Please update your Flash Player to view content.
Ҳамадонӣ дар Эрон, Осиёи марказӣ ва ҷанубӣ шогирдон ва пайравони зиёде дошта, ки мутаасифона, аз бархе, ҷуз исм чизе боқӣ намондааст. Дар зайл ба муаррифии иҷмолии иддае аз тарбиятёфтагони мактаби ӯ мепардозем:
Нуруддин Ҷаъфар Растоқи Бозори Бадахшӣ
Нуруддин фозилтарин ва барҷастатарин муриди Ҳамадонӣ аст. Ҳангоме ки Сайид дар Хатлон ба сар мебурд Нуруддин зимни истифода аз маҳзари илмӣ ва ирфонии ӯ, аз ахлоқ ва рафтори устодаш, матолибе фароҳам намуд ва онро бо унвони «Хулосаи маноқиб» ба ришта таҳрир даровард. Ӯ дар ин асар аҳволу авсоф ва бархе суханон ва осори Сайидро зикр кардааст. Нуруддин дар хусуси чигунагии ошноии худ бо он орифи вораста мегӯяд: Дар соли 773 ҳ.қ. ба Хатлон ва ба маҳаллаи Алишоҳ рафтам ва дар он макон иқомат намудам. Соли баъд, ки Сайид ба ин ободӣ омад ва дар манзили Ахӣ Ҳоҷӣ иқомат намуд, бо ӯ ошно шудам. Пас аз чанд рӯз, Сайид бо чанд нафари дигар ба ҳуҷраи инҷониб омаданд ва ман саволоте кардам, ки эшон бо маонии латиф ва ибороти шариф, матолибе баён кард, ба тавре ки дар аъмоқи дилам ҷой гирифт ва маҷзуби ҳолоташ шудам. Онгоҳ пас аз зиёрат ва намоз дар гунбади Алишоҳ боз ба ҳуҷраи ин ҳақир омаданд. Бадахшӣ мегӯяд: Дар айёми мусоҳибати пурфоида бо Сайид, ҳар чӣ дар хотирам меомад, бароям ошкор менамуд ва агар маслиҳати изҳор набуд, ба ишорат ё башорат маро огоҳ мекард. Бадахшӣ мухотаби бархе аз номаҳои Сайид ҳам ҳаст ва дар яке аз ин навиштаҳо, Сайид, ки зоҳиран дар фанни табобат ҳам маҳорат дошта, ба вай тавсияи муолиҷаи бемориашро намудааст.
Соҳиби «Мастурот» менависад Ҳамадонӣ, Ҷаъфари Бадахширо бисёр дӯст дошт ва худи Ҷаъфар низ ин мавзӯъро таъйид мекунад. Ӯ бо нишон додани истеъдоди дурахшони худ, таҳаммули заҳамот ва имтиҳонҳои зиёд, дар зумраи муридони Ҳамадонӣ пазируфта шудааст. Маҳалли таваллуди вай «Растоқбозор» дар ғарби Бадахшон аст, вале ӯ то соли 773 ҳ.қ. ба Хатлон нақли макон карда ва ғолибан дар ин ноҳия, авқоти хешро сипарӣ менамуд то ин, ки дар 16 Рамазони 797 ҳ.қ. дар 57 солагӣ дори фониро видоъ гуфтааст.

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти