Please update your Flash Player to view content.
 
 

Гирифториҳои амир
Ҳамадонӣ дар Хатлон ва шаҳрҳои атрофи он ба ваъз ва таблиғ мепардохт. Дар ҳангоми таблиғ ӯ ба ғофилон ва мункирон сухани ҳақро ошкоро баён мекард ва ҳамин амр сабаби гирифториҳои ӯ мешуд. Ӯ ба муридон ҳамвора тавсия мекард, ки бояд ин ҳадиси Расули Худо(с)-ро ҳирзи ҷон ва амалӣ бисозанд, ки «Беҳтарин ҷиҳод ин аст, ки дар ҳузури шоҳи ҷоиру золим сухани ҳақ гуфта шавад». Дар бораи азми худ дар номае ба номи султон Ғиёсуддин, ҳокими Ёхалӣ менависад: «... Агар ҷумла замин оташ гирад ва аз осмон шамшер борад, ончи ҳақ бошад бипӯшад ва ба ҷиҳати маслиҳати фонӣ, дин ба дунё нафурӯшад». Панд ва андарзи ӯ ба ҳокимон ва подшоҳон ҳам сареҳ, тунд ва муассир аст ва ҳақгӯӣ ва ошкорбаёнӣ аз равишҳои эшон буд. Дар ҳамин даврон ба зоҳир ашрори Мовароуннаҳр ва мунофиқони қаламрави султон Ғиёсуддин дар азияти вай кӯшиданд, ва нисбат ба ӯ беэҳтиромӣ раво доштанд. Сайид дар номае ба султон мефармояд: «Агар хотири азиз он мехоҳад, ки аҳли диёр бо ин заиф он кунанд, ки Язид кард бо Ҳусайн (а) саҳл аст, чунки мо ин ҷафоҳоро саодати худ медонем» дар ифшои ҷурми ҳақгӯӣ, ин ҳадиси набавиро нақл мекунад, ки "Ба зудӣ замоне барои мардум меояд, ки ҷасади хар назди онҳо дӯстдоштанитар аз амр ба маъруф ва наҳй аз мункар аст".
 

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти