Please update your Flash Player to view content.
Даромад
Бешак таърихи Ислом занони қаҳрамоне дорад, ки дар ҳаводиси муҳим нақши сарнавиштсоз дошта ва сармашқу улгуи хубе барои мардону занони мусулмон шудаанд. Ошноӣ бо ҳаводис ва нақши онҳо навъе арҷгузорӣ ба хадамот ва фидокорӣ ва шиносондани онон ба насли имрӯз, ки ниёзманди улгугирию фидокорӣ ва иҷрои нақшҳои муассир ва мондагор дар роҳи арзишҳо ва муқаддасот аст.
Ҳазрати Зайнаб (рз) яке аз занони қаҳрамон ва фидокор аст, ки нақши муҳимме дар расондан ва зинда нигаҳдоштани паёми қиёми Карбало ва посдороӣ аз хуни шуҳадо дорад. Ин бонуи бузургвор дар зиндагӣ нақшҳои зиёде иҷро кардааст, ки бештарин ва муҳимтарини он дар ҳодисаи Ошуро ва Карбало будааст, ки ҳар кадом аз он нақшҳо ёдовари мароҳили талху ширин ва мусибатҳову муваффақиятҳо аст. Дар ин навиштор ба сурати мухтасар бо шахсият ва нақшҳои ҳазрати Зайнаб бинти Алӣ (а) дар Карбало ошно мешавем.
Ошноӣ бо ҳазрати Зайнаб(рз)
Ҳазрати Зайнаб духтари ҳазрати Алии Муртазо аз Фотимаи Заҳро дар соли шашуми ҳиҷрӣ ба дунё омад. Расули Худо(с) дар он ҳангом аз фавти духтараш Зайнаб хеле нороҳат буд, ки Зайнаб духтари Алӣ ба дунё омад.
Ӯ панҷ сола буд, ки Расули Худо аз дунё рафт. Баъд аз камтар аз се моҳ аз реҳлати Расули Худо(с) модари меҳрубону ғамхорашро аз даст дод. Ин мусибатҳо барои духтари 5-6 сола хеле сахт ва ногувор буд.[1]
Ҳазрати Зайнаб дар дувоздаҳ-сездаҳсолагӣ (18-19 ҳ.қ.) бо писарамакаш Абдуллоҳ ибни Ҷаъфари Тайёр издивоҷ кард. Фарзандони ӯ ба номҳои Алӣ, Авни Акбар, Аббос, Муҳаммад ва Умми Кулсум буданд.[2]
Дар сивучорсолагӣ (40 ҳ.қ.) шоҳиди шаҳодати падари бузургвораш алӣ ибни Абитолиб буд.
Соли 49 ҳ.қ. бародари бузургаш имом Ҳасани Муҷтабо (рз) бо заҳри кини душмани дун ба шаҳодат расид.
Вақте имом Ҳусейн ибни Абитолиб бародари бузургвораш аз Мадина берун омад ва ба самти Макка рафт ҳазрати Зайнаб ҳамроҳаш шуд. Ӯ дар панҷоҳупанҷсолагӣ (61ҳ.қ.) дар Карбало ҳузур дошт ва шоҳиди шаҳодати имом Ҳусайн, фарзандони худ, бародарону бародарзодаҳо ва ёрони имом Ҳусейн буд. Баъд аз шаҳодати имом Ҳусейн (а) ва ҳамроҳони ишон бо имом Алӣ ибни Ҳусейн ва занону кӯдакон ба дасти душман асир шуданд ва аз Карбало ба Куфа ва сипас ба Шом бурда шуданд. Дар ин роҳ ва маҷлисҳое, ки бо ҳадафи пирӯзӣ баргузор мешуд ҳазрати Зайнаб ва имом Саҷҷод бо суханронӣ ва огоҳибахшӣ ҳақиқати қиёми имом Ҳусейн ва ҳаққу ботилро баён ва Язиду пайравони ӯро расво мекарданд.
Ин бонуи фидокору ранҷдида дар ниҳоят соли 62 ҳ.қ. ба сӯи ҳақ шитофт[3].
Ин бонуи тарбиятёфтаи хонадони Расули Худо (с) дар қиёми имом Ҳусейн ва ҳодисаи хунини  Карбало нақшҳои зиёдеро бо сарбаландӣ ва дуруст иҷро кардааст, ки зикрашон мояи ифтихор ва умедвории уммати Ислом аст. Дар қисматҳои баъдӣ бо ин нақшҳо ошно мешавем.
[1] Оиша Бинтушшотӣ, Ассайидату Зайнаб, Дорулкутубиларабӣ, Бейрут, саҳ. 23-30.
[2] Табақоти Ибни Саъд, ҷ.8, саҳ.465.
[3] Муртазо Оқотеҳронӣ, Ёрони шайдои Ҳусайн (а), Боқиёт, саҳ.350.

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти