Please update your Flash Player to view content.

Номаи Имом Ҳусейн(а) ба Бани Ҳошим дар Мадина
Имом Ҳусайн(а) номае барои бародараш Муҳаммади Ҳанафия фиристод ва дар ин нома навишт:
بسم الله الرحمن الرحيم. من الحسين بن علي الي محمد بن علي و من قبله من بني هاشم. اما بعد فان من لحق بي استشهد و من تخلف لم يدرك الفتح. و السلام .
Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон. Аз Ҳусейн ибни Алӣ(а) ба Муҳаммади Ҳанафия ва касоне аз Бани Ҳошим, ки назди вай ҳастанд. Ҳар кас ба ман напайвандад, пирӯзиро дарк нахоҳад кард, вассалом .
Савол
Мақсуди Имом Ҳусайн(а) аз ин ки фармуд: “Ҳар кас аз ҳамроҳии ман худдорӣ варзад, ба фатҳу пирӯзӣ даст нахоҳад ёфт" чист?
Ҷавоб
Бояд гуфт: Агар ин каломи Имом Ҳусайн(а)-ро бо дигар суханони эшон дар тули сафар аз Мадина то Карбало бисанҷем ба ду эҳтимол мерасем:
1. Ин ки бозмондагон пас аз шаҳодати ман ба оромиш ва хушии дунё намерасанд ва ҳар рӯз ба мушкилоти зиёде рӯ ба рӯ мешаванд. Ҳамон гуна ки мардуми Мадина пас аз воқеаи Карбало ба бало ва фитнаи ҳуҷуми лашкари Язид бо фармондеҳии Муслим ибни Уқбаи ҷинояткор гирифтор шуданд, ки бо номи ҷанги Ҳарра машҳур аст.
Бинобар ин агар мардуми Мадина ва дигарон даъвати имом Ҳусайн(а) мепазируфтанд ва ҳамроҳи ҳазрат мешуданд ҳаргиз Язид ибни Муовия наметавонист баъд ба Мадина, ҳарами Паёмбари Аъзам(с) ва Аҳли байти ҳазрат(с), ҳамла ва таҷовуз кунад ва фоҷеаи талх ва ғамангезеро ба вуҷуд биёрад.
2. Ин ки агар фикр мекунанд бо наҳзати имом Ҳусейн(а) ҳамроҳ намешаванд ва сабр мекунанд, то шароит ва заминаи ғалаба ва пирӯзии зоҳирӣ бар ҳукумати Язид ибни Муовия фароҳам шавад, иштибоҳ мекунанд. Язиде, ки имрӯз пояҳои ҳукуматаш ларзон аст, агар шикаст нахӯрад қатъан пас аз чанд соле, ки мустаҳкам шавад, шикаст доданаш сахттар мешавад. Пас вазифаи ҳама дар ин шароит қиём дар муқобили Язид аст ва пирӯзии ниҳоӣ бо ҳақ аст ва ҳақ ҳамеша пирӯз аст. Пас ҳама бидонанд: “Ҳар кас аз ҳамроҳии ман худдорӣ варзад, ба фатҳу пирӯзӣ даст нахоҳад ёфт."

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти