарифи ӯ
Ҳамадонӣ бо ҳафтсад тан аз шогирдон, пайравон ва ёрон, ки ғолибан аз содот ва машоҳиру бузургон будаанд дар таърихи 781 ҳ.қ. вориди Кашмир гардида ва дар онҷо нуфузи зиёде ба даст овард.
Иддае аз содоти эронӣ: Сайид Тоҷуддин ва Сайид Ҳусайни Симнонӣ ва ҳамчунин мухлисони эшон монанди Сайид Масъуд ва Сайид Юсуф дар он сафар аз мулозимонм Ҳамадонӣ буданд. Ҷамъе аз ҳамроҳонаш дар Кашмир монданд, ба гунае ки имрӯза аксари содоти Кашмир аз бозмондагон ва ҳамроҳони боҳиммати Ҳамадонӣ будаанд.
Ҳамадонӣ бо дӯстон ва наздикони худ дар маҳаллае ба номи Алоуддин Парда, дар шаҳри Сарингари кунунӣ, миёнаи пули севум ва чаҳорум, дар канори рӯдхонаи Ҷаҳлуми кунунӣ сукунат гузид. Ин ҳамон мақом аст, ки баъдҳо масҷиди шоҳи Ҳамадонро онҷо бино кардаанд.

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти