Please update your Flash Player to view content.

3. Шайх Наҷмуддин Муҳаммад ибни Муҳаммад
Вай (таваллуд 695 ҳ.қ.) аз муҳаддисон ва орифон аст. Ҳамадонӣ наздаш ҳадис хонда ва аз вай иҷозати ривоят дарёфт намудааст. Ин шахсияти бузургвор аз асҳоби Шамсуддин Муҳаммад ибни Ҷамоли Хуросонӣ аст, ки дар сол 788 ҳ.қ. дори фониро видоъ гуфт ва дар яке аз ободиҳои Исфароин ба хок супорида шуд.
4. Шайх Алоуддавлаи Симнонӣ
Тазкиранависон номашро Абулмакорим Рукнуддини Алоуддавла Аҳмад ибни Муҳаммади Биёбонакии Симнонӣ навиштаанд, дар Зилҳиҷҷа соли 659 ҳ.қ. дар Симнон дида ба ҷаҳон кушод. Падараш аз сӯи Арғуншоҳи Муғул (690-683 ҳ.қ.), ҳокими Ироқи Аҷам ва амӯяш вазири ӯ буд. Алоуддавла дар понздаҳсолагӣ дар пайи як илҳом, ба сӯи ҳикмат ва ирфон рӯй овард ва ба ҳамин далел хидмат дар ҳукуматро тарк намуд ва аз Симнон ба Бағдод рафт ва дар дарси Нуриддин Абдурраҳмони Исфароинӣ (м. 717 ҳ.қ.) ҳозир шуд. Кӯшиши дарбориён ва риҷоли Арғуншоҳ барои бозгашт вай ба дарбори муғул бефоида буд. Ӯ пас аз зиёрати амокини муқаддаси Макка ва Мадина, мадрасае дар Симнон бино кард. Алоуддавла пешгоми мухолифат бо назарияи ваҳдати вуҷуди Ибни Арабӣ буд ва китобҳое дар мавриди назарияи худаш, ки «ваҳдати шуҳуд» ном дошт нигошт. Ҷазабаи ҳолоти маънавӣ дар рафтору ҳолоти ӯ асар гузошт ва аз ин ҷиҳат дороии хешро байни мустамандон тақсим намуд ва ба ибодат ва тазкия пардохт. Вай мукаррар мегуфт: Эй кош, тарки мулозимати султон намекардам ва бо нуфуз дар ташкилоти ҳукуматӣ аз ранҷдидагон ва мазлумон дифоъ менамудам. Нуфузи маънавии ӯ дар давроне, ки ба ирфон рӯй овард, дар ҳадде буд, ки султон Абӯсаид ба ӯ илтиҷо кард ва ӯ дар боби вай назди султон васотат намуд, зеро сиояти душманон равобити Абӯсаид ва ин фардро тира сохта буд. Алоуддавлаи Симнонӣ ба ҳифзи шариат пойбандии тамом дошт. Ин орифи муташарреъ дар тарбият ва таълими Ҳамадонӣ нақши муассир дошт. Қабл аз фавти Симнонӣ, вай ва Сайид Муҳаммадашрафи Ҷаҳонгири Симнонӣ, маҳалли иқомати устоди хешро, ки Сӯфиободи Симнон буд тарк карданд ва озими Ҳинд шуданд.
Симнонӣ дар 22 Раҷаби 736 ҳ.қ. даргузашт. Мазораш дар Симнон яке аз зиёратгоҳҳои ин шаҳр аст. Шайх Алоуддавлаи Симнонӣ аз тарафи модар бо нуздаҳ восита ба ҳазрат Алӣ (а) мансуб аст.

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти