Please update your Flash Player to view content.

Хоҷа Исҳоқ ибни Амир
Вай аз хонадони Алишоҳиёни Хатлон аст, ки соҳиби нуфуз ва эътибор будаанд. Ӯ чунон тарбият ёфт, ки дар радифи аввали пайравони Ҳамадонӣ ҷо гирифт ва ба ифтихори домодии Сайид низ расид. Ӯ дар бисёре аз сафарҳо аз ҷумла дар сафари севуми Ҳамадонӣ ба ҳаҷ, вайро ҳамроҳӣ намудааст. Хоҷа Исҳоқ беш аз панҷоҳ сол, дар мақоми иршод ва тарбияти ҷамъе касир машғул буда ва ду сайиди донишманди мутабаҳҳир яке Мир Сайид Абдуллоҳ ва дигаре Мир Сайид Муҳаммад Нурбахш, пайрави вай шудаанд. Дар қиёме, ки Нурбахш тартиб дод, лашкариён Шоҳрух Мирзои Темурӣ ба дастури шоҳ тасмим мегиранд онро саркӯб созанд. Дар ин моҷаро, иддае, ба хусус ду писари хоҷа Исҳоқ кушта мешаванд. Бархе, ки мулозими Шоҳрух будаанд ва бо хоҷа Исҳоқ кинаи кӯҳна доштаанд мегӯянд: Сайид Муҳаммад Нурбахш айбдор нест ва ҳамаи ин нақшаҳоро хоҷа Исҳоқ тарроҳӣ кардааст. Пас ӯро дастгир мекунанд ва ба баҳонаи воҳӣ ҳукми қатлашро содир мекунанд ва дар Рамазони соли 828 ҳ.қ. дар Балх дар синни 96 солагӣ ба шаҳодат мерасад.
Қозӣ Нуруллоҳи Шӯштарӣ ӯро дар зумраи содоти шаҳид баршумурдааст.
Шайх Ҳоҷӣ ибни Тӯтии Алишоҳи Хатлонӣ
Вай аз Сайид, кисвати футувват гирифта ва рисолаи «Футувватнома»-ро Ҳамадонӣ барои ӯ навиштааст. Муддати се моҳ Ҳамадонӣ дар манзили вай, дар Хатлон, иқомат гузид ва ӯ дар ин муддат аз файзи мусоҳибат бо ин орифи зоҳид баҳраманд гардид.
Дигар шогирдон
1. Хоҷа Абдуллоҳ ибни шайх Рукнуддини Шерозӣ , ки бо Ҷаъфари Бадахшӣ ва бародараш дар хидмати Ҳамадонӣ будаанд.
2. Бурҳонуддин фарзанди Абдуссамади Бағдодӣ, ки китоби «Сияри толибин»-и устоди худро гирдоварӣ намуд. Ӯ шореҳи ҳадиси «ман арафа нафсаҳу» ба унвони рисолаи "Маърифат" аст.
3. Шайх Муҳаммад Араб, ки ба Шомӣ маъруф будааст.
4. Шайх Қивомуддини Бадахшӣ, бародари Нуруддин Бадахшӣ.
5. Алоуддини Ҳисорӣ, ки Сайид дар борааш гуфтааст: Агарчӣ хотири хешро аз амёл ва ҳавоҳои нафсонӣ соф карда, аммо ҳанӯз аз худ берун наёмадааст.
6. Бобо Кокои Шерозӣ. Вай гуфтааст: Чун ба Мовароуннаҳр омадам овозаи Мир Сайид Алии Ҳамадониро шунидам, пас қасди зиёраташ карда ба хидматаш мушарраф гаштам дидам, ки соҳиби камолоти хубе аст, пас маро таълими илм дод ва тарбиятам кард, бад-ин гуна мусоҳибати ӯро муғтанам шумурдам.
7. Шайх Шамсуддини Бадахшӣ (Хатлонӣ), ки Сайид, мақоми ирфонии ӯро сутудааст. Ӯ дар сафари севуми Сайид Алӣ аз Хатлон ба Ҳиҷоз , ҷузви ҳамроҳонаш будааст.
8. Амир Сайид Муҳаммади Толиқонӣ (Тоҷикистонӣ), муаллифи китоби силсилаи номаи Нурбахшия.
9. Шайх Зайнулобидини Нишопурӣ,
10. Шаҳромшоҳ Хунсӣ,
11. Муҳаммадсарои Истӣ ё Унсӣ
Вай сарояндаи ҳамон модаи таърихи реҳлати Сайид аст, ки дар болои «сардар»-и хонқоҳи шоҳи Ҳамадон «дар Сарингари Кашмир» навишта шудааст.
12. Мир Сайидҳусайн Симнонӣ, ки Сайид Алӣ дубор ӯро ба Кашмир равона кард то аз аҳволу авзои он сомон иттилооте ба даст оварад. Тазкиранависон ӯро марде фозил, ориф, соҳиби каромот ва бонуфуз муаррифӣ кардаанд. Сайидҳусайн бо тамоми хешовандон ва бастагон ба Кашмир муҳоҷират намуд ва дар онҷо раҳли иқомат афканд. Ӯ дар тарбият ва роҳнамоии орифи маъруфи Кашмир Нуруддин Рашӣ 779-842 ҳ.қ. саҳми сазовор доштааст. Муддате пас аз вуруди ӯ ба Кашмир, писараш мир Сайидҳусайн Баҳодури Симнонӣ ва бародарзодааш мир Сайид Ҳайдари Симнонӣ вориди ин сарзамин шуданд ва дар фаъолиятҳои фарҳангӣ- таблиғии ин ноҳия нақши муҳиммеро ба ӯҳда гирифтанд.
13. Сайид Ашраф Ҷаҳонгир, фарзанди Сайид Муҳаммадиброҳими Симнонӣ. Вай аз ёрон ва шогирдони ориф Ҳамадонӣ аст ва дар мусофирати дувуми устодаш бо ӯ будааст. Сайид Ашрафро ба ин ҷиҳат Ҷаҳонгир гӯянд, ки аз сайёҳони бузурги аҳли ирфон аст. Вай дар ноҳияи Банголи ҷануби Ҳинд хадамоти арзандаи таблиғии худро шурӯъ кард. Ӯ яке аз бузургони соликони шибҳи қорраи Ҳинду Покистон аст ва китобе ба номи «Латоифи Ашрафӣ» дорад, ки дар он менависад: Сайид Алии Ҳамадонӣ ба иттифоқи ӯ дар Шероз, меҳмони хоҷа Ҳофиз будаанд.
Манобеъ
1. Се ҷараёни муҳимми фикрӣ дар ҷомеаи суннатии Эрон (ҳикмат, калом, ирфон)» -навиштаҳои фалсафӣ ва иҷтимоӣ
2. Равзотулҷинон, муқаддимаи шарҳи Муродоти Ҳофиз.
3. Шиа дар Ҳинд, Сайид Аббос Атҳар Разавӣ, аҳвол ва осори Сайид Алӣ Ҳамадонӣ.
4. Алфусулулфахрияти фи усулилбириятӣ, Сайид Ҷамолуддин Аҳмад
5. Ташайюъ ва тасаввуф
6. Фарҳанги Эронзамин
7. Мураввиҷи Ислом дар Эрони сағир
8. Доиратулмаорифи ташайюъ, зайли Амир Сайид Алии Ҳамадонӣ
Таҳияи С. Ҳ.

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти