Please update your Flash Player to view content.

Имом Ҳусейн(а) дувумин фарзанди ҳазрати Алии Муртазо ва Фотимаи Заҳро(а) аст, ки дар рӯзи севуми Шаъбони соли чоруми ҳ.қ. дар Мадина чашм ба ҷаҳон кушод.
Расули Худо ҳазрати Муҳаммади Мустафо(с) номи мавлуди хуҷастаро Ҳусейн гузошт. Паёмбари Аъзам(с) ба имом Ҳасан ва имом Ҳусейн алоқа ва меҳри зиёд дошт ва бештари вақт онҳоро дар домони пурмуҳаббати худ парвариш медод. Расули Худо(с) ба онон меҳр меварзид ва онҳо дӯст медошт ва ба дигарон ҳам супориш мекард ва он дуро нури чамш ва сарвари ҷавонони аҳли биҳишт номид. Ҳазрати Расули Акрам(с) дар бораи имом Ҳусейн(а) фармуд: Ҳусейн аз ман аст ва ман аз Ҳусейнам. (Тирмизӣ)
Имом Ҳусейн(а) ба Сайидушшуҳадо, Абӯабдиллоҳ ва Соруллоҳ маъруф аст.
Шаш соли аз ширинтарин даврони ҳаёти худро дар канор ва домони бобояш Расули Худо(с) гузаронд.
Ҳудуди се моҳ аз реҳлати ҷонсӯзи ҳомӣ ва бобои меҳрубону ягонааш нагузашта буд, ки модари меҳрубону беназираш сарвари занони олам ва биҳишт ҳазрати Фотима Заҳроро аз даст дод.
Ӯ дар сояи падари бузургвораш Алии Муртазо бузург шуд ва даврони 25 солаи баъд аз реҳлати Расули Худо(с) то замони хилофати падари гиромияшро бо падар ва бародараш имом Ҳасан ҳамроҳ буд ва таҳаммул кард.

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти