Please update your Flash Player to view content.

5. Хоҷа Қутбуддин Яҳё Ҷомии Нишопурӣ
Ӯ аз асҳоби Алоуддавлаи Симнонӣ, шайх Сафиюддини Ардабилӣ ва шайх Шарафуддини Даргузинӣ аст. Ҳамадонӣ дар маҷмаи олимоне, ки ба он ишора кардем, аз аҳодиси вай баҳра бурдааст. Вай рӯзи 22 Ҷимодиссонии соли 740 ҳ.қ. ба сарои боқӣ шитофт ва дар Фирӯзободи Ҳирот дафн гардид.
6. Шайхулислом Шарафуддини Даргузинӣ
Вай аз бузургони аҳли ҳадис ва ирфон аст ва бо шайх Алоуддавлаи Симнонӣ маънус будааст. Ин олими муҳаддис аз машоихи Ҳамадонӣ будааст.
7. Низомуддини Яҳё Ғӯрӣ
Сайид барои мулоқоти ӯ, ба Табрез рафт ва шогирдӣ кард ва аз ӯ иҷозаи шифоҳӣ ва катбӣ дарёфт намуд. Ин олими бузургвор дар маҳаллаи Сурхоби Табрез мадфун аст.
8. Шайх Рукнуддин Сайид Ҳабашӣ
Ишон аз орифоне аст, ки Сайид бо ӯ мулоқот дошта ва аз вай истифода намудааст. Бино ба нақли Ҳайдари Бадахшӣ дар китоби «Манқабати ҷавоҳир» ин марди ориф дар рӯъёи содиқ аз ояндаи дурахшон ва низ дараҷоти маънавии Ҳамадонӣ аз таваллуди Расули Акрам (с) огоҳӣ пайдо кардааст.

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти