Please update your Flash Player to view content.

Рӯзе ҳазрати Расули Худо(с) дар масҷид нишаста буданд.
Араби бодиянишине даромад ва гуфт: Эй Расули Худо, ман гуруснаам, либоси муносиб ва пуле ҳам надорам ва қарздорам. Кӯмакам кунед.
Расули Худо(с) ба Билол(рз) фармуд: Ин мардро ба хонаи Фотимаи Заҳро бибар ва ба духтарам бигӯ, ки падарат ӯро фиристодааст.
Ҳазрати Билол омад ва достонро барои ҳазрати Фотимаи Заҳро(рз) гуфт.
Ҳазрати Фотимаи Заҳро гарданбанди худро, ки ҳадя буд боз кард ва ба Билол доду фармуд: Ин гарданбандро ба падарам бидеҳ то мушкилро ҳал кунад.
Билол бозгашт ва амонатро ба Паёмбари Худо(с) дод.
Расули Худо фармуд: Ҳар кас ин гарданбандро бихарад, биҳиштро барои ӯ зомин мешавам. 
Аммори Ёсир(рз) онро харид ва марди фақирро ба хона худ бурд ва либосу ғизо ва ду баробари миқдори қарз ба ӯ пул дод.
Сипас Аммор ғуломи худро садо зад ва гуфт: Ин гарданбандро ба хонаи Фотимаи Заҳро мебарӣ ва мегӯӣ, ки ҳадя аст. Туро низ ба ҳазрати Фотима бахшидам.
Ғулом гарданбандро ба ҳазрат доду гуфт: Аммор маро низ ба шумо бахшидааст.
Ҳазрати Фотима низ ғуломро дар роҳи ризои Худо озод кард.
Ғулом гуфт: Дар шигифтам! Чӣ гарданбанди бобаракате! Гуруснаеро сер кард, белибосеро пӯшонд, қарзеро адо кард, ғуломеро озод кард ва дубора назди соҳибаш бозгашт.

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти