Please update your Flash Player to view content.

Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ яке аз навобиғ ва шахсиятҳои тирози аввал аст, ки бо сафар ба шибҳи қорраи Ҳинду Покистон, Мовароуннаҳр, Шом ва билоди арабӣ ба фаъолиятҳои гуногуни динӣ ва фарҳангӣ пардохт, ба тавре ки ривоҷ ва густариши дини мубини Ислом ва забону адабиёти форсӣ дар миёни мардуми «Кашмир», марҳуни саъй ва талоши вай аст.
Ӯ дар тӯли ҳаёти худ 3 бор ба Кашмир сафар кард, ки як мартабаи он бо 700 тан аз ёрон, шогирдон ва пайравонаш, ки бештар аз содот, машоҳир ва урафо ва ҳунармандон (шолбоф, бофанда, сафолгар ва хушнавис)-и чирадаст буданд ба Кашмир омад ва дар онҷо нуфузи зиёде ба даст овард
Ишон ҳам ба мисли мутафаккирони дигар, ки бештари умрашон дар мусофират сипарӣ мешуд, марди ғариб буд, зимни сафарҳояш ба мамолики Макка ва Мадина, Ҳинду Покистон, Миср ва Осиёи сағир, Осиёи Миёна ва кишварҳои олам, бо афроди гуногун аз ҷиҳати илму фарҳанг, дину мазҳаб, расму оини гуногун дидор дошта аз сӯҳбати олимони бузурги муосири худ файзи бисёр бурда буд.
Ҳадафи мусофиратҳо
Тарвиҷи дини мубини Ислом ва таблиғу анҷоми вазоифи илоҳӣ ва инсонӣ ҳадафи муқаддас буд, ки Ҳамадонӣ дар сафарҳояш бо саъю талош дунболи он буд ва меҳварҳоеро барои амалӣ сохтани он дар пеш гирифт: тадриси маорифи исломӣ ва усули эътиқодӣ, тарбияти шогирдоне, ки ҳар кадом мубаллиғи донишвар буданд, ташкили маҷолиси ваъз ва хитоба, барпо кардан ҳавзаҳо барои таҳзиби нуфус ва рӯиши фазоили ахлоқӣ, омӯзиш додан ба мубаллиғону воизон ва эҷоди созмони васеъ ва муназзам барои расондани паёми тавҳид ба толибони ҳақиқат, эҳтимом ба эҳёи унсури ҳаётии амр ба маъруф ва наҳй аз мункар ва мубориза бо мафосид.
Ӯ ҳокимону волиёнро роҳнамоӣ мекард ва ононро ба адлу инсоф ва риояти қавонини динӣ фаро мехонд, сохти масҷиду мадраса ва таъсиси китобхона аз ҷумла кӯшишҳои ӯ буд.
Ғалаба бар раҳбарони фирқаҳои ғайри мусулмон дар мақоми мубоҳиса бо ҳуҷҷатҳои қавӣ, мантиқӣ ва илҳомгирифта аз Қуръон, сираву суннати набавӣ ва пешвоёни ҳидоят, ироаи намунаи айнӣ ва комил аз ахлоқи исломӣ ва бурузи хислатҳое чун шуҷоат, истиқомат, қотеъият, иродаи қавӣ, ҳиммати фавқулода, сароҳати лаҳҷа, зӯҳд ва қаноат, нон хӯрдан аз дастранҷи хеш, фидокорӣ ва муқаддам доштани дигарон бар худ, вақфи дороиҳои хеш барои кӯмак ба ниёзмандони ҷомеа ва низ эҳёи маконҳои мазҳабӣ ва таблиғӣ, таълиф ва таснифи даҳҳо китоб ва рисола дар мавзӯъоти гуногуни улуми исломӣ аз вижагиҳо ва иқдомоти он бузургвор аст.

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти