Please update your Flash Player to view content.

Мусофират ба Хатлон (Кӯлоб)
Сафари Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба Кӯлоб мушаххас нест. Ба эҳтимоли зиёд дар соли 756 ҳ.қ. ба ин сарзамин сафар карда бошад чун пас аз марги Нӯширвони Илхонӣ, ки ҷанг миёни умарои Эрон оғоз шуда манотиқи Ҳамадонро низ дар бар гирифта, Ҳамадонӣ дилтанг шуда ва пас аз он тасмими мусофират ба Хатлонро гирифтааст. Ҳамадонӣ дар Хатлон муридон ва ёрони хуб дошт ва ҳокими он сарзамин барои ӯ эҳтироми фаровон қоил буд ва тақрибан бештари мардум дар Хатлон, Балх, Бадахшон ва Бухоро шӯҳрати тақво ва каромоти ӯро шунида буданд. Яке аз касоне, ки дар ин замина таҳқиқи фаровон кардааст шарқшиноси донишманди рус профессор Кулакоев аст. Ӯ менависад: Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар сарзамини Хатлон деҳе харид ва онро вақфи дар роҳи Худо кард ва бо харҷи худ хонқоҳ ва мадрасае ҳам бино кард ва аз оғоз дар он деҳ маконеро барои мазори худ дар назар гирифта ва ҷудо кард ва фармуд: Ҳар куҷо даргузашт ӯро дар замине, ки омода карда дафн кунанд. Ин профессор, ки рисолаи Инсоннома-и Алии Ҳамадониро шарҳ кардааст дар он рисола менависад: «Ниме аз қаряи вақф шуда аз они чандин шарик будааст». Ӯ аз қавли яке аз муридон менависад, ки ҳаққи шариконро ба дувоздаҳ ҳазор динор харидам ва вақфи хонқоҳи Мир Сайид Алӣ кардам. Пас ба хидмати шайх рафта онро арз кардам. Шайх ғазаб кард ва гуфт: Чаро қабл аз ин ки онро бихарӣ нагуфтӣ то шояд онро дар роҳе, ки нафъи он бештар ба мардум бирасад харҷ мекардем. Аммо баъд менависад: «Алҳамду лиллоҳ, ки шайх андӯҳеро, ки дар дилам буд ба ҷиҳати хариди бақияи қаря дафъ фармуд». Аз ин даврон ба баъд Сайид дар Хатлон монд ва Ҳамадонро тарк кард. Кам-кам имконоти тарбият ва тадрис барои муридони худ фароҳам намуд ва дӯстдоронаш аз дӯр ва наздик ба хидмати ӯ омаданд ва бузургони минтақа муриди ӯ шуданд. Касоне монанди хоҷа Исҳоқ Алишоҳи Хатлонӣ, Ахӣ Ҳоҷӣ, ки Тӯтӣ Алишоҳ ном гирифт ва деҳе аз деҳоти Хатлон ба номи ӯ буд.
Ҷаъфари Бадахшӣ менависад: «Дар соли 773 ҳ.қ. Мир Сайид Алиро аввалин бор дар Хатлон дидам. Он рӯз дар деҳкадаи Тӯтӣ Алишоҳ манзили Ахӣ Ҳоҷӣ, Алии Ҳамадониро мулоқот кардам ва он дуро ба манзили худ даъват намудам. Дар соли 773 ҳ.қ. Ҷаъфари Бадахшӣ пас аз гузаронидани имтиҳонҳо ва машаққатҳои зиёд бар дасти Ҳамадонӣ байъат мекунад» ва менависад, ки баъд аз се моҳ Мир Сайид Алӣ маро ба ҳузури худ бор дод ва иҷозати байъат фармуд ва медонем дар он сол Сайид бо Ҷаъфари Бадахшӣ ба Ғари Бадахшон (Андароб) сафар кард ва чун бемор шуда ба Хатлон бозгашт дар ҳамон сол Мир Сайид Алӣ ду рисолаи мушкили худ ба номҳои «Ҳаллулқусус» ва «Машорибулазвоқ» ба Ҷаъфари Бадахшӣ меомӯзад ва ӯ ба ду тани дигар онҳоро дарс медиҳад ва дар пайи он ин ду китоб паёпай дар хонқоҳи Хатлон тадрис мешавад. Бадахшӣ меафзояд: Дар ҳамон сол аз Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ улуми ботиниро фаро гирифтам. Сипас даъватҳои мухталиф пеш меояд ва Сайид ба мусофират меравад.
Аз рисолаи «Мастурот» мусофиратҳои кӯтоҳи Сайид ба ноҳияҳои Хатлон ҳам маълум мегардад: мислиٌ даъватҳое, ки аз тарафи ҳуккоми Балх ва Бухоро анҷом шуда ва Сайидро мавриди озмоиш қарор додаанд ва ҳамин тавр воқеа ва ҳасодати қозии Бухоро. Ҷолиб ин аст, ки чун Алии Ҳамадонӣ аз буттаҳои имтиҳони зер комилаёр берун омад, ҳама ҷузви иродатмандони ӯ шуданд. Ба унвони мисол ҳокими Бухоро Сайид ва ҳамроҳони ӯро то чаҳор моҳ меҳмон кард ва дар Бухоро хонқоҳи бузург ба номи вай бино намуд.
Дар тамоми ин даврон Мир Сайид Алӣ андешаи худро аз таблиғ дар Кашмир боз намегирифт. Дар соли 760ҳ.қ. ду нафар аз бузургони Ҳамадонро ба номи Мир Сайид Ҳусайни Симнонӣ ва Мир Сайид Тоҷуддин Симнонӣ, ки мебоист аз ёрони Ахӣ Дӯстӣ бошанд ба ёрӣ хост ва эшонро барои мутолиаи авзоъ ба Кашмир фиристод ва ба ин тартиб буд, ки аз ҳар воқеа дар он сарзамин огоҳ мешуд ва он бузургон низ то поёни умр дар онҷо буданд ва ҳамонҷо мадфун шуданд, ки оромгоҳашон зиёратгоҳ аст.

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти