Please update your Flash Player to view content.
Даромад
Дар бораи устодони Ҳамадонӣ ҳофиз Карбалоӣ ба нақл аз рисолаи «Анисуссоликин» мефармояд: «Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар сафари худ се мартаба ҷаҳонро гаштааст ва ҳазору чаҳор сад васӣ ва чаҳор нафар аз авлиёи Худоро зиёрат карданд. Сиву чаҳор тан аз он авлиё барои он ҳазрат, иҷозати иршоди гуфторӣ ва навишторӣ додаанд ва хирқаи такмил пӯшондаанд» Муридони Ҳамадонӣ ду дастаанд: «муридони муқим», ки ҳамеша дар хонқоҳ иқомат доштаанд ва «муридони мусофир», ки меомаданду мерафтанд. Иқомати хонқоҳи «Сайид Алӣ» дар даврони муридии вай, чандон тул накашида ва тоза дар ин даврон боз ҳам «мусофир» будааст. Пас аз он бояд гуфт, ки дар воқеъ, «сӯфии сайёҳ» шуда ва ба ҳамин сабаб мурид намепазируфтааст. Худи ӯ гӯяд: «Ба он сабаб, ки ман ба сафар машғул будам ва (мурид намепазируфтам) чун мурид қабул карда мешуд, сокин бояд шуд ва ба иршод машғул гардид.»
Устодони Ҳамадонӣ
Мураббии ӯ дар синни хурдсолӣ, тағоияш Сайид Алоуддин будааст. Ҳамчунин олими парҳезкор, аммо гумном бо роҳнамоии тағоияш дар дувоздаҳсолагӣ ба Ҳамадонӣ муқаддамоти маорифи ирфониро таълим медодааст. Ҳамадонӣ аз маҳзари устодони бисёре баҳра бурд, ки иборатанд аз:
1. Шайх Маҳмуди Маздақонӣ
Шайх Шарафуддин Абулмаолӣ Маҳмуд ибни Абдуллоҳи Маздақонии Розӣ (761-698 ҳ.қ.) Маздақон шаҳре байни Ҳамадон ва Сова аст. Вай аз тариқи Алоуддавлаи Симнонӣ ба равиши ирфони Наҷмуддини Кубро алоқа пайдо мекунад.
2. Ахӣ Алидӯст
Шайх Тақиюддин Абулбаракот Ахӣ Алидӯсти Симнонӣ аз асҳоби хосси Алоуддавлаи Симнонӣ аст. Дар манобее, ки дар дастрас буд ба таърихи таваллуд ва замони реҳлати ӯ ишорае нашудааст. Шайх Алоуддавла дар ҳаққи ӯ илтифот ва муҳаббати вофир дошт ва хитоб ба Абдулғафур Абҳарӣ, ки гоҳе ба мулоқоти Алӣ меомад гуфт: Ӯ инсоне аст, ки ғам аз дилам бардорад ва бар ӯ эътимод дорам, итминон ёфтам, ки толибони маърифатро саргардон намекунад. Замони мусофирати Ҳамадонӣ ба Симнон ва шогирдӣ дар хидмати Ахӣ Алӣ пас аз соли 736 ҳ.қ. буда, аммо мушаххас нест чӣ муддате дар ин ноҳия ба сар бурда ва пас аз он ба Ҳамадон баргаштааст. Ҳамадонӣ дар муаррифии ин орифи сутудахисол мегӯяд: Дар муддати истифода аз маҳзараш мушоҳида мекардам вақте аз дарсу баҳс фориғ мегардид, ба умуре, ки маслиҳати динӣ ё масолеҳи мардум дар он нуҳуфта буд машғул мешуд. Сифати исор аз малакоти рӯҳии ӯ буд. Ҳар сол маҳсулоте ба дасти худ кишт ва бардошт ва бо дасти хеш байни мардум тақсим менамуд. Рӯзе, ки Ҳамадонӣ барои худоҳофизӣ бо Ахӣ Алӣ назди ӯ рафт, мушоҳида кард он орифи вораста сар бар зону ниҳода, вадиъаи ҷон ба қобизи арвоҳ супоридааст бинобар ин истирҷоъгӯён аз онҷо берун меояд ва ин хабари ҷонсӯзро ба дигар шогирдон мегӯяд. Онон расми иродат ба ҷой оварда ва ба таҷҳизу такфин эҳтимом меварзанд ва шайхро дар маҳаллае аз Симнон дафн менамоянд. Ҳамадонӣ пас аз ин, ки бо фуқдони чунин мураббии дилсӯз рӯбарӯ мегардад, бори дигар ба маҳзари шайх Маҳмуди Маздақонӣ меравад. Шайхи мазкур сайидро ба саёҳат амр мекунад ва худ дар Ҳамадон буда то он ки соли 761 ҳ.қ. дар синни 61 солагӣ ба ҷавори раҳмати эзади мепайвандад.
М. Расулӣ

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти