Please update your Flash Player to view content.

Мусофират ба мамолики исломӣ
Ҳамадонӣ аз синни бистсолагӣ яъне тақрибан аз соли 733 ҳ.қ. мусофиратҳои худро оғоз кард ва ин сафарҳо то соли 753 ҳ.қ. ҳудуди 21 сол идома дошт, аз ин рӯ метавон ӯро аз сайёҳони бузурги ҷаҳони Ислом донист, ки иттилооти мусофиратҳои эшон, дар осоре чун «Хулосаи маноқиб» ва «Мастурот» мухтасар дарҷ шудааст.
Ҳамадонӣ аз куҳҳои сахтгузар, даштҳои хушк ва беобу алаф гузашт ва ҳатто як бор ба муддати бисту ҳашт рӯз бе ҳеҷ гуна хӯрданӣ сафар карда ва аз ин мушкилоти худ шикоят накардааст. Ҳатто баъзе вақтҳо ғизоҳои худро ҳангоми масофират ба дигарон мебахшид ва худ гурусна ба роҳаш идома медод. Рӯзе ҳам дар сафари дарёӣ, тахтаи киштӣ мешиканд ва Сайид бо ранҷу заҳамоти зиёд ба лутфи Худованд аз хатари марг наҷот меёбад. Гоҳе машғули аврод ва азкор мешуд аз корвон ақиб мемонд ва худ дар ғурбату танҳоӣ дучори мушкилоте мешуд ва баъд аз ранҷ ва заҳматҳои зиёд ба қофила мепайваст. Гоҳе дар зимни гузаштан аз гузаргоҳҳои сахт ва дарраҳои хатарнок, бо ҷонварони ваҳшӣ рӯбарӯ мешуд, вале бо қуввати имон ва бо тавассул, зикр ва таваккул аз ин мушкилот раҳоӣ меёфт.
Вай чандин бор ба сарзамини Ҳиҷоз ва дигар нуқоти шибҳи ҷазираи Арабистон мусофират намуд ва дувоздаҳ бор ҳаҷ ба ҷо овард. Замоне роҳи ҳаҷро пеш гирифт ва то Язд ба роҳи худ идома дод. Дар онҷо бо иддае фақир ва бенаво рӯбарӯ шуд, пас ҳар чӣ дар тавон дошт ва низ тамоми тӯшаи хешро дар миёни он мустамандон тақсим кард ва аз сафар ҳаҷ баргашт.
Замоне бо устодаш шайх Маҳмуди Маздақонӣ ба Машҳади муқаддас мусофират намуд ва сипас худаш ба танҳоӣ чандин бор ба қасди зиёрати боргоҳи ҳазрати имом Ризо (а) озими ин диёр гардид. Дар ҳамин сафарҳо ба Исфароин рафт ва дар онҷо, шайх Муҳаммад ибни Муҳаммад Азкоиро мулоқот намуд ва аз маҳзараш истифода кард. Ӯ барои зиёрати нишони қадами мубораки ҳазрати Одам(а) ба Сарандеби Ҳинд рафт ва ба кӯмаки занҷирҳое тайи се рӯз, ба он макони душвор баромад ва ҷои қадами мазбурро зиёрат кард. Бино ба нақли муаллифи «Тароиқулҳақоиқ» дар ҳаволии кӯҳи Сарандеб бо теъдоди зиёде аз орифон мулоқот намуд.
Вай дар ҳамин сафар дучори сониҳа гардид, ки чунин тавсиф мекунад: «Бо ҷамъи касире дар киштӣ нишаста будам, ногоҳ киштӣ шикаст ва ман бар тахтапорае мондам. Чанд рӯзе дар дарё будам ва чун наҷот ёфтам вазъият тавре буд, ки се моҳ мебоист пиёда мерафтам то ба ободӣ бирасам ва ба ғизо ва об дастрасӣ пайдо кунам».  Дар идома гуфтааст: «Ба Сарандеб мерафтам, се рӯз бояд дар миёни об ва девча мерафтам ва пас аз ҳар масофати кӯтоҳе боистӣ поямро бо чӯб метарошидам ва девчаҳоро аз поям дӯр мекардам. Барои истироҳат дар шаб дар ҷоҳое, ки каме хушкӣ вуҷуд дошт зерзамин кӯнда шуда буд. Чун ба қадамгоҳи шарифи Одам (а) расидам, занҷири дарозе аз оҳан дидам, ки аз қуллаи сахраи олия овехтааст. Пас пурсидам барои боло рафтан бояд аз ин занҷири оҳанӣ истифода кунам? Гуфт: Оре, пас занҷирро гирифтам ва боло рафтам ва се рӯз болои он сахра будам. Қадами мубораки Одам (а) дар санг нишаста буд ва ҷои он боқӣ буд. Ҷои як қадамро бурида ва ба диёри дигар бурда буданд онро низ зиёрат кардам» .
Чун ба қавли худаш қадам дар бодия ба таваккул ниҳода буд, ҳар ҷо мушкиле барояш пеш меомад ба гунае шигифтангез бар он пирӯз мешуд. Як бор дар сафар хеле ташна шуд. Худаш мегӯяд: «Ба чоҳе расидам ва чизе надоштам, ки бо он об аз чоҳ берун орам. Худро дар чоҳ андохтам ва об хӯрдам ва замоне дар чоҳ таваққуф кардам. Чоҳ баланд буд ва берун омадан мушкил буд. Ногоҳ дидам, ки шахсе бар сари чоҳ омад ва табассум намуд ва дастори худро аз сар бардошт ва як сари дастор ба тарафи ман фурӯ гузошт. Ман онро гирифта аз чоҳ баромадам ва чун хостам, ки аз вай бипурсам, ки ту кистӣ, ӯ нопадид шуд» .
Зиндагии бистсолаи Ҳамадонӣ пас аз бозгашт аз ин мусофиратҳо то соли 722 ҳ.қ. дақиқан мушаххас нест, вале эҳтимол дода мешавад, ки ӯ дар ин ду даҳа ошуфтагӣ дар таърихи минтақа ба таълифи осор, иршоди мардум ва тадриси маорифи динӣ машғул будааст ва албатта мусофиратҳояш байни ободиҳои Ҳамадон идома доштааст.

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти