Please update your Flash Player to view content.

Тазкиратулавлиё бо зикри имом Ҷаъфари Содиқ(а) шурӯъ мешавад:
«Он султони миллати мустафавӣ, он бурҳони ҳуҷҷати набавӣ, он омили содиқ, он олими таҳқиқ, он меваи дили авлиё, он ҷигаргушаи анбиё, он ноқиди Алӣ, он вориси набӣ, он орифи ошиқ Ҷаъфари Содиқ разияллоҳу анҳу.
Гуфта будем, ки агар зикри анбиё (а) ва саҳоба ва Аҳли байт кунем китобе ҷудогона бояд сохт. Ин китоб шарҳи авлиёст, ки пас аз эшон будаанд, аммо ба сабаби табаррук ба Содиқ ибтидо кунем, ки ӯ низ баъд аз эшон будааст. Ва чун аз Аҳли байт буд ва сухани тариқати ӯ бештар гуфтааст ва ривоят аз вай бештар омадааст калимае чанд аз он ӯ биёварем, ки эшон ҳама якеанд. Чун зикри ӯ карда шавад аз он ҳама бувад. Набинӣ, ки қавме, ки мазҳаби ӯ доранд, мазҳаби дувоздаҳ имом доранд. Яъне яке дувоздаҳ аст ва дувоздаҳ яке.
Агар танҳо сифати ӯ гӯям, ба забон ва иборати ман рост наёяд, ки дар ҷумла улум ва ишорот ва иборот бетакаллуф ба камол буд, ва қудваи ҷумла машоих буд ва эътимоди ҳама бар вай буд ва муқтадои мутлақ буд. Ҳам илоҳиёнро шайх буд ва ҳам Муҳаммадиёнро имом ва ҳам аҳли завқро пешрав ва ҳам аҳли ишқро пешво. Ҳам ибодро муқаддам, ҳам зӯҳҳодро мукаррам. Ҳам соҳиби таснифи ҳақоиқ, ҳам дар латоифи тафсир ва асрори танзил беназир буд....
Тазкиратулавлиёи шайх Аттори Нишопурӣ
Тазкиратулавлиё китобе ба насри содда ва дар қисматҳое мусаҷҷаъ аз Аттори Нишопурӣ аст. Шайх Аттор шарҳи 72 тан аз авлиё, орифон ва машоихи тасаввуфро бо зикри макорими ахлоқ, мавоиз ва суханони ҳикматомезашон дар ин китоб ба риштаи таҳрир даровардааст.
Шайх Аттор дар навиштани Тазкиратулавлиё аз китоби Кашфулмаҳҷуби Ҳуҷвирӣ ва Табақотуссуфияи Абдурраҳмони Салмо баҳра ҷустааст. Ин китоб дар солҳои охири садаи шашум таълиф шудааст ва нависанда дар он аз касоне чун имом Содиқ(а), Увайси Қаранӣ, Иброҳими Адҳам, Робиаи Адавия, Абӯҳанифа, имом Шофеӣ, Аҳмади Ҳанбал ва Муҳаммади Боқир ёд кардааст.

Назари худро ворид кунед

Коди амнияти
Тоза намудани акси амнияти