Please update your Flash Player to view content.

Зинда нигаҳ доштани паёму хотираи қиёму шаҳодати мазлумонаи имом Ҳусейн (а) ва ёрони бовафои ишон, тасаллӣ додан ба корвони асирон, расво кардани чеҳраҳои нифоқу финояткор ва водор кардани неруҳои душман ба фикр кардан дар бораи оқибати фоҷеа то пушаймон шаванд ва ба ҳақ баргарданд аз ҷумла талошҳои ҳазрати Зайнаби Кубро(рз) дар саҳнаи Ошуро буд, ки ба шоистагӣ онро анҷом дод. Инак ду намуна аз он пешкаши шумо мегардад.
Вақте корвони асирони Карбалоро аз канори ҷасадҳои бесару парокандаи шуҳадои Карбало мегузаронданд ҳазрати Зайнаб забон боз карду чунин дарди дил кард: Во Муҳаммадо! Бар ту малоикаи осмон дуруд мефиристад. Ин Ҳусайн аст бо хун оғӯшта, бо аъзои қитъа-қитъа. Ин духтарони ту ҳастанд, ки асиранд. Фарзандони ту кушта шуданд ва бод ба онҳо мевазад, тавре ки дӯсту душман гиря мекунанд.
Дар маҷлиси Ибни Зиёди палид вақте сари муқаддаси имом Ҳусайнро оварданд онро бӯсид ва дар домани хеш гузошту гуфт: Во Ҳусайно! Ман ҳаргиз фаромӯш намекунам ва нахоҳам кард, ки лашкари куфр бо Ҳусайн бо найзаҳо чӣ карданд ва аз ёд намебарам, ки ҷанозаашро дар Карбало рӯи хок раҳо карда дафн нанамуданд. Ӯро ташна куштанд. Худованд ҳеҷ вақт Карбалоро сероб накунад.

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти