Please update your Flash Player to view content.
Хӯроки нисфирӯзии имом Хумайнӣ як ғизои эронӣ ба номи обгӯшт (шӯрбо) буд ва ин ҳамон ғизое буд, ки дар он рӯз дигарон ҳам аз он мехӯрданд. Оятуллоҳ Хумайнӣ бар сари суфрае, ки ба ғайр аз эшон ҳамсар, писар, келин ва набераҳояшон буданд, нишаста ва баъд аз бар забон овардани номи Худо миқдори каме ғизо хӯрд. Муддати ғизо хӯрдани эшон дақиқан ҳафт дақиқа ва чиҳил сония буд ва баъд зуд ба ҳуҷраи кораш рафт.
Ман ду сол пеш як бор муваффақ шудам, ки хӯрок хӯрдани нисфирӯзии «Поп»-ро ҳам ба чашм бубинам. Ғизоҳои гуногуне, ки барои эшон омода карда буданд бар рӯи мизе ба дарозии 12 метр ва ба паҳнии 2/5 метр чида шуда буд. Ҳеҷ навъ ғизои италияӣ набуд, ки бар рӯи ин миз набошад ва он вақт ҳазрати Поп бар сари ин миз ба танҳоӣ ғизо хӯрданд. Муддати ғизохӯрии эшон як соат ва панҷоҳ дақиқа буд ва баъд боқимондаи ҳамаи ғизои эшон, он тавр ки ман фаҳмидам, нобуд карда шуд.
Хотираи хабарнигори рӯзномаи фаронсавӣ, Бардоштҳое аз сираи имом Хумайнӣ, ҷ.2, саҳ.79
Дар асари ҳузури миллионии мардуми мусулмони Эрон бар зидди шоҳ ва безорӣ аз ҳукумати меросӣ ва ситамкори шоҳӣ ва талаби барпоии ҳукумати исломӣ рӯзи 25 январи 1979 шоҳи Эрон маҷбур шуд кишварро барои ҳамеша тарк кунад ва бигурезад ва рӯзи 1 феврали 1979 имом Хумайнӣ аз Порис ба Теҳрон баргашт ва 5 миллион нафар аз ӯ истиқбол карданд ва рӯзи 11 феврали 1979 пирӯзии Инқилоби Исломии Эрон эълон шуд. Аз замони омадани имом Хумайнӣ то эълони пирӯзӣ 10 рӯз гузашт. Дар Эрон ин даҳ рӯзро "Даҳаи Фаҷри Инқилоби Исломии Эрон" меноманд ва ҳар сол ҷашн мегиранд ва онро бузург медоранд. Чиҳил сол аз умри Инқилоби Исломии Эрон мегузарад. 1979-2019

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти