Please update your Flash Player to view content.
Хусусиятҳои ахлоқӣ, зӯҳд ва тақвои имом Ризо(а) ба гунае буд, ки ҳатто душманони хешро низ шефта ва маҷзуби худ карда буд. Бо мардум дар ниҳояти адабу тавозӯъ ва меҳрубонӣ рафтор мекард ва ҳеҷ гоҳ худро аз мардум ҷудо наменамуд. Чанд намунаи онро пешкаши шумо менамоем то бо донистани он аз Худо тавфиқи амал бихоҳем!
Яке аз ёрони имом мегӯяд: "Ҳеҷ гоҳ надидам, ки имом Ризо (а) дар сухан бар касе ҷафо варзад ва низ надидам, ки сухани касеро пеш аз тамом шудан қатъ кунад. Ҳаргиз ниёзмандеро, ки метавонист ниёзашро ҳал кунад рад дар ҳузури дигарӣ пояшро дароз намекард. Ҳаргиз надидам ба касе аз хидматкоронаш бадгӯӣ кунад. Хандаи ӯ қаҳқаҳа набуд, балки табассум дошт. Чун суфраи ғизо ба миён меомад, ҳамаи афроди хона ҳатто дарбон ва меҳтарро низ бар сари суфраи хеш менишонд ва онон бо имом ғизо мехӯрданд. Шабҳо кам мехобид ва бисёре аз шабҳоро ба ибодат мегузаронд. Бисёр рӯза мегирифт ва рӯзаи се рӯз дар ҳар моҳро тарк намекард. Кори хайр ва инфоқи пинҳонӣ бисёр дошт. Бештар дар шабҳои торик, махфиёна ба фақирон кӯмак мекард."
Яке дигар аз ёрони эшон мегӯяд: "Фарши он ҳазрат дар тобистон бурё ва дар зимистон палос буд. Либоси ӯ дар хона дурушт ва хашин буд, аммо вақте дар маҷолиси умумӣ ширкат мекард, худро меорост (ва либосҳои хуб ва мувофиқи урф мепӯшид).
Шабе имом меҳмон дошт. Дар миёни сӯҳбат чароғ эроде пайдо кард. Меҳмони имом даст пеш овард то чароғро дуруст кунад, аммо имом нагузошт ва худ ин корро анҷом доду фармуд: "Мо гурӯҳе ҳастем, ки меҳмонони худро ба кор намегирем."
Шахсе ба имом гуфт "Ба Худо савганд, ҳеҷ кас дар рӯи замин аз ҷиҳати бартарӣ ва шарофати аҷдод, ба шумо намерасад." Имом фармуд: "Тақво ба онон шарофат дод ва итоати Парвардигор, ононро бузургвор сохт."

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти